Нашрияи Омӯзгор

Ҳамкориҳо самарабахш нестанд

Сана: 2020-04-09        Дида шуд: 798        Шарҳ: 0

 

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2014 «Барномаи рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014-2020»-ро қабул намуд.

Иҷрои амалии барномаи мазкур дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ташвишовар мебошад. Дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб бояд 129 муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ ва 51 муассисаи таҳсилоти миёнаи хусусӣ сохта ба истифода дода мешуд. Айни ҳол дар шаҳру ноҳияҳои минтақа 2 муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ, яке дар шаҳри Кӯлоб ва дигаре дар ноҳияи Муъминобод фаъолият мекунанд, ки 1,55%-и иҷрои нақшаи дурнаморо таъмин мекунад. Мутаассифона, дар ноҳияҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Восеъ, Ховалинг, Балҷувон, Данғара, Фархор, Шамсиддин Шоҳин ва Темурмалик ҷиҳати иҷрои барнома ба ҳолати имрӯза ягон муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи хусусӣ сохта нашудааст. Дар ноҳияи Ховалинг соли 2013 бо ибтикори корхонаи заршӯйии «Одина» (дар деҳаи Шугнов) литсейи хусусӣ барои 180 нафар кӯдаки лаёқатманд ва барои 240 нафар хобгоҳ таъсис дода шуда, чор сол фаъолияти пурсамар дошт. Мутаассифона, фаъолияти корхонаи мазкур дер давом накард. Бо сабабаби маблағгузорӣ нашудан аз тарафи муассис ва кумаку дастгирӣ наёфтан аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия соли 2017 литсейи хусусӣ фаъолияташро қатъ намуд. Айни ҳол, литсейи мазкур дар тавозуни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қарор дошта, ба литсей-интернат табдил дода шуд ва дар он 180 нафар кӯдаки оилаҳои камбизоат ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст. Раиси ноҳияи Ховалинг Парвиз Акрамзода зимни суҳбат қайд намуд, ки дар ҳудуди ноҳия тайи солҳои 2014-2019  ягон муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи хусусӣ бунёд нагардидааст. Дар соли 2020 сохтмони ду муассисаи томактабии хусусӣ барои 100 нафар кӯдак дар деҳаҳои Сиёфарк ва Лоҳутӣ аз тарафи соҳибкорон Ф. Қаҳҳоров ва Ҷ. Қосимов оғоз ёфтааст. Солҳои охир дар ноҳияи Восеъ барои ҷалб намудани кӯдакону наврасон ба таълиму тарбия корҳои муайяне ба сомон расонида шудааст. Панҷ сол пеш дар маркази шаҳраки Ҳулбук ягона муассисаи томактабӣ бо фарогирии 70 нафар кӯдак дар 4 гурӯҳ фаъолият мекард. Бо азму талошҳои шуъбаи маориф дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давалатии ноҳия солҳои 2019-2020 дар ноҳия 8 муассисаи томактабӣ бо фарогирии 604 нафар кӯдак дар 24 гурӯҳ ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Ҳамчунин, дар назди 72 муассисаи таълимии ноҳия 48 маркази инкишофи кӯдак бо фарогирии 1673 нафар кӯдак таъсис дода шудааст. Соли равон сохтмони як гимназияи хусусӣ дар ҷамоати А. Авазов барои 600 ҷойи нишаст аз тарафи соҳибкор Шералӣ Шайхов ва ду муассисаи томактабӣ, яке дар деҳаи Анористони Ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ барои 120 нафар кӯдак аз тарафи соҳибкор Мафтунбӣ Абдулҳаева ва дигаре дар деҳаи Меҳробод барои 100 нафар кӯдак аз ҳисоби соҳибкор Лашкарӣ Мирзоев оғоз гардида, бо суръат идома дорад. Соҳибкорон тасмим гирифтаанд, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иншооти мазкурро мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд. Дар бораи фаъолияти муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Меҳрона»-и шаҳри Кӯлоб сарвари муассиса Райҳонбӣ Касирова чунин иброз дошт:

- Муассисаи хусусии томактабии «Меҳрона» соли 2009 барои 100 нафар кӯдак  таъсис дода шудааст. Он дорои бинои дуошёна буда, аз 14 ҳуҷра ва ҷойи хоб иборат аст. Айни ҳол дар ин ҷо 50 нафар кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, бо се вақт хӯроки гарм таъмин карда мешаванд. Мутаассифона, дар фаъолияти муассиса, мушкилоту проблемаҳои зиёде садди роҳи таълиму тарбияи тарбиятгирандагон гаштааст. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барои пардохти ҳаққи барқ, об, хизмати коммуналӣ, андози ғайри манқул ва дигар хизматрасониҳо агар кумак намояд, шароити молиявии муассиса беҳ мешавад, вагарна дар ин шароити вазнин муассиса фаъолияти худро минбаъд давом дода наметавонад.

Муассисаи томактабии хусусии «Миҷгона» соли 2015 аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Абдуҷаббор Зардиев барои 100 нафар кӯдак таъсис дода шудааст. Муассиса дорои 8 ҳуҷра, ошхона, 2 утоқи корӣ ва майдончаи бозии кӯдакон буда, бо тамоми лавозимоти нави замонавӣ таъмин мебошад.

Мутаассифона, иҷрои барномаи мазкур дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ташвишовар аст ва дар ин самт аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва соҳибкорону тоҷирони маҳаллӣ  ҳамкориҳои самараовар барои бунёди муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ ва томактабии ғайридавлатӣ (хусусӣ) ба мушоҳида намерасад.

 

Шариф АБДУЛҲАМИД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш