Нашрияи Омӯзгор

Адабиёти бадеӣ ҳамчун омили инсонсоз

Сана: 2020-04-09        Дида шуд: 862        Шарҳ: 0

 

Солҳои охир дар фаъолияти омӯзгорони пешқадам ва эҷодкор шаклҳои нави дарс (усулҳои фаъол) мавқеи хосса пайдо кардаанд.

Беҳуда нест, ки ин масъалаи муҳимро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо зиёиён бори дигар  Вазорати маориф ва илм ва дигар вазорату идораҳоеро, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ доранд, вазифадор намуданд, ки “дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, сарфи назар аз шакли моликият, ҳангоми таътилҳои чорякӣ ва тобистонаву зимистона омӯзишу мутолиаи асарҳои илмиву адабиро ба роҳ монанд ва бо мақсади қавӣ гардонидани ҳофизаи хонандагону донишҷӯён барои азхудкунии порчаҳои назмиву насрӣ ва қоидаву асосҳои фанҳои риёзиву табиӣ меъёру талаботи заруриро муқаррар намоянд”.

Қобили тазаккур аст, ки Сарвари давлатамон нақш ва мақоми китоб-ро дар тарбияи насли наврас, таҳкиму тақвият ёфтани ҳувияти миллӣ ва худогоҳиву худшиносии ҳар як фарди ҷомеа борҳо гаштаву баргашта дар суханрониҳояшон таъкид намудаанд.

Тибқи таҳлили пажӯ-ҳишгарон мутолиаи асарҳои бадеӣ   ҳофизаи хонандагонро қавӣ гардонида, барои осонтар аз худ кардани фанҳои риёзиву табиӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Бояд зикр кард, ки тибқи ақидаи олимон, мутолиаи доимии адабиёти бадеӣ умри инсонро зиёдтар мегардонад. Зеро аз рӯйи маълумоти тиббӣ фаъолияти бисёр узвҳои инсон ба фаъолияти майнаи сар вобастагии зич дорад. Бемориҳои узвҳои дарунии инсон аз фаъолияти нодуруст ё заифии майнаи сар ба амал меоянд. Китобхонӣ майнаи сарро варзиш медиҳад. Чӣ тавре ки мо узвҳои бадани худро ба туфайли варзиш қавӣ мегардонем, майнаи сарро низ ба воситаи китобхонӣ метавон қавӣ гардонд.           

Мутолиаи китоби бадеӣ дар ниҳоди хонанда вобастагиро ба хондан ба вуҷуд меорад ва оқибат дарк менамояд, ки хондан ин худ лаззат ва ҳаловат бурдан  аст. Ҳамин ки чунин ҳиссиётро дарк намуд, бешак дар роҳи мутолиаи доимӣ қарор хоҳад гирифт.

 Пайваста хондан, аз ёд кардани ғазалу порчаҳои шеърӣ нутқро равону суфта гардонида, малакаи озодона баён намудани фикрро сайқал медиҳад. Инчунин, захираи луғавии хонандаро ғанӣ мегардонад.

Мутолиаи адабиёти бадеӣ хонандаро ба ростию росткорӣ, покиву озодагӣ, инсондӯстӣ ва шуҷоату қаҳрамонӣ ҳидоят менамояд, бо асрори олами воқеӣ, дунёи рангини муаллиф, пардаҳои сеҳрангези оламу одам ошно месозад. Ба олам аз нуқтаи назари гуногун назар меафканад. Дар ӯ қобилияти ба ашё аз нуқтаи назари гуногун назар карданро ба вуҷуд меорад. Вогузор мекунад, ки дурустӣ ё нодурустии ақидаи худро таҳлил намояд ва аз ақидаи нодурусти худ даст кашад.

 Дар асарҳое, ки характери қаҳрамон бо маҳорати баланд тасвир шудааст,  дар хонанда малакаи омӯхтани дарси ҳаёт  ва дар вазъиятҳои душвори зиндагӣ  рӯҳафтода нашудан,  ба роҳи хато нарафтан, балки мисли қаҳрамонҳои дӯстоштаашон тадбирҳои судманд андешиданро меомӯзонад.

Дар роҳи интихоби касб низ ба хонандагон ёрӣ мерасонад. Бештари хонандагон то хатми мактаби миёна ба як хулосаи қатъӣ омада наметавонанд, ки дар оянда кадом касбро бояд интихоб намоянд. Хонандагон аксар ба қаҳрамонони дӯстдоштаи худ тақлид ва пайравӣ мекунанд, ба касбу кори онҳо дил мебанданд, мехоҳанд касби онҳоро дошта бошанд,  мисли онҳо  амал намоянд ва кору зиндагӣ кунанд.

Адабиёти бадеӣ тахайюлот ва қобилиятҳои эҷодкоронаи хонандагонро баланд мебардорад. Маълум аст, ки ҳодиса ва воқеаҳои асар  дар замон ва макони муайян ба амал меоянд. Ҳар хонанда аз рӯйи тахайюли худ муҳити амали қаҳрамонон ё ҷойи баргузории ҳодисаву воқеаҳои дар асар тасвирёфтаро тасаввур мекунад. Яъне, чун коргардони театр хаёлан саҳнаи амали образҳоро месозад. Симои образҳои мусбат ва манфии асар аз рӯйи амалу рафтор ва гуфторашон  ба ҳар хонанда вобаста ба завқи онҳо ба тарзи гуногун зоҳир мегардад. Худи хонанда низ дар қатори образҳо ба ҳодисаву воқеаҳои тасвир-ёфта ворид мегардад, ба онҳо эҳсоси ҳамдардию ҳамраъйӣ мекунад.

Бояд гуфт, ки ҳеҷ кӯдак бидуни дахолати калонсолон аз пеши худ китобхон намешавад. Барои ба китобхонӣ ҷалб намудани кӯдакон, пеш аз ҳама, шавқи онҳоро ба китобхонӣ бедор кардан зарур аст. Аз рӯйи тавсияи мутахассисон ба кӯдак дар марҳалаи ибтидоӣ бояд китобҳои шавқовар аз ҷониби калонсолон, падару модарон, мураббиёну омӯзгорон ҳатман бо риояи тамоми қоидаҳои хониш, ифода кардани эҳсосоти хурсандӣ, ҳаяҷону изтироб,  лаҳни гуфтор хонда шавад. Дар ин сурат, таъсир ва ҷаззобияти китоб барои кӯдак  боз ҳам бештар мегардад. Зеро кӯдак, ки ҳанӯз хонда наметавонад ва ё акнун хонданро ёд гирифтааст, агар матнро мустақилона хонад, ин нозукиҳои матнро риоя намекунад ва матн таъсир ва ҷаззобияти худро гум карда, барояш хастакунандаву дилгиркунанда мегардад.

Воситаи дигари ҷалби хурдсолон ба адабиёти бадеӣ бо ороиши баланд, расму суратҳои зебо ва аз ҷиҳати мазмун мувофиқ ба завқи онҳо  нашр кардани адабиёти кӯдакона мебошад, ки имрӯз бо истифода аз технологияи муосир дар тамоми нашрияҳои ҷумҳурӣ чунин шароит фароҳам оварда шудааст. Вале имрӯз адабиёти кӯдакона дар Тоҷикистон дар қиёс бо дигар ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ аз ҷиҳати теъдод ва номгӯй хеле кам нашр мегардад, ки ин талаботи тамоми хонандагони хурдсоли ҷумҳуриро ба таври кофӣ қонеъ карда наметавонад.

Дигар аз воситаҳои ба хондан ҷалб намудани хурдсолону ҷавонон ва умуман, ҳар фарди ҷомеа нашри адабиёти бадеӣ аз эҷодиёти шоирону нависандагони бузурги классикии форсу тоҷик ва адабиёти ҷаҳон мебошад.

Дар солҳои охир ба тарҷумаи асарҳои адибони ҷаҳон кам таваҷҷуҳ зоҳир карда мешавад.  Ба хонандагон дар баробари асарҳои бузургони худ асарҳои беҳтарини адабиёти ҷаҳониро низ тарҷума ва пешниҳод кардан лозим аст. Ин имкон медиҳад, ки хонандагон дар қиёс бо адабиёти халқҳои дигар, ба адабиёти худ баҳо дода тавонанд, арзиши адабиёти миллати худро дарк намоянд.

Бо мақсади ба хондан ҷалб намудани ҷавонон ва шаҳрвандон ҳамасола аз ҷониби ҳукумат, Вазорати маориф ва илм, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои судманд, аз қабили нашри адабиёти бадеӣ аз силсилаи “Ахтарони адаб”, “Китобхонаи мактаб”, “Гулбоғи адаб”, таъсис додани сайтҳои китобхонаҳои электронӣ, ташкил намудани намоишгоҳҳои китоб дар дохил ва берун аз ҷумҳурӣ, корвони китоб, озмунҳои “Китобхони беҳтарин” бо номи “Фурӯғи субҳи доноӣ”, маҳфилҳои адабӣ бо иштироки шоирону нависандагон, рӯйнамоии асарҳои тозанашри адибон ва ҳамасола таҳлилу баррасӣ гардидани ҳусну қубҳи адабиёти кӯдакона дар Иттифоқи нависандагон ва ғ. андешида мешаванд, ки аз таваҷҷуҳ ва ғамхории давлат дар роҳи ҷалби хонандагон ва шаҳрвандон ба китобу китобхонӣ гувоҳӣ медиҳанд.

Ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи нашриявии “Маориф”  бо дастури Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон 30 номгӯй адабиёти бадеиро аз эҷодиёти шоирону нависандагони муосири тоҷик омода ва нашр кардааст, ки ҳадаф аз он ба хонандагон пешниҳод намудани адабиёт ва беҳтар аз худ намудани мавзӯъҳои дар барномаҳои таълимӣ пешбинишуда мебошад. 

 

Наҷмиддин

 Салоҳиддинзода


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш