Бо ибтикори роҳбарияти Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва коллеҷи омӯзгории ДДК конфронси илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Муҳаққиқ, адиб ва пажӯҳишгари нақди адабӣ» бахшида ба 60-солагии фаъолияти илмию эҷодии Корманди шоистаи Тоҷикистон, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Барот Латифов баргузор гашт. Дар кори он олимону адибон, меҳмонон ва устодону донишҷӯён ширкат доштанд.
Дар ифтитоҳи чорабинӣ ноиби ректор оид ба таълим Сафар Холиқов гуфт, Барот Латиф ҳамчун як пажӯҳишгари асил, нависанда ва рӯзноманигори хушсалиқа дар байни устодону донишҷӯёни донишгоҳ ҳурмату эҳтироми хоса дорад. Ӯ китобҳои «Ҷаҳони андеша ва назари Файзи Алам», «Шер як бача мезояд», «Ашъори ирфонии Алам» ва ғайраҳоро рӯи чоп овардааст. Сипас, Муҳаммад Абдураҳмонов, профессор, ноиби Президенти Академияи илмҳои ҶТ дар мавзӯи «Барот Латиф – муҳаққиқи шинохтаи осори Файзи Алам» суханронӣ кард. Хизматҳои Барот Латиф дар муаррифӣ намудани шоир Алами Дуобӣ ниҳоят калон мебошад. Баъдан Урватулло Тоиров, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, дар мавзӯи «Баъзе навҷӯиҳо дар назми шоирони асри XX тоҷик», Фарҳод Шафизода, директори коллеҷи омӯзгории ДДК дар мавзӯи «Татаббӯъ ва тазмини Файзи Алам аз ашъори шоирони дигар» ва ғайраҳо суханронӣ карданд.
Шариф АБДУЛҲАМИД,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр