Нашрияи Омӯзгор

Тамоку - заҳри қотил, вале чаро аз он даст намекашем?

Сана: 2020-04-09        Дида шуд: 811        Шарҳ: 0

 

Мо ҳамарӯза шоҳиди сигоркашии одамони зиёде мешавем. Худи онҳо хуб медонанд, ки сигор ба саломатии инсон таъсири бад дорад, ҳатто болои қуттии он навишта шудааст, ки «тамокукашӣ ба саломатии шумо зарар дорад», вале новобаста ба ин, аз он истеъмол менамоянд.

Чаро? Аксари худи истифодабарандагони тамоку ҷавоби тайёр доранд: одат кардаему тарки он амрест муҳол. Вале  ин ҷавоби саҳлу сода  ва як навъ худфиребӣ низ ҳаст. Зеро инсон дидаву дониста набояд ба буня (организм) - и хеш ҷабр намояд.

Муҳаққиқон муайян кардаанд, ки дар барги тамоку яке аз моддаҳои ниҳоят заҳрноки  алкалоиди растанӣ – никотин вуҷуд дорад. Никотин дар решаи растании тамоку ба вуҷуд омада, ҷамъ мешавад ва аз он ҷо ба тамоми узви он паҳн мегардад, аммо аз ҳама бештар дар баргаш захира  мешавад. Бояд гуфт, бори аввал аз барги тамоку соли 1828 никотин ҷудо карда шудааст.

Бино ба гуфти доктори илми химия, профессор Ширинбек Холиқов, никотин заҳри системаи асаб ба ҳисоб рафта, ба риштаҳои асаб сахт таъсир оварда, ганглия (уқдаи асаб – варами риштаи асаб) – ро ба вуҷуд меорад.Одамоне, ки бори аввал ба тамокукашӣ шурӯъ менамоянд, ба дарди сар, дилбеҳузурӣ, қайкунӣ дучор мегарданд. Вале баръакс, одамоне, ки ба таври доимӣ ба кашидани дуди тамоку машғуланд, ба барангезиши системаи асаб дучор шуда, қаноатмандӣ ва хушнудиро ҳис менамоянд. Аммо зуҳуроти объективии заҳролудшавӣ гум намешавад: баландшавии фишори хун, зиёдшавии набз ва кашидашавии мушакҳои меъдаи холӣ ва ғайра.

Дарвоқеъ, тамокукашӣ яке аз одатҳои хатарноктарине ба ҳисоб меравад, ки инсон зери таъсири он қарор мегирад. Солҳои охир ин масъала  ба мушкилии бузург табдил ёфтааст.  Никотин яке аз даҳшатноктарин заҳрҳои табиӣ ба ҳисоб меравад. Парандагон аз он дарҳол мефавтанд, агар ба нӯли онҳо найчаи шишагини ба тамоку таршуда расонида шавад. Харгӯш ва сагҳо аз якчанд чакра никотин метавонанд фавтанд. Барои инсон миқдори марговари никотин аз 50  то 100мг ё 2-3 чакра мебошад.

Бино ба иттилои директори маркази саломатии  шаҳрии рақами 13-и пойтахт Ҳомидҷон Ҳамидзода,  тамокукаш ба он сабаб дарҳол намефавтад, ки ин миқдори никотин ба таври якбора не, балки тадриҷан ба организм ворид карда мешавад. Боз як қисми никотинро формалдегид (боз як навъи заҳре, ки дар таркиби тамоку мавҷуд аст) тоза менамояд. Дар тӯлӣ сӣ сол тамокукаш тақрибан 20 000 дона сигор истифода мебарад, ки дар ҷамъ 800 г. никотинро ташкил медиҳад. Тадриҷан кашидани тамоку дар организми тамокукаш одат ва майлро  ба вуҷуд меорад, ки он ба вобастагӣ аз тамоку оварда мерасонад. Никотин ба раванди мубодилаи моддаҳо дар организм мутобиқ ва пайваст шуда, ба моддаи зарурӣ ба организм табдил  меёбад. Аммо агар одаме, ки тамоку истеъмол намекунад, дар як маротиба миқдори калони никотин истеъмол намояд, метавонад фавтад. Ин ҳолатҳо дар аксар кишварҳо  ба назар мерасанд.

Мутаассифона, баъзеҳо дар назди аҳли оила, бахусус, кӯдакон сигор мекашанд, ки хуб нест. Ба  ақидаи профессор Ш. Холиқов, кӯдаконе, ки дар ҳуҷраҳои тамокукашида зиндагӣ мекунанд, бештар ба бемориҳои роҳҳои нафаскашӣ гирифтор мешаванд. Фарзандоне, ки волидайни онҳо тамокукаш мебошанд, дар тӯли солҳои аввали ҳаёташон касалиҳои бронхит ва пневмания миёни онҳо бештар ба назар мерасанд. Дуди тамоку гузариши нурҳои ултрабунафшро суст менамоянд, ки ин нурҳо барои кӯдаки рушдкунанда бисёр муҳим мебошад ва дар натиҷаи мубодилаи моддаҳо, азхудкунии қанд  ва сохтори витаминҳо дар организми инсон коҳиш меёбанд.

Дар кӯдаконе, ки модарони онҳо ҳангоми ҳомила будан тамоку истеъмол менамуданд, бештар авҷи касалии саръ (припадка) ба назар мерасад. Кӯдакони аз модарони тамокукаш бадунёомада инкишофи сусти ақлӣ ва физиологӣ доранд.

Тамокукашӣ миёни ҷавонон, дар мадди аввал ба системаи асаб ва кори системаи дил таъсири манфӣ мерасонад. Дар 12 – 15 – солагӣ дар онҳо аллакай мушкилии нафаскашӣ ҳангоми корҳои физикӣ ба назар мерасад. Солҳои талабагӣ солҳои рушд ва инкишофи ҳам физикӣ ва ҳам ақлонӣ мебошад. Организми инсон ба неруи зиёд эҳтиёҷ дорад, то ки ба ҳамаи ин сарборӣ тавонад тоб оварад. Он донишу малакае, ки дар даврони талабагӣ азхуд мешавад, аз ҳама қавӣ дар тӯли ҳаёт боқӣ мемонад.  

Ҳотами ҲОМИД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш