Нашрияи Омӯзгор

Иқтисодиёт ва омӯзиши риёзиёт

Сана: 2020-04-09        Дида шуд: 784        Шарҳ: 0

 

Вазъи муосири ҷамъиятӣ аз хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, пеш аз ҳама, инкишофи фикрронии иқтисодиро талаб мекунад, то ин ки онҳо ба ҳаёти воқеӣ дар шароити муносибатҳои бозорӣ омода бошанд.

 

Масъалаҳои математикӣ дар мактаб, асосан, бо ёрии муодилаҳо, системаи муодилаҳои алгебравию трансидентӣ, ҳосилаю интегралҳои функсияҳо, нақшаю графикҳо ва ғайра ҳал карда шуда, хусусиятҳои назариявию амалӣ доранд. Аммо дар китобҳои дарсӣ масъалаҳое низ вомехӯранд, ки ба бахшҳои иқтисод: хароҷот, даромад, талаботу пешниҳод, пасандоз, ҳаҷми маҳсулот, қарз (кредит) ва амонат алоқаманд мебошанд.       

Омӯзиши усулҳои ҳалли ин гуна масъалаҳо, махсусан, ба хонандагоне, ки дар оянда иқтисодшинос шудан мехоҳанд, кумак мерасонад.

Усулҳои алгебравӣ дар ҳалли масъалаҳои амалӣ, аз ҷумла, масъалаҳои иқтисодӣ – иҷтимоӣ васеъ истифода мешаванд. Ин маврид яке аз талаботи асосӣ тартиб додани модели иқтисодӣ-математикии масъалаҳо мебошад, ки дар оянда ба толибилмон барои сохтани моделҳои иқтисодӣ-математикии масоили муҳими иқтисодӣ мадад мерасонад.

Ҳоло якчанд масъалаи иқтисодиро, ки бо усулҳои алгебравии мактабӣ ҳал карда мешаванд, мавриди таҳлил қарор медиҳем.

Масъалаи 1. Ҷамъомади дар интиҳои сол гузаронидаи ҷамъияти саҳмиядорон қарор баровард, ки фоидаи ба маблағи 8,1 млн сомонӣ бадастовардаи ширкат бо тарзи зерин тақсим карда шавад: бештари ин маблағ барои фонди инкишофи ширкат ҷудо гардад. Маблағе, ки ба 20% - и фонди инкишофи ширкат баробар аст, барои пардохти дивидентҳои саҳмиядорон (фоидае, ки саҳмдорон мувофиқи сармояи худ аз ширкат мегиранд) ва маблағе, ки ба 15% - и фонди инкишофи ширкат баробар аст, барои талаботи иҷтимоии коргарон истифода бурда шавад. Ба ғайр аз ин, қарор бароварда шуд, ки саҳмияҳои иловагии арзишашон ба нисфи суммаи дивидентҳо баробар дар биржаи коғазҳои қиматнок фурӯхта шаванд. Аз ин миқдори саҳмияҳои иловагӣ 350 - тояш саҳмияи муқаррарӣ ва 200 - тояш саҳмияи имтиёзнок мебошад, ки аз саҳмияи муқаррарӣ 1,5 маротиба қиматтар аст. Муайян кунед, ки барои ҳар як самт чӣ қадар маблағ ҷудо карда шудааст? Арзиши саҳмияҳоро ёбед.

Масъалаи 2. Завод соли ҷорӣ ду тамғаи автомобил (А ва В) ба миқдори 52000 дона истеҳсол намуд. Дар назар дошта шудааст, ки завод соли оянда истеҳсоли автомобили А - ро 75% ва истеҳсоли автомобили В - ро 140% зиёд мекунад. Дар натиҷа истеҳсоли автомобил метавонад дар завод ду маротиба афзояд. Шумораи ҳар як намуди автомобил ҳам дар соли ҷорӣ ва ҳам дар соли оянда ёфта шавад.

Масъалаи 3. Барои боркашонии миқдори калони контейнерҳои вазнашон 170 кг ва 190 кг автомобилҳои қобилияти боркашониашон 3 тонна ҷудо карда шудааст. Оё ба ин мошинҳо контейнерҳоро пурра бор кардан мумкин аст?

Ҳадафи чоруми стратегии мамлакат – саноатикунонии босуръат аз мактаббачагон бо қадри зарурӣ бо донишҳои иқтисодӣ мусаллаҳ шуданро тақозо дорад. Баланд бардоштани ҷиҳати амалии курси математикаи мактабӣ имконият медиҳад, ки дар доираи он омӯзиши усули нави методию мақсадноки иқтисодиро ба роҳ монда, «курси иқтисодии математикаи мактабӣ» ташкил карда шавад. 

Дар зери мафҳуми «курси иқтисодии математикаи мактабӣ» ҷамъи донишҳои одии иқтисодӣ ва хосиятҳои онҳо, маҷмӯи масъалаҳои мазмуни иқтисодидошта, ки бо усулҳои математикӣ ҳал карда шуда, бо барномаҳои математикаи синфҳои 7-11 мувофиқат мекунанд, фаҳмида мешавад.

 

Муътабар САЛИЕВА,

омӯзгори синфҳои

ибтидоии гимназияи

хусусии «Тоҷикистон»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш