Нашрияи Омӯзгор

Устоди азиз аз мо рафт

Сана: 2020-04-09        Дида шуд: 805        Шарҳ: 0

 

Омӯзгорӣ касбест пуршараф ва масъулиятест басо сангин. Равоншод Шарбати Ашӯрзод рисолати касбии хешро бо сарбаландӣ адо менамуд.

Ин муаллими заҳматпеша тӯли солҳои зиёд дар мактаби №14-и ноҳияи Варзоб ҳамчун омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик ба таълиму тарбияи насли наврас машғул буд. Шогирдон самимона дӯсташ медоштанду эхтиромаш мекарданд. Ҳар як дарсашро бесаброна интизорӣ мекашиданд ва дар омӯзиш пешгом буданд. Дар сабқату озмунҳои гуногун шогирдони устод ҷойҳои намоёнро соҳиб мегардиданд. Бо чандин ифтихорномаву сипосномаҳо қадрдонӣ шуда буд устод.

Пайваста меомӯхту худо-мӯзиро канор намегузошт, ҳар як лаҳзаи умри хешро сарфи омӯзиш мекард.  ҳамеша таълимгирандагонро таъкид мекард, ки ватандӯст бошанд.

Ростқавлӣ яке аз хислатҳои ҳамидаи Шарбати Ашӯрзод ба ҳисоб мерафт. Ҳамеша бар он мекӯшид, ки ҳар як дақиқаи дарсаш пурманфиат бошад. Ростқавлии ӯ ба рӯҳияи дигар омӯзгорон ва ба хонандагон таъсири амиқ мерасонд.

Бо ташаббуси устоди накуном дар мактаб озмунҳои гуногун ташкил мешуданд ва ин озмунҳо дар сайқал додани дониши хонандагон нақши мондагор доштанд.

Ҳангоми дарсҳо, умуман, дар ҳар суханронияш аз чакидаҳои хомаҳои бузургони шеъру адаб мисраъҳои ноб мегуфт. Чунин шеваи таълим мо-хонандагонро водор мекард, ки ба хазинаи пурганҷи фарзандони фарзонаи тоҷик рӯ оварем.

Шарбати Ашӯрзод илова ба омӯзгорӣ қаламро ҳамдаму ҳамнафаси хеш қарор дода буд. Аз умри кӯтоҳи хеш тавонист ду маҷмӯа - «Хотирнома» ва «Саволномаи тестӣ аз фанни забон ва адабиёти тоҷик» мерос гузорад.

Баҳори соли 2014 (1976-2014) офтоби умри Шарбати Ашӯрзод ғуруб намуд. Ҳарчанд шаш баҳор аст, ки ёру дӯстон ва шогирдону пайвандонро тарк гуфта ва дар манзили хамӯшон маскан гирифтааст, аммо ёди некаш дар қалбҳои мо абадист.

 

Муқим УМАРОВ,

омӯзгори мактаби №14-и

ноҳияи Варзоб


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш