Нашрияи Омӯзгор

Истеъдод парвариш мехоҳад

Сана: 2020-04-02        Дида шуд: 802        Шарҳ: 0

 

«Дар сарчашмаҳои таърихӣ ва осори донишмандону муҳаққиқони маъруф зикр шудааст, ки замоне тоҷикони ориёитабор дар саргаҳи инқилобҳои ақлии тамаддуни башарӣ қарор доштаанд. Онҳо дар бунёди давлатҳои муташаккилу неруманд, офаридани нахустин арзишҳои фарҳангӣ, низоми одилонаи ҳуқуқӣ, осори ахлоқӣ ва таълифоти илмӣ саҳми беназир гузоштаанд».

Ин иқтибос аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо олимони кишвар аст, ки 18 марти соли равон ба вуқӯъ пайваст. Ин мулоқоти хеле пурмуҳтавою судманд ва саривақтии Сарвари кишвар бори дигар мақому мартабаи баланду созандаи илму донишро собит намуд. Воқеан ҳам, бидуни илму дониш ҳеҷ мамлакате пешраву муваффақ буда наметавонад. Муаррифи ҳар давлатеву ҳар миллате дар арсаи байналмилалӣ маҳз илми пешрафтаи он мебошад. Махсусан, дар айёми мо аксари кишварҳо бештар дар заминаи рушди илм ва пайвасти он бо истеҳсолот ба комёбиҳои барҷаста ноил гаштаанд. Ниёгони мо ба илм арҷ гузоштаанду дар арсаи илм пештозиҳо кардаанд. Ному осори илмии зумрае аз гузаштагони баруманди мо, чун Синою Хайём, Берунию ал –Хоразмӣ, Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ… дар саросари олам маълуму машҳур гаштааст. Ҳатто, чанде аз китобҳои Синои бузург замоне дар Аврупо чун дастури таълим дар илми тиб истифода мешудааст.

Мо ба дастовардҳои илмии ниёгони хирадманди худ ифтихормандем ва дар баробари ин, бояд пайваста кӯшиш ба харҷ бидиҳем, ки мусоидгару заминасоз барои инкишофи минбаъдаи тамоми соҳаҳои илм дар Ватани маҳбубамон бошем ва барои ин аз имкониятҳои таълиму тарбия дар мактаб васеъ истифода намоем. Як иқтибоси дигар аз суханронии мазкури Пешвои миллат меоварем: «Тавре ки таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, рушди илм дар ҳамбастагӣ бо се омил таъмин мегардад: аввалан, бо қадр кардани истеъдоди фитрӣ, сониян, бо муҳайё намудани рақобати солим ва озоди илмӣ ва сеюм, бо мавҷуд будани принсипҳои масъулиятшиносиву поквиҷдонӣ дар фаъолияти илмӣ».

Дар ин миён бо омили аввал (қадр кардани истеъдоди илмӣ) аҳли таълиму тарбия иртиботи бештаре доранд. Истеъдодҳоро дар мактаб бояд ифшо ва қадр карду барои ташаккулу вусъатёбиашон мусоидат намуд. Шогирдони боистеъдод дар заминаи таҳсили муваффақона фардо мутахассисони варзида дар соҳаҳои гуногуни илму техника хоҳанд шуд. Кор бо ин гуна шогирдон бояд ҳаматарафа, муттасил ва ҳавасмандсоз бошад. Бар он комёб бояд гашт, ки хонандагони боистеъдод самти ояндаи фаъолияташонро дуруст ва қотеъона муайян созанд ва бо омӯзиши ҳадафмандона фаро гирифта шаванд. Истеъдоди онҳо дар мактаб ба мисли оташакест ва омӯзгорон бар он бояд ҷидду ҷаҳд намоянд, ки ин оташак минбаъд ба аланга табдил биёбад. Фаромӯш набояд кард, ки истеъдод парваришро тақозо дорад ва агар парвариши мунтазам наёбад, чун ниҳолаки навбар хавфи аз рушди минбаъда бозмонданаш ба миён меояд. Ба ин маънӣ Саъдии Шерозӣ фармудааст:

Ҷое нарасад кас аз

тавоноии хеш,

Илло, чу чароғи раҳматаш

дорӣ пеш.

Суханронии Пешвои миллат дар мулоқот бо олимони мамлакат бояд мавриди омӯзиши амиқи аҳли таълиму тарбия низ қарор бигирад ва устодон дар заминаи он минбаъд ба дастгирию парвариши истеъдодҳои наврас кӯшиши пайваста ба харҷ диҳанд.

 

Малика РИЗОЕВА,

ҷонишини директор оид ба таълими  коллеҷи ҷумҳуриявии хореографии

ба номи М.Собирова


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш