Нашрияи Омӯзгор

Зиндагиро орзу ширин намуд

Сана: 2020-04-09        Дида шуд: 788        Шарҳ: 0

 

Муаллима аз дарвозаи хонааш баромада, аз ҳавои софу атромез нафаси чуқур кашида, ба сӯи мактаб равон шуд.

Роҳи калони мошингард серодам буд. Хонандагон ба мактаб мерафтанд. Мошинҳои мусофиркаш одамонро ба кор мебурданд. Ногоҳ чашми муаллима ба мошини шир афтод, ки занҳои деҳа шир оварда, ба ронандаи он  месупориданд. Ин манзараро дида, хушҳол шуда, шукри тинҷию амонӣ кард. Рӯзҳои гузаштаи зиндагияшро ба хотир овард.

Солҳои 1991-1992 оғози  ҷангу даргириҳо буд. Мардум гуруснаю ташна ба куҷо рафтану чӣ кор карданашонро намедонистанд. Мардҳо аз тарс аз хонаҳояшон намебаромаданд. Занҳо барои як бурда нон овораю саргардон буданд. Апаи Гулсуной низ чунин рӯзгор дошт. Ӯ субҳидам шири говро дӯшида, дар зарфе мегирифту бурда дар бозор фурӯхта ба пулаш нон мехарид. Модар саҳарии барвақт зарфи пур аз шир дар даст, ҳамроҳи писари шашсолааш ба роҳ баромад. Мошин набуд, онҳо бояд то бозор пиёда роҳ мерафтанд. Модару писар роҳро нисф карда буданд, ки ногоҳ чашми модар ба манзарае бархӯрд. Ҷавонони 18-19 - сола писараки 16-солаеро урён карда, дасту пояшро бастаанд ва сарозер дар тут овезон карда, бо калтаки подабонӣ ба тамоми узви баданаш мезананд. Писар бо тамоми овоз нола мекард ва доду фарёд мезад.

Ин ҳолро дида, апаи Гулсуной ба даҳшат афтода, чи кор карданашро надонист. Ба чор тараф нигарист ва дид, ки аз ақибаш марде меояд ва аз мард илтимос кард, ки писаракро аз дасти ин ваҳшиҳо халос кунад. Аммо мард ба ӯ гуфт, ки аз роҳат намон, чунки онҳо танҳо нестанд ва ҳар сеямонро гарав мегиранд. Модар то бозор оби дида мерезад. Як ҳафта он ҳодиса аз пеши чашмонаш дур намешавад. Аз ҳамон рӯз ба худ қарор дод, ки дар мактаби олӣ таҳсил намояд ва ба насли наврас адаб омӯзад.

Аммо ҳодисаи дидаи Гулсуной ҳеҷ гоҳ аз ёдаш фаромӯш намешуд. Рӯзе орзуи апа ҷомаи амал пӯшид. Ин соли 1993 буду дар кишвар ҷанги шаҳрвандӣ идома дошт.

Ба сабаби ночиз будани маош омӯзгорон тарки пеша карда, ба корҳои дигар машғул мешуданд. Аммо Гулсуной бо дили гарм ба омӯзгорӣ машғул гашт. ғоибона таҳсил намуда, дар мактаби зодгоҳаш ба шогирдон савод омӯхт. 

Дар байни аҳли маориф ва шогирдон ба ҳурмату эҳтироми хосса сазовор шуд. Муаллима ҳунари сарояндагию дойразанӣ ва лабчангнавозӣ дошта, ин ҳунарҳоро ба шогирдонаш дар дарси суруд ёд медиҳад. Вай чанд муддат роҳбари иттиҳодияи методии муаллимони синфҳои ибтидоӣ, муовини директор оид ба тарбия ва раиси Шӯрои занон ва духтарони мактаб буд.  Гулсуной бонуи эҷодкор аст.

Дар соатҳои фориғ аз кор ба навиштани мақолаву лавҳа ва ҳикоячаҳои хурд машғул мешавад. Мақолаҳои аввалинаш дар нашрияҳои “Ҳомии Ватан” бо номи “Дили модар” , “Марди нексиришту накуном”, “Фарзанди ҷоннисори  Ватан”, ва дар маҷаллаи “Фирӯза” бо унвони “Момои табаррук”, “Хатои модар” ва дар рӯзномаи “Тоҷикистон” таҳти унвони “Нони болои қӯр” нашр шудаанд. 

Муаллима имрӯзҳо ба омӯзгорӣ машғул гашта, хушбахтии худро дар амалӣ гардидани орзуи деринааш мебинад. Чи шараф аст, сазовор гардидан бо номи неки омӯзгорӣ. Ӯ ифтихор дорад, ки шогирдонаш мактаб-ро бо муваффақият хатм намуда, ба донишгоҳу донишкадаҳо рафта, таҳсили илм менамоянд ва ба манфиати халқу Ватан хидмат мекунанд.

 

Мирзо Файзов,

шаҳри Ваҳдат


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш