Дар ноҳияи Тоҷикобод аз вазъи таълиму тарбия дар литсейи касбии техникӣ, ки каме дуртар аз маркази ноҳия ҷойгир шудааст, иттилоъ пайдо кардан хостем ва ҳамроҳи мудири шуъбаи маориф ба ин боргоҳи илму ҳунар омадем. Бинои литсей дар замони Шӯравӣ сохта шуда, аз се ошёна иборат мебошад.
Ҳамчунон, литсей дорои хобгоҳ буда, он барои 400 нафар толибилм пешбинӣ шудааст. Айни ҳол дар бинои хобгоҳ 40 нафар истиқомат доранд. Чунонки директори муассиса Дӯстмурод Валиев изҳор дошт, литсей базаи хуби моддию техникӣ дошта, тайи чанд соли охир дар он курсҳои нави ҳунаромӯзӣ ташкил карда шудааст.
- Бо иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардид. Ба ин хотир, дар литсей ихтисосҳои ҳунарҳои мардумӣ – адрасбофию қолинбофӣ таъсис дода шуд, ки дар онҳо зиёда аз 40 нафар муҳассил ба ҳунаромӯзӣ машғул мебошанд, - мегӯяд Д. Валиев ва меафзояд, ки ҳамзамон, дар муассиса курсҳои омӯзишии ҳунарҳои дуредгарӣ, қарамадӯзӣ, зардӯзӣ, бофандагӣ ва амсоли ин ташкил карда шудааст. Ба таъкиди сарвари литсей, соли равон машғулиятҳо аз рӯи 5 ихтисос бо фарогирии 270 нафар муҳассил ба роҳ монда шудааст. Ба ҳунаромӯзон 45 омӯзгор, аз ҷумла, 16 нафар устои таълими истеҳсолӣ машғулият мегузаронанд. Дар литсей низоми кабинетии пешбурди дарсҳо амал мекунад, ки омӯзгорон бо истифода аз кабинетҳову синфхонаҳои бо маводи таълимӣ муҷаҳҳазонидашуда машғулиятҳои худро вобаста ба талаботи замони муосир баргузор менамоянд.
Бо ҳидояти директор ва ҷонишинаш Н.Сафаров аз Маркази нигаҳдорӣ ва таъмири техникаҳои литсей, ки дар биноҳои васею барҳаво ҷойгир шудааст, дидан кардем, ки машғулиятҳои амалии фанҳои умумитехникӣ дар ин марказ гузаронида мешаванд. Маркази мазкур айни замон дорои ду трактор, як автомобил, як адад комбайни ғалладарав ва дигар воситаҳову техникаи соҳаи кишоварзӣ мебошад, ки дар ҳолати хуби техникӣ қарор доранд. Бо истифода аз техникаи мавҷуда омӯзгорон ва устоҳои таълимии истеҳсолии таълимгоҳ ба хонандагон нозукиҳои касбҳои тракторчӣ – машинисти истеҳсолоти кишоварзиро меомӯзонанд.
- Мо пайваста ба роҳҳои гуногуни ҷалби толибилмон ба ҳунаромӯзӣ диққати зиёд зоҳир мекунем. Ба ин мақсад тайи солҳои охир дар литсей 13 маҳфили фаннии ҳунаромӯзӣ, аз қабили омӯзиши трактор, мошинаҳои соҳаи кишоварзӣ, сохти автомобил, қоидаҳои ҳаракати роҳ, дӯзандагӣ, физика, забон ва адабиёти тоҷик, фанҳои риёзӣ, химия ва биология амал мекунанд, ки ҳадафи ин маҳфилҳо доир кардани олимпиадаҳои фаннӣ (дохилимуассисавӣ), ташаккули малакаю маҳорати хонандагон дар пеша ва фанҳои интихобкардаашон ва ба олимпиадаҳои минтақавӣ омода намудани аъзои маҳфил мебошад, тавзеҳ мебахшад ба суханаш сарвари литсей. Дар литсей Шӯрои муҳандисию омӯзгорӣ амал мекунад, ки масоили баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, сари вақт ба дарсҳо ҳозиршавӣ ва интизоми хонандагонро дар ҳар як ҷаласаи моҳонаи худ мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор медиҳад. Ҳамзамон, бо мақсади пайваста таҳти назорат қарор додани раванди таълиму тарбия дар литсей гурӯҳи идоракунии сифати таълим ташкил карда шудааст.
- Фаъолияти кабинети методии литсей низ мувофиқи матлаб буда, соли равон аз ҷониби он 11 конфронси педагогӣ гузаронида шуд, - мегӯяд Д. Валиев. Соли гузашта бошад, аз ҳисоби курсҳои кӯтоҳмуддат, таҷрибаомӯзии ҳунаромӯзон, хизматрасонии тракторҳо ва мошинолоти кишоварзӣ, парваришу нигоҳубини оилаҳои занбӯри асал 24 108 сомонӣ даромад карда шуд, ки аз ин ҳисоб бо маблағи 1860 сомонӣ китобҳои тахассусӣ харидорӣ карда шуд.
Феълан захираи китобҳои китобхонаи литсей фарогири зиёда аз 2555 адабиёти гуногуни таълимию илмӣ ва бадеию оммавӣ мебошад. Бояд хотиррасон намуд, ки роҳбарияти литсей бо дарназардошти тамоюли номатлуби тайи солҳои охир дар таълимгоҳ ҷойдошта – давомоти нокифояи хонандагон ба дарсҳо, дар маҷмӯъ, масоили марбут ба тарбия таваҷҷуҳи амиқ зоҳир менамояд.
Аз тарафи устоҳои таълими истеҳсолӣ моҳе як маротиба бо падару модари хонандагон суҳбату вохӯриҳо гузаронида мешаванд.
- Литсей нақшаҳои ҷолиб дорад – изофа мекунад ба нақлаш Д.Валиев. Дар ҳамкорӣ бо барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид, бо мақсади такмили пояҳои моддию техникии литсей тадбирҳо андешида шуда, дар рӯзҳои наздик як сехи коркарди меваю сабзавот ва консервабарорӣ ташкил карда хоҳад шуд. Ҳамчунин, дар ин давра ошёнаи дуюми бинои таълимӣ ва боми даромадгоҳи бинои мазкур таъмир ва азнавсозӣ карда шуданд. Дар назар аст, ки дар давоми сол аз тарафи Бонки Осиёии Рушд рӯзҳои наздик таъмири бинои таълимӣ, ошхона ва овардани хати оби нӯшоки оғоз меёбад. Барои пурсамар ба роҳ мондани фаъолияти истеҳсолӣ, бо вуҷуди пешравиҳо, мушкилоту норасоиҳое ба мушоҳида мерасанд, ки дастрас намудани таҷҳизот барои корҳои амалӣ, таъмири толори варзишӣ (он дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, болопӯш надорад), таъмини литсей бо компютеру тахтаҳои электронӣ ва видеопроекторҳо, муҷаҳҳазонидани толори ҷаласаҳо аз ин қабил ба шумор мераванд.
- Ҳалли пурраи ин мушкилот ба рушду пешрафти таълиму тарбия, ҳунаромӯзии ҳамаҷонибаи муҳассилин ва дар сатҳи баланд ба роҳ мондани машғулиятҳо бо истифода аз васоиту дастгоҳҳои технологияи замони муосир мусоидат хоҳад кард, - гуфт дар хотима сарвари литсей.
Шодӣ Раҷабзод,
«Омӯзгор»
Душанбе – Тоҷикобод –
Душанбе
Иловакунӣ
Иловакунии фикр