Нашрияи Омӯзгор

Ҳамадон ва мададгори ҳамагон

Сана: 2020-04-15        Дида шуд: 807        Шарҳ: 0

 

Адиби забардасти тоҷик Садриддин Айнӣ на танҳо бо асарҳои ҷовидонааш, балки бо ҳаёти шахсияш, бо тарзи зиндагонию феълу атвори накуяш, бо одӣ, хоксор, самимӣ, софдил, хушмуомила, ширинсухан,  меҳнатдӯст буданаш,  садоқаташ ба миллат, меҳрубон буданаш нисбат ба шогирдон ва дигар  хислатҳои ҳамидааш дар хотираи ҳамагон ҳамчун яке аз симоҳои бузурги миллат нақш бастааст.

Хотираҳои адибон, олимон, ҳунармандон ва ашхоси дигар, ки устод Айниро дида,  бо ӯ ҳамсуҳбат шуда, аз ӯ ёрӣ дарёфтаву сабақ омӯхтаанд, барои ҷавонони имрӯза басо ибратбахш аст.

– Ҳар вақт,  ки бо устодамон Садриддин Айнӣ дар анҷумани нависандагон ё маҷлиси Академияи илмҳо вомехӯрдам, – менависад адиби маъруфи ӯзбек, академик Ойбек,–дилам кушода мешуд. Ман аз маслиҳатҳои дӯстонаи  ӯ ҳамеша шод мешудам. Мо устод Айниро дидан замон аз ҳамзамон буданамон бо ӯ мамнун мешудем, фахр мекардем, ки  чунин устоди бузург дорем.  Устод бо меҳнати доимӣ ва самарабахши худ ба ҳамаи мо намуна буданд…

Дарвоқеъ, устод Садриддин Айнӣ дар қатори шоир ва нависандагони тоҷик ба бисёр арбобони адабиёти  ӯзбек–Ғафур Ғулом, Абдулло Қодирӣ, Уйғун, Ҳамид Олимҷон, Абдулло Қаҳҳор,  Шароф Рашидов, Комил Яшин, Зулфия ва дигарон низ ҳаққи устодӣ доштанд. Бо онҳо дӯсту бародар, ҳамфикру ҳамкор буданд. Нависандаи халқии Ӯзбекистон  Ойбек яке аз шогирдони босадоқати устод Айнӣ ба ҳисоб меравад.

Нависандаи халқии Ӯзбекистон, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, академик Комил Яшин дар «Азиз сиймо» ном мақолаи худ  оид ба ҳикояҳои эҷодиёти домулло Айниро бо завқи зиёд мутолиа намуданаш ҳангоми талабагӣ, дар қироати дӯстон повести соли 1922 чопшудаи  «Ҷаллодони  Бухоро»-ро гӯш кардааш, аз маҳорати нависандагии Айнӣ дар  ҳайрат монданаш бо мароқ чунин менависад:

– Ман меҳру муҳаббатамро нисбат ба нависандае, ки муборизаи халқи ҷафодидаро  равшан ба оламиён  нишон додааст, сухан намеёбам, ки баён кунам.

Комил Яшин чӣ тавр бо устод шинос шудану  аз ӯ сабақ гирифтанашро ба хотир оварда мегӯяд: «Ин шахси бузург нисбат ба худ  ва дигарон серталаб буд. Вале серталабии устод бо ғамхориҳои падарона, бо андешаҳои амиқу равшан даромехта буд.  Мо ба он кас асарҳоямро зуд-зуд хонда медодем ва маслиҳатҳои муфид мегирифтем. Ҳар як сухани ӯро  бовар мекардем. Меҳри Айнӣ дар қалби ман абадӣ ҷой гирифтааст. Ӯ бароям чун образи донишманди бузурге мебошад, ки моҳияти дунёи навро ифода кардааст.»

Академики ӯзбек Воҳид Абдулло дар «Баҳри илму маърифат» ном мақолааш менависад, ки устод Айнӣ китоби «Намунаи адабиёти тоҷик»-ро менавишт. Дар ин вақт гурӯҳе дӯстон бо маслиҳат зиёфат ороста будем. Устод Айнӣ низ даъватӣ буданд.

«Соли 1924. Авҷи баҳор, дар рӯи дастурхон нони ширмол, лӯлакабоби гарм.

– Биёянд, биёянд, чӣ шуд, ки имрӯз дер мондед?– устод Айниро пешвоз гирифт Иброҳимҷон ном ҷӯрааш. 

– Ҳеҷ гап нашудааст, дар «Баҳри муҳити кабир» чарх зада гаштаем,–гуфт устод.

– Хӯш, ин чӣ хел баҳр будааст? - пурсид Иброҳимҷон-ако.

– Баҳри илму маърифат, баҳри адабиёт, баҳре, ки халқи мо дар давоми ҳазорсолаҳо дурру ҷавоҳиротро рехта, баҳри бепоён офаридааст,– ҷавоб дод устод Айнӣ. Баъд боз суханашро идома бахшид:

– Мулло Иброҳимҷон, баҳре, ки ман шино карда истодам, ҳамин хел баҳр аст, ки ба як каф ҷавоҳири ӯ ҳамаи молҳои дукони шуморо баробар карда намешавад. Худи устод Рӯдакӣ як миллиону сесад ҳазор байт навишта будааст, худи  ӯ як баҳри маънавиёт. «Хамса»-и Навоӣ-чӣ? Камоли Хуҷандӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Ҳилолӣ, Бедил, Зебуннисо, Мушфиқӣ, Машраб, Гулханӣ… Боз киҳоро гӯям? Дар баҳри бепоёни офаридаи ҳамаи онҳо шиновар шуда гаштаам… Эҳе-е, канӣ аз луқмаатон намонед».

Аз ҳамин суҳбат ду сол нагузашта,  соли 1926 дар Москва китоби    «Намунаи адабиёти тоҷик»-и устод Айнӣ, ки аз ҷавоҳироти «Баҳри муҳити кабир» бунёд ёфта буд,  аз чоп баромад. Дар китобхонаҳои Самарқанд, дуконҳои китоб, дар мактабҳо ҳама ин китоби дорои муқоваи хушрӯйро меҷустанд, мехонданд…

Устод Садриддин Айнӣ таърихи гузашта, урфу одатҳои халқро хуб медонист ва зулми амирро бо чашми худ дида, азоби онро кашида  буд. Андеша ва маслиҳатҳои устод вобаста ба як драмаи таърихие,  ки дар театри Самарқанд намоиш дода мешуд,  бисёр шавқовар аст. Вақти ба саҳна гузоштани «Тақдир» ном драмаи таърихӣ бо таклифи Шароф Рашидов устод Айнӣ ҳамчун мушовир даъват карда мешаванд. Устод ин таклифро бо хушнудӣ қабул мекунад  ва мегӯяд:  «Мо хизматгори халқ ҳастем. Таклифи Шарофҷон дуруст  аст. Зеро шумо урфу одатҳои мардумро нағз намедонед. Надидаед.  Азоби  заҳхонаи амири лаънатиро мо кашидаем. Шумо ҳар вақт хоҳед, мо ба хизмат омода». Устод Айнӣ дар машқи ҳунармандони ин асар иштирок мекунад.

Артисти халқии Ӯзбекистон Қудрат Хоҷаев дар «Адиби инсонпарвар» ном мақолааш чунин нақл мекунад: «Дар асари драмавӣ амир тарафи рости саҳна дар тахт нишастааст; дар тарафи чап созандаю хонандаҳо, дар росташ аъёни дарбор. Яке аз аъзои дарбор даромада ба амир Олимхон хабар мерасонад,  ки Даврон омадааст. Амир ишора мекунад, ки дарояд. Даврон бояд таъзим карда, ба назди амир дарояд.

Устод Садриддин Айнӣ «дар замони мо ҳамин тавр шуданаш мумкин, он вақтҳо...» мегӯяду ба асо такя намуда, ба саҳна мебарояд ва сӯи актёрҳое, ки устодро бодиққат назорат мекарданд, нигоҳ карда мегӯяд:

- Азизони аҳли санъат, барои шумо даври  амириро дар саҳна айнан нишон додан чӣ қадар мушкил буданашро дида истодаам. Вале   бо ин тарз мо таърихро  комил нишон дода наметавонем.

Баъд тахтро ба ҷои фахрӣ гузошта, актёреро, ки  нақши  амир Олимхонро бозӣ мекард, ба тахт шинонд. Ба миён парда кашида шуд. Ҳатто, созандаю хонандаҳо ҳам  бояд рӯи амирро набинанд, будааст. Вазирони амирро ба вазифааш нигоҳ карда, дар атрофи амир ҷо ба ҷо карданд. Бо номи удайчӣ  хизматгори амир мешудааст. Ин образ дар асар набуд, устод дохил карданд. Ғайр аз ин, артистеро, ки нақши Остонақул ном хабарчии махсуси амирро бояд иҷро мекард, «дар миёни дар истад гуфта»,  ба дасти ӯ асои дарози қуббадор доданд.

Баъд ба удайчӣ муроҷиат карданд:

- Аз қафои саҳна бо овози баланд кӣ гап мезанад? Бегӣ ё зодаи  кадом шаҳр буданашро гӯяд. Актёре,  ки ин нақшро бозӣ мекард, аз устод шарм карда, нақшаашро он гунае ки устод мехостанд, иҷро карда натавонист. Устоди бузург «ба ҳаракатҳои  ман  бо диққат назар афканед», - гӯён ин ҳолатро худашон нишон доданд. Артистҳое, ки дар саҳна менишастанд, чапакзанӣ карданд. Домулло Айнӣ «Мо ҳам артист-дия, нависанда артисти хуб шуданашон даркор» гуфта, ба саҳна ҳусни дигар бахшиданд.

Баъд ба артисте, ки нақши шахси ба ҳузури амир медаромадаро иҷро мекард, чунин гуфт:

– Шумо пеш ҳам ба ҳузури амир даромада будед?

– Не, тақсир,-гуфт  ӯ.

– Ин тавр бошад, ба шумо чӣ хел даромаданро бояд дар берун оғоӣ одоб омӯхтанаш лозим,–гуфт устод Айнӣ. - Қоидаи дарбор ҳамин тавр: Шумо хамида, пешонаатонро ба замин мерасонед. Чорпоя шуда рафта, ба пои амир саратонро монда меис-тед. Баъди он ки оғоӣ наслу насаби шуморо гуфт, амир ба шумо дасти росташро дароз мекунад. Шумо дасти амирро оҳиста бӯсида, ба чашм молида, баъд ба пешонаатон мерасонед. То амир ишора кардан, ҳамин тавр истодан мегиред.

Баъд устод ба толор  нигоҳ карда, фикрашонро давом доданд:

– Ҳаминро ҳам бояд донед, ки агар шахси ба ҳузури амир медаромада аз табақаи поён бошад, амир дасташро ба бӯсидан дароз намекунад. Бари ҷомаашро дароз мекунад. Шахси табақаи поён бояд онро бӯсад.

Ҳунарпеша Қудрат Хоҷаев менависад, ки маслиҳатҳои устод барои табиию мукаммал ва ба мардум маъқул шудани асари саҳна ёрии калон расондааст.

Чунин хотираҳо бисёранд ва онҳо барои равшантар донистани ҳаёт ва фаъолияти Садриддин Айнӣ, донистани фазилатҳои инсонии устод мадад мерасонанд. 

 

Сулаймон Эрматов,

нависанда


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш