Нашрияи Омӯзгор

Бепадарӣ сахт дарде будааст

Сана: 2020-04-09        Дида шуд: 792        Шарҳ: 0

 

Аз марги нобаҳангоми падари бузургворам - яке аз сарсупурдагони маорифи кишвар Тоҳирҷон Дадобоев ҳарчанд соле сипарӣ нашуда бошад ҳам, бепадарӣ хеле азиятам медиҳад. Эҳсос мекунам, ки рӯзгорам бе ғамхорӣ, меҳрубонӣ, суханҳои самимӣ ва пандҳои падар маънӣ надорад.

 Бемории ногаҳонӣ гиребони падар гирифт ва ҳарчанд табибони бемористони деҳаи Сойчаи Ҷамоати деҳоти Ёва барои муолиҷааш  саъй варзиданд, натиҷа надоду қалби пурэҳсосу беозори падари азиз аз тапиш бозмонд.

Яккаписар будаму гӯё ҳарду бародари ҷонӣ будем, суҳбатҳоямон соатҳо давом мекард. Падар ҳама вақт насиҳат мекард, ки накукориро пеша кунам, ҳоҷати ниёзмандонро барорам. Имрӯз насиҳатҳои падари азизро ба ҷо меораму бо як ҷаҳон сипос номи некашро вирди забон мекунам. Зеро маҳз тарбияи шоистаи падари омӯзгорам буд, ки беҳтарин хислатҳои инсонӣ насибам гардидаст.

Падарам - Тоҳирҷон Дадобоев дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 11, Ҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров масъулияти  муовинии директор оид ба таълим буд.  Ӯ касби худро самимона дӯст медошт, ба вазифааш содиқ буд. Аз ин рӯ, дар байни ҷомеаи меҳнатии мактаб сазовори обрӯю эҳтироми самимӣ гашта, бо нишони “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон” сарфароз шуда буд. Падари азизам бароям мушкилкушои ҳамарӯза буд. Имрӯз ҳам панду андарзҳои накуяш маро раҳнамои зиндагист.

Толибҷон ДАДОБОЕВ,

сокини Ҷамоати деҳоти Ғозиёни

ноҳияи Бобоҷон Ғафуров


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш