Нашрияи Омӯзгор

Лоиҳаи «Дом русской книги» амалӣ мешавад

Сана: 2020-04-09        Дида шуд: 786        Шарҳ: 0

 

Ҳамасола аз ҷониби шаҳрвандони ВМКБ, ки муқими Федератсияи Россия мебошанд, ба муассисаҳои таълимии вилоят дасти кумак расонда мешавад.

Ба наздикӣ зиёда аз 800 китоби дарсӣ ба таълимгоҳҳои водии Ғунди ноҳияи Шуғнон дастрас гардид. Ин туҳфаи наҷиб аз диаспораи тоҷикони муқими Ҷумҳурии Осетия – Аланияи Шимолӣ таҳти сарпарастии ҷавонмарди саховатпешаи ватандӯст Арсен Худододов ба вилоят интиқол ёфт. Аз рӯи иттилои манбаъ чунин кумак дар ояндаи наздик ва минбаъд ҳам идома дода мешавад.  Ёрии тоҷикони муқими Россия бо теъдоди 7 ҳазор маводи таълимӣ, аз қабили адабиёти бадеӣ, таълимӣ - методӣ, ҳамчунин, компютер ва ҷиҳоз ба мактаби №7, мактаби Президентӣ ва литсейи Оғохони шаҳри Хоруғ расонда шуд.

Муҳоҷирони меҳнатӣ тасмим гирифтаанд, ки дар вилоят лоиҳаи «Дом русской книги»-ро роҳандозӣ кунад.

 

Иҷрои барнома - ғайриқаноатбахш

Дар машварати назди раиси ВМКБ Ёдгор Файзов рафти иҷрои қарори раиси вилоят «Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва миёнаи хусусӣ барои солҳои 2014-2020» мавриди муҳокима қарор гирифт. Раиси ноҳияи Роштқалъа Лоиқ Назаршозода ба барномаи мазкур ворид намудани сохтмони 13 муассисаи таҳсилоти ҳамагонӣ дар ноҳияи Роштқалъаро зарур арзёбӣ кард. Ин пешниҳод бо қаноатмандӣ қабул гардид.

Ёдгор Файзов рафти иҷрои «Барномаи рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи хусусӣ барои солҳои 2014-2020»-ро дар вилоят то ба ин вақт ғайриқаноатбахш номид. Қарор дода шуд, ки дар марҳилаи аввал дар маркази ноҳияҳо, ҷамоатҳои деҳоти сернуфуз дар назди калонтарин мактабҳо мактабҳои хусусии типи нав таъсис дода шаванд. Зеро мактабҳои хусусӣ бартарии худро дар ҷумҳурӣ исбот кардаанд.

Раиси вилоят аз фаъолияти пурсамари корҳои таълиму тарбия,  иштирок дар олимпиадаҳо ва корҳои ҷамъиятии литсейи Оғохон ва Мактаби Президентӣ дар шаҳри Хоруғ изҳори қаноатмандӣ намуд.

Ҷ. Қозибеков,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бузургон ҳеҷ гоҳ носипос набудаанд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш