Нашрияи Омӯзгор

Сӯхторро пешгирӣ бояд кард

Сана: 2018-06-06        Дида шуд: 749        Шарҳ: 0

Аз тарафи роҳбарону масъулони тамоми муассисаву иншооти таълимӣ ба таъмин ва риояи  талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор бояд диққати махсус дода шавад.

Бояд қайд кард, ки дар рафти чорабиниҳои  зиддисӯхтор аз тарафи кормандони ХДО ВКД дар қатори дигар камбудиву норасоиҳои ошкоркардашудаи зиддисӯхторӣ зиёда аз 40 қитъаи барқии дар ҳолати хавфи сӯхтор қарордошта сари вақт ошкор ва безарар гардонида шуданд. Ҳамчунин, нисбат ба 42 нафар мудиру масъули ширхоргоҳ-кӯдакистонҳое, ки дидаву дониста мунтазам талаботи меъёру қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхторро риоя ва иҷро намекарданд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 36600 сомонӣ ҷаримабандӣ карда шуданд.

Илова бар ин, барои вайрон намудани талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор ва бо мақсади ҳифзи ҳаёту саломатии тарбиятгирандагону кормандони  боғчаву ширхоргоҳ-кӯдакистонҳо ва эмин нигоҳ доштани молу мулки давлатӣ аз нобудшавӣ дар сӯхтор, дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо қарори сардори Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун чораи ҳадди ниҳоӣ 9 адад  боғчаву ширхоргоҳ-кӯдакистонҳои шаҳри Душанбе, аз ҷумла, боғча ва ширхоргоҳ-кӯдакистонҳои №№62,101 ва 139-и ноҳияи Сино, №5-и ноҳияи И.Сомонӣ, №№106 ва 134-и ноҳияи Фирдавсӣ ва ғайраҳо муваққатан (то пурра бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта) аз фаъолият боздошта шуданд. Пас аз тадбиру чораҳои андешидашудаи ХДО ВКД, аз тарафи мудирони шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои пойтахт ба унвони сардори СХДО ВКД мактубҳои кафолатӣ бо дархости муайян намудани муҳлати иловагӣ барои бартараф намудани камбудиҳои зиддисӯхторӣ ва ба фаъолияти минбаъда шурӯъ намудани боғчаву ширхоргоҳ-кӯдакистонҳо пешниҳод карда шуданд. Бо назардошти мақсади асосӣ - бартараф намудани камбудиҳои зиддисӯхтории ошкоргардида ва аз барномаҳои таълиму тарбиявӣ дар канор намондани хурдсолон, дархости тибқи мактуби кафолатӣ пешниҳод кардашудаи мудирони шуъбаҳои маориф аз  тарафи сардори СХДО ВКД қонеъ гардонида шуд.

Кароматулло АБДУЛЛОЕВ,

Толиб ҲАЁТОВ,

кормандони СХДО ВКД ҶТ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бузургон ҳеҷ гоҳ носипос набудаанд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш