Нашрияи Омӯзгор

Маърифати техникии хонандагон

Сана: 2020-04-09        Дида шуд: 816        Шарҳ: 0

 

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо олимони кишвар (18.03.2020) вазъи илму маориф ва масъалаҳои вобаста ба рушди имкониятҳои зеҳнии мардуми кишвар дар шароити соҳибистиқлолиро таҳлил намуда, аз ҷумла, баён доштанд:  Академияи таҳсилот ва Пажӯҳишгоҳи рушди маорифро зарур аст, ки вазъи амалишавии ислоҳоти соҳаи маорифро ҳамаҷониба омӯхта, ҷиҳати ҷорӣ кардани таҷрибаи наву пешқадам, сатҳу сифати китобҳои дарсӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот чораҷӯӣ намоянд.

Ҳамчунин, бо мақсади татбиқи Фармони Президенти мамлакат доир ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, ки ба таъмин намудани пешрафти корҳои илмиву таҳиқотӣ ва ташаккули салоҳиятнокии касбӣ равона шудааст, чораҳои зарурӣандешад”.

Тавре маълум аст, аснои таълими фанҳои табиӣ-риёзӣ мо асосан ба хонандагон мафҳум, қоида  ва формуларо таълим медиҳем, то ки  онҳо ин мафҳумҳоро дуруст истифода баранд.  Китобҳои дарсии мо маъмулан аз рӯйи ҳамин принсип сохта шудаанд.  Албатта, одилона нест, агар бигӯем, ки таълими сохторӣ танҳо ба назария такя кардан дар таълим аст. Омӯзгорон мафҳум, қоида  ва формуларо шарҳ дода, ба хонандагон имконият медиҳанд, ки мустақилона машқ таҳия кунанд ва мавриди иҷро қарор диҳанд.  

Таълими функсионалӣ бошад, ба таҷрибаи хонанда такя мекунад. Омӯзгор хонандаро ёдрас менамояд, ки ба мисолҳои ҳаётӣ рӯ биёрад ва дар амал  татбиқ намояд. Ин, бешубҳа, шавқу ҳаваси шогирдонро нисбат ба омӯзиш бештар месозад. Ҳамчунин, дар таърихи назарияҳои педагогӣ омӯзиши проблемавӣ мавқеи махсус дорад. Дар истифодаи омӯзиши проблемавӣ, ки рушди тафаккури мантиқӣ ва маърифати техникии хонандагон ба он такя мекунад, мавзӯъ аз проблема оғоз карда шуда, дар ҷараёни шиносоӣ бо мавзӯи нав хонандагон бо вазъияти проблемавӣ рӯ ба рӯ мешаванд.  Дар ин ҳолат онҳо роҳҳои гуногуни ҳалли проблемаро ҷустуҷӯ мекунанд ва дар охир ба ҳалли он муваффақ мегарданд.  Омӯзиши проблемавӣ ба хонанда имкон медиҳад, ки ӯ зарурати омӯзиши мавзӯи пешниҳод шударо дарк кунад. 

Ҷомеаи  муосир  тақозои онро дорад, ки хонанда  ба  фаъолияти озоди мақсаднок ва зиндагӣ омода бошад. Дар шароити бархӯрди фарҳангҳо, ки дар заминаи рафтуомад, муҳоҷират ва кӯч бастани одамон аз як макон ба макони дигар сурат мегирад, танҳо шахси  дорои тафаккури мантиқӣ ва маърифати техникӣ метавонад комёб шавад. Вазъияти баамаломада на танҳо дигаргуниро дар барнома, инчунин, дар китоби дарсӣ ва пеш аз ҳама, дар муносибати омӯзгор талаб мекунад. Аз ин рӯ, матнҳо ва маводе, ки барои хонанда таҳия карда мешаванд, бояд таҷассумгари мазмун ва муҳтавои муҳит ва воқеияти берун аз муассисаи таълимӣ бошанд.

Рушди тафаккури мантиқӣ ва маърифати техникии хонандагон ҳангоми таълими фанҳои табиӣ-риёзӣ муносибати мушаххасро талаб  менамояд. Зеро табиат ва хусусияти фанҳои мазкур бевосита ба таҳрики паҳлуҳои мантиқиву тафаккури майнаи инсон равона карда шудаанд. Ба замми ин, ҳангоми таълими фанни мушаххас мо  бояд рушди тафаккури мантиқӣ ва маърифати техникии хонандагонро ҳамчун салоҳиятҳои асосӣ ё фаннӣ ба назар гирем.

Барои рушди тафаккури мантиқӣ ва маърифати техникии хонандагон муҳим аст, ки фаъолияти хонандагон ба ҳалли проблема равона карда шавад. Ин ҷо омӯзгор набояд пешакӣ хулоса барорад,  балки хонандагон дар натиҷаи супоришҳои амалии пай дар пай ба хулоса оянд, алоқамандии мавзӯи баррасишавандаро бо ҳаёт дида тавонанд ва зарурати омӯзиши мавзӯъро дарк кунанд. 

Паҳлуи дигари ҷараёни таълим ташкили дурусти фаъолияти хонандагон аст.  Мавриди зикр аст, ки баъзе омӯзгорон маҳз дар ҳамин ҷо усули фаъолро бо муносибати босалоҳият омехта мекунанд. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки омӯзгорон кӯшиш менамоянд, то хонандагон бештар дар гурӯҳҳои хурд фаъолият кунанд. Аммо дар муносибати босалоҳият нисбат ба омӯзиш ҳадафи асосӣ ташкили корҳои гӯруҳӣ набуда, фарогирии тамоми хонандагон ба фаъолият ва бо проблема рӯ ба рӯ кардани онҳост.  Арзёбӣ ва баҳогузорӣаз масъалаҳое ба шумор мераванд, ки аз оғози корбурди муносибати босалоҳият ба таълим коршиносони методикаи таълимро ба ташвиш овардаанд.  Барои омӯзгор таҷрибаи хеле бойи корӣ лозим аст, ки арзёбиро тибқи  талаботи таълими босалоҳият роҳандозӣ намояд.  То ҳол омӯзгорон шакли арзёбии фаъолияти хонандагонро  дар дарс тағйир надодаанд.  Аммо баъди машварат ва суҳбату тавсияҳои илмию методӣ мо мушоҳида мекунем, ки муносибати омӯзгор ба ин масъала низ дигар мешавад.  Мувофиқи нишондодҳо мундариҷаи дарс бояд ба мақсади гузошташуда мувофиқат намояд. Мақсади дарс бояд вазифаҳоеро фаро гирад, ки ченшаванда ва иҷрошаванда бошанд, ба марҳилаи ташаккули салоҳиятҳо мувофиқат намояд.

Зарурати корбурди раҳёфти босалоҳият ба омӯзиш, дар замони муосир дар назди хатмкардагони муассисаҳои таълимӣталаботи нав- “рушди тафаккури мантиқӣ ва маърифати техникии хонандагон аз фанҳои табиӣ - риёзӣ”- ро мегузорад, ки бо тарзи муносибат ё таълими  анъанавӣ дастрасӣ ба он душвор аст. Зеро хонандагон ба баёни мустақилонаи фикр, табодули назар бо ҳамсолони худ, асоснок кардани мавқеи худ  ба таври кофӣ омода нестанд. 

Барои рушди тафаккури мантиқӣ ва маърифати техникии хонандагон аз фанҳои табиӣ - риёзӣ аз омӯзгор тағйир додани муносибат нисбат ба татбиқи барнома тақозо карда мешавад.  Хонандагон бояд ба таълим бо шавқу рағбат ва ҳамчун талаботи шахсии худ муносибат кунанд.

Вобаста ба масоиле, ки мавриди мулоҳиза қарор додем, мушкилот ва пешниҳодоти зерро метавон махсус зикр кард:

1. Дар раванди таълим арзёбӣ ва баҳогузорӣ аз масъалаҳое ба шумор мераванд, ки аз оғози корбурди муносибати босалоҳият ба таълим коршиносони методикаи таълимро ба ташвиш овардаанд ва  то ҳол омӯзгорон шакли арзёбии фаъолияти хонандагонро  дар дарс тағйир надодаанд. 

2. Барои рушди тафаккури мантиқӣ ва маърифати техникии хонандагон аз фанҳои табиӣ - риёзӣ на ҳамаи омӯзгорон муносибати хешро нисбат ба иҷрои барномаи таълим тағйир додаанд.

3. На ҳамаи омӯзгорон зарур будани проблемагузориро дар дарс, ки асоси рушди тафаккури мантиқист, сарфаҳм рафтаанд.

4. Тавассути ВАО-и соҳавӣ, таҳияи дастуру китобҳо,  ташкили мизҳои мудаввару семинар-машваратҳо, иттиҳодияҳои медодии фаннии мактабӣ, иттиҳодияҳои медодии фаннии минтақавӣ ва курсҳои такмили ихтисос пайваста моҳияти муносибати босалоҳият ба таълимро ба омӯзгорон бояд фаҳмонд;

5. Масъалаи роҳҳои  рушди тафаккури мантиқӣ ва маърифати техникии хонандагонро аз  фанҳои табиӣ - риёзӣ дар ҷаласаҳои муассисавӣ баррасӣ бояд намуд;

6. Сомонаҳои муассисаҳоро дар шабакаи Интернетӣ фаъол  намуда, дастрасии омӯзгоронро ба маълумоти нав оид ба рушди тафаккури мантиқӣ ва маърифати техникии хонандагон таъмин  кардан лозим аст;

7. Пойгоҳи  озмоишӣ-таҷрибавии муассисаҳои таълимиро устувор ва бо таҷҳизот таъмин бояд сохт;

8. Оид ба ҷалби наврасону ҷавонон ба ихтироъкорӣ ва дар ин замина  ҷиҳати ташаккули тафаккури мантиқии онҳо тадбирҳо амалӣ бояд андешид;

9. Таҳияи лоиҳаҳои хурди илмӣ-таҳқиқотиро аз тарафи хонандагон дар ҷараёни дарсҳои  табиатшиносӣ ва риёзӣ ба роҳ бояд монд.

 

Султонмурод Туронов,

муовини директори Пажӯҳишгоҳи рушди маориф

ба номи Абдураҳмони Ҷомии

Академияи таҳсилоти Тоҷикистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш