Нашрияи Омӯзгор

Фаъолияти муассиса тақвият меёбад

Сана: 2020-04-02        Дида шуд: 827        Шарҳ: 0

 

Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии кишвар (26.12.2019) бо таҳлили амиқи дастовардҳо, нишон додани роҳи ояндаи тараққиёти иқтисодӣ ва пешрафти ҳаёти иҷтимоӣ ба ҳайси дастури раҳнамо ироа гардид.

Дар Паёми имсола дар баробари қайд намудани дастовардҳои ҳафт соли гузашта, таҳлили амиқи вазъи иқтисодӣ иҷтимоию сиёсии соли 2019, роҳҳои амалӣ намудани нақшаҳои пешрафти мамлакат дар ояндаи наздик ва дурнамои ҳаёти ҷомеа муайян карда шуданд. Барои мо, омӯзгорон, як навъ дастурест, ки  сиёсати  ояндабинии иқтисодию иҷтимоии кишварро бо алоқамандии ба сатҳи баланд  бардоштани  сифати  таълиму  тарбия, дар пояи зарурӣ ба роҳ мондани тарбияи насли наврас, онҳоро дар рӯҳияи ватандӯстию ҳувияти  миллӣ ба камол мерасонад. Ба омӯхтани фанҳои дақиқ бештар рӯ овардан ба китобхонӣ, оммавӣ кардани варзиш, сохтмони варзишгоҳҳо ва майдонҳои варзишӣ, муҳимтар аз ҳама, бо роҳи нав пеш бурдани тарбияи насли наврас, ба рӯҳияи қавӣ гардондани ҳувияти миллӣ амал намудан аз дастурҳои мушаххаси Паём аст. Эълон гардидани “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи  илму маориф” аз стратегияи ояндабинии Пешвои миллат гувоҳӣ медиҳад.

Дар соли 2019 ба истифода дода шудани 130 муассисаи таҳсилоти умумӣ барои 32  ҳазор ҷойи нишаст, аз ҷониби  соҳибкорони ватандӯст муҳайё гардидани 10 ҳазор ҷойи нишасти хонандагон ва дигар корҳои бунёдкорӣ гувоҳ аз онанд, ки Ҳукумати мамлакат соҳаи маориф, таълим ва тарбияи насли наврасро сиёсати афзалиятноки худ қарор додааст.  Мусаллам аст, ки ояндаи кишвар ба дониш, фаросат, меҳандӯстии ҷавонон вобаста буда,  дар назди насли калонсоли имрӯза  вазифаҳои мураккаби тарбия намудани ворисони арзанда меистад. Дар вазъи   дастрасии осони иттилоот, сиёсати ҷаҳонишавӣ бояд масъулият, маҳорат ва дониши омӯзгори имрӯза ба дараҷаи баланд қарор гирад. Дар Тоҷикистони азизи мо барои амалӣ кардани ин кор тамоми шароит муҳайёст: сулҳу салоҳ, оромию осоиштагӣ, сиёсати дарҳои боз, имконияти таҳсил муҳайё карда шудаанд. Муҳимтар он, ки сиёсати тақвияти истиқлолияти давлатии кишвар  қадам ба қадам собитқадамона амалӣ мегардад. 

Дар ин раванд Пешвои миллат муаллимон, падару модарон ва аҳли ҷомеаро муваззаф сохтанд, ки  дар баробари пурзӯр кардани азхудкунии донишҳои замонавӣ наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намоянд, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшанд.  Минбаъд ҳар сол гузарондани озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз рӯйи се самт, тарғиби  аз худ кардани забонҳои муоширати байналхалқии русӣ ва англисӣ на кам аз панҷ китобӣ   мутолиа намудани аҳли ҷомеа, бунёди китобхонаҳо дар муассисаю  ташкилот, ҷамоату хоҷагиҳо вазифаҳоеанд, ки пеш аз ҳама,  дар ин самт бояд  аҳли зиё ва муаллимон фаъолияти пурсамар дошта бошанд.

Коллективи олимон ва муаллимони коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор дар ҳалқаи шогирдон тамошо кардаю бодиққат омӯхта, ба хулосае омаданд, ки дар ин самт кори худро мувофиқи дастури ин ҳуҷҷати таърихӣ ба роҳ  мемонанд. 

Дастовардҳои коллективи меҳнатии коллеҷ хубанд: бинои муассиса бо дастгирии Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дастгирии соҳибкорон таъмир гардида, дар хобгоҳи солҳо дар ҳолати ногуворбуда таъмири асосӣ сар шуд. Се соли охир дар назди коллеҷ маркази касбомӯзии калонсолон амал мекунад. Кабинетҳои таълимии фанҳои риёзӣ, информатика, забони англисӣ ва русӣ, биология, география, педагогика, ҷуғрофия ва экология ташкил карда шуданд. 82 компютер, 12 ноутбук, 9 принтер, 10 тахтаи электронӣ, 10 видеопроектор, 3200 китоби нав харидорӣ карда шуд. Аз ҷониби омӯзгорони коллеҷ  М. Ваҳҳобов,  Г.Дадобоева, С.Раҳмонов, Л.Гиёев, С.Одинаев дастурҳои таълимӣ иншо шуда, дастраси донишҷӯён гардиданд. Бо вуҷуди дастовардҳо мо бояд  корамонро   дар партави Паёми Пешвои миллат ба роҳ монем. Барои амалӣ намудани ин мақсад нақшаи мушаххас омода шудааст, ки дар таҳияи он тамоми коллективи меҳнатӣ иштирок карданд ва маҳаки онро тарбияи ватандӯстии омӯзгорони  оянда ва баланд бардоштани сифати таълим ташкил медиҳад.

Илҳом Раҳмонзода,

омӯзгори коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш