Нашрияи Омӯзгор

Мақоми баланди омӯзгор

Сана: 2020-04-02        Дида шуд: 778        Шарҳ: 0

 

Омӯзгор равшангари зиндагӣ буда, дар пешрафти ҷомеа мақоми асосиро ишғол кардааст. Махсусан, фаъолияти назарраси муаллим дар ташкил ва доир намудани маъракаҳои сиёсӣ аз дигар табақоти ҷомеа дида, бештар ба назар мерасад.

Чун солҳои пешин, имсол ҳам дар ташкилу доир кардани маъракаи муҳими сиёсӣ - интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои вакилони халқи маҳаллӣ саҳми арзандаи омӯзгорон баръало  мушоҳида карда шуд. Бо назари баланд ва масъулияти ҷиддӣ дар ҳамаи ҳавзаю участкаҳои интихоботӣ омӯзгорон фаъолияти бузурги корию назоратиро анҷом доданд.

Ин аст, ки халқ ба ин табақаи ҷомеа боварӣ ва эътимоди комил дошта, бештари намояндагони худро ба мақоми вакилии маҷлисҳои вакилони халқи вилоят, ноҳия, шаҳр ва ҷамоат аз сафи муаллимон интихоб намуданд. Мисоли раднашавандаи ин гуфтаҳоро дар ҳайати сифатии вакилони вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии ВМКБ метавонем мавриди муқоиса қарор диҳем.

  Боиси шодмонию қадрдонӣ аст, ки 17 нафар омӯзгор дар мақоми вилоятӣ, 8 нафар омӯзгор дар мақоми шаҳрӣ, 68 нафар омӯзгор дар мақоми ноҳиявӣ ва беш аз 73 фисад омӯзгор дар ҷамоатҳо номи баланди вакилиро дар ВМКБ соҳиб гардиданд, ки ин боварии комили халқ ба омӯзгорон мебошад.

Ҷ. Қозибеков,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш