Нашрияи Омӯзгор

Ифтитоҳи иншооти нав

Сана: 2020-04-09        Дида шуд: 792        Шарҳ: 0

 

Дар асоси нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дирӯз бо иштироки муовини Сарвазири мамлакат Ширин Исматуллозода ва раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода бинои иловагии муассисаи томактабии №7 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Боғчаи мазкур бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор,  саҳми  аҳолӣ ва соҳибкорони шаҳр барои 120 кӯдак бунёд гардидааст. Бо ифтитоҳи бинои мазкур дар маҷмӯъ, 170 нафар кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шуданд. Бинои кӯдакистон бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин гардидааст.

Инчунин, дар ин рӯз бо иштироки муовини Сарвазир  Ширин Исматуллозода ва меҳмонон  4 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти умумии асосии №87, ки  аз ҷониби аҳолии деҳаи Ҳуснобод ба маблағи 450 ҳазор сомонӣ, майдончаи варзишии замонавӣ дар деҳаи Гулхании Ҷамоати деҳоти Ҳисор аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Зоҳирҷон  Олимов бо истифода аз усулҳои замонавӣ ба маблағи зиёда аз 200 ҳазор сомонӣ, бунгоҳи тиббӣ ва дорухона дар деҳаи Ҷорӯбсой аз ҷониби сокини маҳалла   Ойбибӣ Азизова ба маблағи 250 ҳазор сомонӣ, чоҳи амудӣ барои  500 хоҷагӣ дар деҳаи Даҳбеди Ҷамоати деҳоти Мирзо Турсунзода бо саҳми  аҳолии деҳа ба маблағи зиёда аз 450 ҳазор сомонӣ, мағозаи фурӯши молҳои мавриди ниёзи мардум дар деҳаи Равшандилон аз ҳисоби сокинони деҳа Ҷамол Маҳмад ва Суннатуллои Раҳматулло ба маблағи 321 ҳазор сомонӣ,  бунгоҳи тиббӣ ба маблағи 150 ҳазор сомонӣ ва  4 синфхонаи илова дар деҳаи Зиракии Ҷамоати деҳоти Алмосӣ аз ҷониби соҳибкор Зайниддин Нуралиев  ба маблағи 250 000 сомонӣ бо  таъсиси зиёда аз 20 ҷойи кори доимӣ ба истифода дода шуданд.

Ҳангоми ифтитоҳ ва мулоқот бо сокинону кормандон, таълимгирандагону омӯзгорон муовини Сарвазири мамлакат Ширин Исматуллозода муҳимияти корҳои созандагиро бахшида ба ин ҷашни таърихӣ шарҳ дода, даъват намуд, ки сокинон дар ободию пешрафти муҳити зист бештар саҳмгузор бошанд.

Шоистаи тазаккур аст, ки дар шаҳри Ҳисор бахшида  ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди 767 иншоот ба нақша гирифта шудааст.

АМИТ «Ховар»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш