Нашрияи Омӯзгор

Ноҳияи Қубодиён: шуъбаи маориф дар бинои иҷора

Сана: 2018-06-06        Дида шуд: 744        Шарҳ: 0

Соли 2014 вақте ки Мирзо Эшов мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Қубодиён таъйин гардид, дар ин соҳа мушкилиҳои зиёде мавҷуд буданд. Аз шумораи умумии 1679 нафар омӯзгор танҳо 619 нафарашон маълумоти олӣ доштанд.

Омӯзгорони ихтисосманд намерасиданд, ҳамчунин, 316 нафар омӯзгори ғайрикасбӣ дар муассисаҳои таълимӣ ба хонандагон дарс медоданд.

Мудир якчанд рӯз пештар аз оғози соли таҳсили 2015 – 2016 барои дарёфти омӯзгорон ба шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Муъминободу Шамсиддини Шоҳин рафт. Кӯшишу талошҳояш самараи хуб доданд. Ӯ тавонист 217 нафар омӯзгори ҷавонро аз шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ барои таълиму тарбияи насли наврас ба ноҳияи Қубодиён сафарбар намояд.

Баъди андешидани чорабинию тадбирҳои зиёд дар мактабҳои ноҳия сифати таълиму тарбия низ хеле беҳтар гардид. 

Хушбахтона, соли таҳсили 2016 – 2017 ду нафар хонандаи муассисаҳои таълимии ноҳия дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз фанҳои биология (Одинаева Ф.), забон ва адабиёти тоҷик (Намозова Рухшона) сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.

4 сол қабл аз 2 ҳазору 817 нафар хатмкардаи муассисаҳои таълимии ноҳия ҳамагӣ 13 фоизи онҳо тавассути ММТ ба муассисаҳои олии касбӣ дохил гардиданд. Соли дуюм ин рақам 24 фоизро ташкил дод. Боиси хушнудист, ки соли гузашта ин рақам 46,3 фоизро ташкил дод.

Соли гузашта дар заминаи бинои собиқ хоҷагии А.Навоӣ гимназияи давлатии рақами 2 ташкил гардида, таълим пурра ба забони давлатӣ ба роҳ монда шуд. Яке аз мушкилоти асосии таълимгоҳҳои ноҳия нарасидани ҷои нишаст  мебошад. Дар 4 соли охир бо усули ҳашар 32 синфхонаи иловагӣ сохта шуда, айни ҳол сохтмони 18 синфхонаи дигар идома дорад. Мушкилии дигар дар ин ҷода нарасидани ҷои нишаст ва синфхонаҳост.

Аз 62 муассисаи таълимии миёнаи умумии ноҳия дар ҳеҷ яки онҳо кабинети фаннӣ ва озмоишгоҳи муҷаҳҳази таълимӣ мавҷуд нест. Шояд баъди қабули «Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020» дар ин самт дигаргунӣ ба вуҷуд ояд?

Мавҷуд набудани тахтаи электронӣ дар шуъбаи маориф, марказҳои таҳсилоти иловагӣ, дарёфт ва рушди истеъдодҳо ва ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ боиси паст гардидани сифати таҳсилот мегардад. Аз сабаби мавҷуд набудани бинои мусоид шуъбаи маориф як қисми бинои коллеҷи омӯзгории ноҳияро ба иҷора гирифтааст.

Аъзам Бобоев,

рӯзноманигор  


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш