Нашрияи Омӯзгор

Истеъдодҳоро рушд мебахшем

Сана: 2018-06-06        Дида шуд: 744        Шарҳ: 0

Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои шуъбаи маорифи шаҳри Норак тайи 3 сол аст, ки фаъолият дорад ва дар ин муддат ба як қатор комёбиҳо ноил гардидааст.

Марказ дорои 14 синфхона, 1 кабинети компютерӣ ва 14 воҳиди корӣ мебошад. Айни замон 418 хонандаи болаёқат новобаста аз ҷойи истиқомат ва вазъи иҷтимоӣ дар маҳфилҳои забон ва адабиёти тоҷик (бо роҳбарии омӯзгор М.Исмоилов), забони русӣ (Д.Абдуллоева), химия ва биология (Қ.Гиёев), технологияи иттилоотӣ (Д.Назаров), биология ва география (Ф.Саидова), алгебра (Ш.Зардаков), таърих, асосҳои давлат ва ҳуқуқи инсон (Н.Раҳимов), забони англисӣ (Б.Маҳмадаминов) «Ихтироъкорон» (Қ.Урозов) фаро гирифта шудаанд ва ба корҳои эҷодӣ машғул мебошанд. Ҳамаи омӯзгорон тариқи озмун ба марказ ҷалб карда шудаанд.

Инчунин, дар марказ бахши махсуси таълимӣ-илмии эҷодиёти техникӣ (бо роҳбарии омӯзгори  физика Қ.Урозов) ба роҳ монда шудааст, ки зиёда аз 20 шогирди болаёқатро ба ҳам овардааст.

Бо кӯшишу заҳматҳои пайвастаи омӯзгорони марказ тайи 3 соли охир сатҳи сифати дониши хонандагон мунтазам боло меравад.

Аз моҳи октябри соли 2017 то моҳи январи соли 2018 дар даври вилоятии олимпиадаи хонандагон 218 хонандаи фаъоли шаҳри Норак иштирок намуда, 79 хонанда соҳиби медал гардиданд.

Дар даврҳои якум ва дуюми олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни забони русӣ байни кишварҳои ИДМ, ки тариқи шабакаи интернетӣ шуда гузашт, 83 хонандаи фаъоли  марказ иштирок намуда, 22 нафарашон ба даври ниҳоии олимпиада роҳ ёфтанд. Дар даври сеюми олипиадаи мазкур, ки моҳи марти соли равон дар ДДОТ ба номи С.Айнӣ баргузор шуд, 5 хонанда соҳиби ҷойҳои дуюм ва сеюм ва 17 нафар соҳиби сертификат гардиданд.

Дар даври чоруми олимпиадаи даставии мактаббачагон (21 апрели соли равон, шаҳри Душанбе) хонандаи синфи 10 Саъдӣ Одинаев аз химия соҳиби медали нуқра гардид, ки ин дар таърихи маорифи шаҳри Норак дастоварди беназир маҳсуб меёбад.

Рӯзҳои 15-16-уми марти соли равон дар мактаби байналмилалии шаҳри Душанбе даври 4-уми олимпиадаи ҷумҳуриявӣ баргузор гашт, ки дар он 3 хонандаи марказ аз фанни забони тоҷикӣ соҳиби медал гардиданд.

Барои васеъ гардонидани сатҳи дониш, бедор намудани қобилияти фикрӣ, баланд бардоштани  малакаю маҳорат ва такмили истеъдоди ин хонандагон хизмати устоди варзидаи онҳо Мурод Исмоилов хеле зиёд аст.

Маҳфили забони русӣ низ дар марказ бо роҳбарии омӯзгори пуртаҷриба Дилбар Абдуллоева хуб ба роҳ монда шудааст. Шогирдони ин маҳфил имсол тариқи шабакаи интернетӣ дар ду олимпиадаи байналмилалӣ иштирок намуда, соҳиби ҷойи ифтихорӣ, диплом, сертификат ва туҳфаҳои хотиравӣ гардиданд.

Саломат САИДОВА,

директори Маркази дарёфт ва  рушди истеъдодҳои

шаҳри Норак


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш