Нашрияи Омӯзгор

Об - ганҷи бебаҳо

Сана: 2020-04-02        Дида шуд: 788        Шарҳ: 0

 

Бо ташаббуси Маркази таҳсилоти иловагӣ дар ҳамкорӣ бо бахши бозрасии ҳифзи муҳити зисти минтақаи Кӯлоб бо иштироки директорони марказ, роҳбарони маҳфилҳои фаннии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ вобаста ба татбиқи ташаббуси Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал - “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” конфронси илмӣ- фарҳангӣ дар мавзӯи «Об ганҷи бебаҳо» доир гардид.

Эмомалӣ Саидамиров - директори Маркази таҳсилоти иловагии минтақаи Кӯлоб қайд кард, ки бо шарофати соҳибистиқлолии кишвар ва сиёсати сулҳҷӯёна ва хирадмандонаи роҳбари давлат, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои сатҳи ҷаҳонӣ ва ҳаётан муҳим аз қабили терроризму экстремизм, гардиши маводи мухаддир, норасоии оби ошомиданӣ ва дигар масъалаҳои ба ин монанди муҳим бетараф набуда, пайваста дар ин роҳ ташаббусҳои назаррас нишон медиҳад.

Мудири бахши табиатшиносии МТИ-и минтақаи Кӯлоб Файзулло Гулов дар мавзӯи «Пешниҳодоту ҳидоятҳои Пешвои муаззам ба нафъи аҳли башаранд» сухан карда, аз ҷумла, қайд намуд, ки бо назардошти сиёсати хирадмандонаи Президенти мамлакат ба тамоми ҷаҳон ҳамчун кишвари бофарҳангу соҳибтамаддун муаррифӣ гардида, пешниҳодҳои созандаи давлати мо пайваста аз ҷониби ҷомеаи башарӣ дастгирӣ меёбанд. Боиси сарфарозист, ки аз тарафи СММ Қатънома оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал - “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, қабул гардид. Имрӯз дар ҷаҳон минтақае нест, ки дар масъалаи захираҳои об мушкилот надошта бошад ва ба нақши ин неъмати бебаҳо дар рушди устувор аҳамияти махсус надиҳад. Зеро тамоми самтҳо ва соҳаҳои фаъолияти инсонӣ бо захираҳои об алоқаи зич дорад.

Дар қисмати ҷамъбастии конфронс барномаи фарҳангӣ аз тарафи аъзоёни маҳфили МТИ-и минтақаи Кӯлоб баҳри хотири болидарӯҳии меҳмонон пешниҳод карда шуд.

 

Шариф АБДУЛҲАМИД,

“Омӯзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш