Нашрияи Омӯзгор

Забономӯзӣ – калиди муваффақият

Сана: 2020-04-09        Дида шуд: 829        Шарҳ: 0

 

 

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ имконоти зиёд фароҳам оварда шудааст ва дар ин замина барномаи давлатӣ низ қабул гардидааст.  Барои он ки дар мактаб забономӯзии хонандагон муваффақона бошад, омӯзгор бояд аз роҳу усулҳои фаъоли таълим самаранок истифода кунад. Забони русӣ яке аз забонҳои тавонову ғановатманди дунё ба шумор меравад ва бо он аҳолии зиёде гуфтугӯ мекунанд. Ин забони муоширати байни давлатҳои ИДМ ва забони расмии яке аз кишварҳои бузургу муқтадири олам Федератсияи Россия аст. Дар ситоишу бузургдошти забони русӣ низ бузургон, шахсиятҳои маъруф суханони меҳрбору самимӣ гуфтаанд:

 

Аз арзишмандии забони мо дар ҳайрат мемонӣ; ҳар ҳарфу ҳиҷо дар он ба гунаи гавҳару зарпора аст.

Н.В.Гогол

Забонамонро эҳтиёт намоед, он забони хеле зебову шевоест, ки чун ганҷинае  аз ниёгонамон ба мо мерос мондааст.

И.С.Тургенев

Ҳамин тавр, баҳри забондон гардидани насли наврас нақши омӯзгор бузург буда, аз ӯ масъулияти зиёдро талаб мекунад.

Таҳмина ҲАСАНЗОДА,

омӯзгор 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш