Нашрияи Омӯзгор

Ганҷи бебаҳо

Сана: 2020-04-09        Дида шуд: 810        Шарҳ: 0

 

Дониш зи китоб асту китоб

асту китоб,

Хониш, ки савоб асту савоб асту

савоб.

Аз бузургии китоб ва аҳамияти он дар тарбияи ахлоқии инсон бисёр гуфтаанду фаровон навиштаанд. Китоб сайқалдиҳандаи фаросати инсон аст. Ҳар кӣ пайваста мехонад, гуфтораш, рафтораш аз нохондаҳо фарқ мекунад. Чизе, ки аз одам бо дуздӣ гирифта намешавад, донишест, ки аз китоб бо машаққату шабзиндадорӣ ба даст овардааст.

Раҳматии бародарам Ҳомид Ҷомизода аз омӯзгорони шинохтаи забон ва адабиёти тоҷик дар ноҳияи Файзобод эътироф мешуд. Шогирдонаш имрӯз ҳам, аз ӯ ба некӣ ёд мекунанд. Дар тӯли 27 соли омӯзгорӣ шогирдони зиёд ба камол расонд. Хизматҳояш бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон», медали «100-солагии В.И.Ленин» ва чандин ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шуд.

Мо - бародаронаш Қурбон, Ҷамшед, Шодиро мудом талқин мекард, ки китоб хонем. Мегуфт:

«Китобро хор накунед, ки хор мешавед». Баъзан ману Ҷамшедро даъват карда, аввал аз тайёриямон ба дарсҳо пурсон мешуд, баъд аз китобҳои бадеие, ки супориш дода буд.

Аввалин маротиба ба мо хондани китобҳои устод Айнӣ «Ёддоштҳо», романи «Дохунда», повестҳои «Одина» ва «Марги судхӯр»-ро тавсия дод. Бо маслиҳати ӯ «Обутоб ёфтани пӯлод»-и Н.Островский, «Субҳи ҷавонии мо»-и Сотим Улуғзода, «Духтари оташ», «Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро»- и Ҷалол Икромӣ, «Нанг ва номус»-и Муҳиддин Хоҷаев, «Ҳар беша гумон мабар, ки холист»-и Фотеҳ Ниёзӣ, романи «Модар»-и Максим Горкийро мутолиа кардем. Ҳамчунин, моро ба хондани адабиёти ҷаҳон, аз бар кардани шеъри шоирони классик ва муосир ташвиқ мекард.

Ин мисолҳоро барои он овардем, ки ҳаёти ҷавонии мо, бачаҳои деҳотӣ, ҳамин тавр мегузашт. Вале, афсӯс, имрӯз меҳру муҳаббат, самимияту меҳрубонӣ байни ҳамсояҳо, муаллимон, ходимони дин, бародарону калонсолон коста гаштааст. Чуноне ки мегӯянд, «Ҳар киву ҳар чӣ». Мешунавем, мушоҳида мекунем, ки ҷавонон ба хондани китоби бадеӣ, рӯзномаю маҷаллаҳо кам рағбат дошта, бештар ба тамошои филмҳои фаҳшу зӯроварӣ, куштору вайронкорӣ, истифодаи бемавриди телефонҳои мобилӣ машғуланд. Ана, ҳамин гуна амалу рафтор наврасону ҷавононро ба бадахлоқию вайронкорӣ мебарад. Ҷавоне, ки майлу ҳаваси хондан надорад, бовар кунед, падару модари худ, деҳаи худ, мактабу ҳамсинфи худро дӯст намедорад. Ин бадбахтист! Мушоҳида карда бошед, аксари наврасону хонандагони мактаб, донишҷӯёни мактабҳои олӣ соҳиби якто не, дуто телефони мобилӣ ҳастанд. Онҳо рӯи роҳу дохили нақлиёт, дар бозору мағоза хуллас, куҷое рост ояд, суханҳои зишту ғализ мегӯянд. Бовар дорам, ки ин қабил ҷавонон аз китоб бӯе набурдаанд. Дигар ин ки ба ҷавонони имрӯза тақлиди либоспӯшии мардуми бегона таъсир расондааст.

Мо намегӯем, ки ҷавонони мо техникаю технологияи замонро истифода набаранд. Вале ҳар чиз меъёр дорад. Бояд таълиму тарбияи насли наврас доир ба омӯзиши технологияи навин ба мактаббачагон дар мадди аввал бошад. Хуб аст, ки бештари ҷавонон бо технологияи замон хуб кор мекунанд, вале калонсолон бояд гӯянд, ки онҳо аз сомонаҳои интернетӣ чиро истифода баранду чиро не. Ҷавонони имрӯза бештар ба шабакаҳои интернетӣ, мисли «Одноклассники», «Фейсбук», «Вайбер», «Вотсап», «ВКонтакте», «Твиттер», «Инстаграм» ва ғайра пайваст шуданро мехоҳанд. Хуб аст, вале хондани асарҳои тарбиявӣ мисли «Футувватнома»-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ, «Маснавии маънавӣ»-и Мавлавӣ, «Шоҳнома»-и Фир-давсӣ, «Кимиёи саодат»-и Ғаззолӣ фоидабахштар аст. Ин асарҳо дар сайтҳои интернетӣ ҷой дода шудаанд. Ҳама амалҳо дар меъёри ақлу хирад натиҷа медиҳад, вале кам хондану кам азбар кардан касро бо гумроҳӣ мебарад. Як нуктаро қайд кунам, шояд хато нашавад: нависандагон, рӯзноманигорон, кормандони радиову телевизион, асарҳои хонданбоб, барномаҳои шуниданбоб, намоишҳои беҳтарини тарбиявӣ пешкаш мекунанд. Ин кори осон нест. Заҳмати зиёдро талаб мекунад. Вале аз пешниҳоди онҳо боз ҳамон эҷодкорон истифода мебаранд. Нохондаҳо, ба ифодаи дигар, ба хондан рағбат надоштаҳо дар канор мемонанд.

Чизи дигар касро дар ҳайрат мемонад: ҳангоми обуна шудан ба маҷаллаю рӯзномаҳо байни сарварону кормандони ташкилоту муассисаҳо норозигӣ ба амал меояд. Намеандешем, ки барои корҳои бефоидаю зараровар чӣ қадар маблағ масраф мекунему барои номнавис шудан ба рӯзномаю маҷаллаҳо пофишорӣ мекунем. Банда боре хостам як рисолаи таърихӣ оид ба маорифчиёни Файзобод нависам. Мудири шуъбаи маориф Шаъбон Восеев мақсади маро хело хуш қабул кард ва ба Шӯрои директорон даъват намуд. Дар маҷлис сухани аввалро ба ман дод, то мақсадамро баён кунам. Аз толор Зайдулло Давлатов, корманди шуъбаи маориф, гуфт:

«Мо аз мактабҳо мавод омода кунем, худамон китоб менависем». Дарро задам, девор кафид. Агар китобнависӣ кори саҳлу осон мешуд, ҳама қалами нависандагӣ мегирифт. Мисоли дигар. Дар маъракае муллои нахонда аз Шайх Аттор сухан кард ва чанд шеърро ғалат хонд. Ман гуфтам:  «Мураттиби «Чаҳор китоб» Шайх Аттор аст, ки аз назми Саноӣ, Ғаззолӣ ва дигарон оварда шудааст». Мулло гиребон дошта, тавбакунон таъкид кард: «Муаллим, тавба кунед, ки гунаҳгор шудед». Албатта, ман суст наомада, нимчамуллоро дар «ҷояш шинондам». Лекин гап ҳамин аст, ки агар мулло хондагӣ мешуд, моро «гунаҳгор» ҳукм намекард.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид мекунанд, ки китобхониву китобдӯстӣ инсонро ба қуллаи мурод мерасонад, ӯро ҳимматбаланду қадршинос мегардонад. «Эҳтиром ба Ватан, ифтихор бо Тоҷикистони азиз, дӯст доштани ҳар гӯшаю канори он аз дуруст мутолиа кардани китоб ва аз бар кардани матнҳои он ба даст меояд». Модоме Роҳбари давлат чунин ақида пешниҳод менамоянд, чаро мо рӯ ба китобу китобхонӣ наорем?! Дар шаҳраки Файзобод, дар маркази маъмурии ҳар ҷамоат ва мактабҳо китобхонаҳои пур аз ганҷ мавҷуданд, вале муштариёни онҳо ангуштшуморанд.

Китоб пойдевори мактабу нигоҳдорандаи таърихи ҳар миллат аст. Аз замоне, ки инсон хешро шинохт, барои худ, фарзандон, миллат ва ояндааш рӯ ба китобу мактаб овард. Муаллифи асари «Филобиблон», яке аз ходимони давлатии асри сездаҳи Англия Ричард Берӣ навиштае дорад: «Манораҳо аз рӯйи замин нест шуданд, давлатҳо аз байн рафтанд, пештоқҳои нуқрагини зиёде пӯсида ба хок яксон шуданд. Ягон шоҳ ё пешвои дин чизе барои гарави абадият пайдо накардааст, ба ҷуз китоб». Дар ҳақиқат, китоб абадияти инсониятро нигоҳ медорад.

Хуб мешавад, ки насиҳати Абдураҳмони Ҷомиро дар гӯш бигирем:

Хуштар зи китоб дар ҷаҳон ёре

нест,

Дар ғамкадаи замона ғамхоре

нест.

Ҳар лаҳза аз ӯ ба гӯшаи танҳоӣ

Сад роҳате ҳасту ҳаргиз озоре

нест.

 

Қ.ҶОМӢ,

омӯзгор аз

ноҳияи Файзобод


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш