Дар китобхонаи бачагонаи ноҳияи Мастчоҳ фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» ҷамъбаст гардид.
Дар доираи фестивал аз 2 то 9 апрели соли ҷорӣ чорабиниҳои гуногун, аз қабили вохӯрии хонандагон бо адибон, суҳбатҳои мизи гирд, муаррифии китобҳои нав сурат гирифтанд. Озмунҳои гуногун, аз қабили расмкашӣ аз рӯи асарҳои кӯдакона, «Китобчаи дӯстдоштаи ман», озмуни «Хабарнигорон барои беҳтарин инъикоси таҷрибаи коллективҳои меҳнатӣ оид ба тарғиби китоб ва рушди хониш дар ВАО”, сабқатҳои «Фаъолтарин хонандаи ҷа-вон», «Машҳуртарин адиби кӯдакон», “Фаъолтарин китобхона ва хонандаи ҷавон”, «Ровиёни ҷавон» чорабиниҳои асосии фестивал буданд.
- Имсол фестивал ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф, инчунин, китобҳои тозанашре, ки дар соли 2019 - 2020 интишор ёфтаанд, бахшида шуд, – гуфт директори китобхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳ ба номи Қувват Давлат Давлатмаҳмад Қурбонов.
Нуъмон Раҷабзода,
Муллошукур ШОКИРЗОДА
Иловакунӣ
Иловакунии фикр