Дар ин «ҷаҳони омадурафт» танҳо нафароне номи хешро ба ҷовидонӣ боқӣ гузоштаанд, ки дар овони зиндагӣ ва фаъолияти худ кори хайре нисбат ба мардум анҷом додаанд.
Яке аз чунин ашхос омӯзгори варзида Амонбердӣ Насриддинов мебошад. Ӯ хатмкардаи омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Панҷакент ва факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҳон ғафуров буда, фаъолияти омӯзгорияшро ҳамчун омӯзгор дар мактаби деҳаи Сори шаҳри Панҷакент соли 1951 шурӯъ намуда, то охири ҳаёти хеш дар тарбияи насли наврас саҳми арзанда гузоштааст.
А. Насриддиновро дар ноҳия чун омӯзгори болаёқату дилсӯзи шогирдон мешинохтанд ва ба шахсияташ эҳтиром мегузоштанд.
Ин шахсияти наҷиб дар баробари фаъолияти омӯзгорӣ боз ба касбҳои дуредгарӣ, шикастабандӣ, пайвандгарӣ ва бoғбoнӣ муҳаббати беандоза дошт, аз даҳ панҷааш ҳунар мерехт. Як дақиқа оромиро дар худ раво намедид. Тухмиҳоро ҷамъ намуда, мекошт ва баъди ду-се сол навниҳолонро баргпайванду нигоҳубин мекард ва нимашро ба одамони маҳалла тақсим менамуду бо ними дигараш бoғ бунёд мекард. Аз натиҷаи меҳнати ҳалоли худ меболид, ғамгусори мардум буду ба дӯстон эҳтироми бузург дошт. Аз ниёзмандоне, ки ба ӯ рӯй меоварданд, кумаку мадади хешро дареғ намедошт. Дар ин бобат бузурге хуб гуфта:
Дар ҷаҳон донӣ, кӣ гардад муътабар?
Он ки ӯро пок мебошад назар.
Номи мардум ҷуз ба некуӣ мабар,
Гар ҳамехоҳӣ, ки гардӣ муътабар.
Амонбердӣ Насриддинов бо Саёҳат Муқаддасова соли 1958 хонадор шуда, соҳиби даҳ фарзанди солим мегарданд. То дами ба нафақа баромадан дар мактаби миёнаи рақами 28-и деҳаи Сор ба касби пуршарафи омӯзгорӣ машғул буд. Бо меҳнати ҳалол фарзандонро ба камол расонданд.
Одамони нек ҳамеша зиндагии хоксоронаву шоистаро авло медонанд. Амонбердӣ Насриддинов аз зумраи чунин шахсон буд ва кору зиндагии ӯ шоистаи ибрати дигарон аст.
Дар таърихи 27-уми моҳи декабри соли 2018 дар 84-солагӣ омӯзгори соҳибтаҷриба Амонбердӣ Насриддинов ин дунёро падруд гуфт. Афсӯс…
Рӯҳаш шод бод!
Саодат Насриддинова,
омӯзгор
Иловакунӣ
Иловакунии фикр