Нашрияи Омӯзгор

Сафари хотирмон

Сана: 2020-04-09        Дида шуд: 804        Шарҳ: 0

 

Соли 2019 мо ҳуҷҷатҳоямонро ба Барномаи ITEC (Барномаи ҳамкории техникӣ ва иқтисодии Ҳиндустон) барои курси омӯзишӣ супорида, боварӣ надоштем, ки қабул мешавем.

Барномаи ҳамкории техникӣ ва иқтисодии Ҳиндустон (ITEC) бо қарори Девони Ҳиндустон 15 сентябри соли 1964 ҳамчун барномаи дуҷонибаи Ҳукумати Ҳиндустон таъсис дода шудааст.

Ҳиндустон ба кишварҳои шарики Барномаи ITEC дар заминаи лоиҳаҳои мутақобилан ҳамаҷониба дар бунёди иншооти муфид бо инфрасохтор, бо технология ва малакаҳое, ки ба захира ва ниёзҳои онҳо мувофиқанд, кумак мекунад.

Аз замони таъсиси барномаи мазкур Ҳиндустон ҳазорон донишомӯзро дар кишварҳои шарики Барномаи ITEC/SCAAP омода кардааст. Барои таҷлили ҷашни барнома 15-уми сентябр ҳамчун Рӯзи ITEC таъйин шудааст.

Таълими касбӣ ё эҷоди тавонмандӣ яке аз корҳои муҳим дар доираи барномаи ITEC мебошад. Дар марказҳои гуногуни пешрафта дар Ҳиндустон ба мутахассисони кишварҳои рӯ ба тараққӣ курсҳои таълими ҳам шаҳрвандӣ ва ҳам мудофиавӣ пешниҳод карда мешаванд.

Барои барномаи омӯзиши шаҳрвандӣ ба кишварҳои шарики ITEC/SCAAP тақрибан 12000 стипендия барои иштирок дар курсҳои гуногуни омӯзишӣ дар Ҳиндустон пешниҳод карда мешавад. Муассисаҳои аввалияи Ҳиндустон беш аз 300 курсҳои кӯтоҳмуддат, миёнамуҳлат ва дарозмуддат дар давоми солро ба роҳ мондааст. Барномаи таълимӣ ва мавзӯъҳои интихобшуда барои намояндагони кишварҳои рӯ ба инкишоф шавқовар мебошанд.

Мо қарор додем, ки барномаи омӯзишиеро интихоб намоем, ки дар давраи таътил бошад, то ин ки рафти таълиму тарбияро халалдор насозад. Ҳамин тавр, ягона курси омӯзишие, ки барои мо мувофиқат кард, ин “Стандартҳои байналмилалии меҳнат ва пешбурди баробарии гендерӣ дар ҷои кор” буд, ки аз 5-ум то 23-уми август дар шаҳри Ноидаи давлати Ҳиндустон ва дар Донишкадаи миллии меҳнати ба номи В.В.Гирӣ гузаронида шуд. 

Донишкадаи мазкур дар назди Вазорати меҳнати Ҳукумати Ҳиндустон, муассисаи мустақилест, ки ба тадқиқот дар соҳаи меҳнат ва таълими маъмурони меҳнат, иттифоқҳои касаба, менеҷерони бахши давлатӣ ва дигар шахсони мансабдори давлатӣ, ки ба меҳнат марбутанд, машғул аст. Тадқиқотҳо дар соҳаи меҳнат яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти донишкада маҳсуб ёфта, давра ба давра семинарҳо, машваратҳо ва лексияҳо баргузор карда мешаванд.

Шаҳри Ноида дар масофаи 20 км аз Деҳлии Нав ҷойгир аст ва сарҳадҳои он дарёҳои Ҷамна ва Хиндон ва шаҳрҳои Деҳлӣ ва Ғазиобод мебошанд. Худи шаҳр як маркази технологияҳои иттилоотӣ,  саноати автомобилсозӣ,  саноати кино, телевизион ва савдо мебошад.

Рӯзи аввали омӯзиш директори курсамон Елена Самантрой Ҷена ҳамаро хайрамақдам гуфт ва  шиносоӣ оғоз шуд. Дар курси мо аз 14 давлат: Бурунди, Гватемала, Зимбабве, Ироқ, Кения, Қазоқистон, Монголия, Судони ҷанубӣ, Танзания, Тоҷикистон, Тринадо ва Тобаго, Ӯзбекистон, Шри-Ланка ва Эфиопия 25 шунаванда ҳузур дошт. Тӯли 18 рӯзи омӯзиш байнамон дӯстию рафоқат пойдор буд. Ҳангоме, ки муаррифии давлатҳо шуд, ҳар яке кӯшиш мекард, ки як дастовезе пешкаш намояд. Яке рақс, дигаре суруд, савумӣ як туҳфае аз нишони давлатдорияшон ва расму оинашон пешниҳод менамуданд. Мо низ кӯшиш кардем то давлати худро байни дигар давлатҳо муаррифӣ намоем. Ман шеъри Мирзо Турзунзода “Дӯстонро гум макун”-ро хондам ва Қадриддин Ғаффоров бошад, сурудеро аввал бо забони ноби тоҷикӣ, сипас, бо забони англисӣ замзама кард. 

Умуман, ҳар рӯз мо барои худ як маълумоти наверо оид ба мавзӯъҳои дахлдор мегирифтем ва охири ҳар ҳафта моро ба тамошо мебурданд. Ҳафтаи аввал моро ба яке аз муъҷизаҳои олам Тоҷмаҳал, ки дар шаҳри Агра ҷойгир аст, бурданд. Ҳафтаи дуюм ба ду ибодатгоҳи Деҳлӣ ва ба як иншооти меъморӣ, ки таърихи хеле қадима доранд, ба тамошо бурданд. Ҳамчунон, ду маротиба дарсҳоямон амалӣ гузаронида шуд, яъне, моро ба ду ташкилот, яке Иттиҳодияи саноати Ҳиндустон (CII) ва дигаре ба Комиссияи миллии занҳо (NCW) бурданд, ки мо аз наздик бо раванди кори онҳо ошноӣ пайдо кардем ва ба саволҳои додаамон ҷавоб гирифтем.

Ба ғайр аз ин, баъди дарсҳо мо бо гурӯҳ якҷоя ба мағозаҳо, бозорҳо барои харид мерафтем ва ҳама бо мо муносибати хуб доштанд. Мо бисёр чизҳоро оид ба урфу одат ва анъанаҳои мардуми Ҳиндустон донистем. Санаи 15-уми август рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҳиндустон мебошад. Дар ин рӯз аз дарс озод будем ва ба мо шириниҳо тақдим карданд. Лаҳзаҳои фаромӯшнашаванда зиёд  буданд, ки дар хотири мо то дер боқӣ хоҳад монд...

Ҳангоме ки ба донишҷӯён дарс мегӯем, ба онҳо омӯхтани забонҳои хориҷиро талқин мекунем, зеро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар баромадҳояшон ба ин масъала, таваҷҷуҳ мекунанд ва омӯхтани забонҳои хориҷиро дар мадди аввал мегузоранд. Маҳз забондонии мо боис шуд, ки аз тарафи барномаи ITEC  ба коромӯзӣ фаро гирифта шудем ва донишу маҳорати касбии худро сайқал додем, зеро яке аз шартҳои асосии қабул ба барнома донистани забони анлисӣ мебошад.

Тавре мегӯянд: “Шунидан кай бувад монанди дидан”. Ҳоло ки фурсат ҳаст наврасону ҷавонон имкониятро аз даст надода, ҷиҳати аз бар намудани забонҳои хориҷӣ, бахусус, забони англисӣ кӯшиш намоянд.

 

Парвина Муродова,

Қадриддин Ғаффоров,

омӯзгорони фанни забони

англисии коллеҷи

технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш