Нашрияи Омӯзгор

Фурӯғбахши субҳи доноӣ

Сана: 2020-04-09        Дида шуд: 816        Шарҳ: 0

 

Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар заминаи озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» маҳфилҳои дӯстдорони китоб ва нотиқон ташкил гардид.

- Ташкили ин гуна озмунҳо ба баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофиза, зуҳури чеҳраҳои нави сухандону суханвар, бой гардонидани захираи луғавӣ, арҷ гузоштан ба ҳадафҳои миллӣ ва эҳсоси ватандорию ватанпарастии ҷавонон замина мегузорад, - қайд кард донишҷӯи курси дуюми ихтисоси журналист - тарҷумони донишгоҳи мазкур Дилноза Амонова.

Сардори Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ ба номи Носири Хусрав Сангинмурод Шарифов гуфт, ки дар заминаи озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар донишгоҳ маҳфилҳои гуногун ташкил гардидааст ва донишҷӯёни зиёде аъзои онҳо мебошанд.

Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав барои устодону донишҷӯён китобхонаи оммавӣ ва электронӣ таъсис дода шудааст, ки хоҳишмандон аз он ба таври васеъ истифода менамоянд.

 

Интернет - олимпиада

Тибқи маълумоти Маркази таҳлилӣ-иттилоотии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, дар марҳилаи аввали “Интернет-Олимпиадаи кушодаи байналмилалии донишҷӯён”, ки аз рӯйи ихтисосҳои физика, забони русӣ, математика, химия ва информатика баргузор гардид, беш аз 70 донишҷӯ иштирок намуданд. 10 нафар ғолибони даври аввали олимпиада 27-28-уми марти соли равон дар даври дувуми он ширкат варзиданд. Ҳамчунин, дар назар аст, ки озмуни мазкур аз рӯйи ихтисоси информатика дар моҳи апрели соли ҷорӣ низ баргузор гардад.

Ба гуфтаи масъулини донишгоҳ, марҳилаи сеюми “Интернет-олимпиадаи кушодаи байналмилалии донишҷӯён” дар хориҷи кишвар гузаронида мешавад, ки донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав низ дар он иштирок хоҳанд кард. 

С. АЗИЗӢ,

вилояти Хатлон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш