Нашрияи Омӯзгор

Ҷоннисори миллат

Сана: 2018-06-06        Дида шуд: 748        Шарҳ: 0

Китоби «Намунаи адабиёти тоҷик»-и устод Садриддин Айнӣ  бо мушкилоти зиёде иншо шудааст. Тавре яке аз муҳаққиқои барҷастаи осори Айнӣ Муҳаммадҷон Шакурӣ қайд мекунад,  адиб барои омода намудани он заҳмати фаровон кашидааст. Дар он солҳо, ки тарҷумаи ҳол ва намунаи осори нависандагон дар тазкираҳо ва девонҳои дастнавис пароканда буд ва он дастнависҳо дар ягон китобхонаи Осиёи Миёна гирдоварӣ нашуда буд, тартиб додани «Намунаи адабиёти тоҷик»  бисёр душвориҳо дошт. Айнӣ «дар  ба дар, кӯча ба кӯча», шаҳр ба шаҳр рафта, аз китобхонаҳои он ҷо, аз ҷумла, аз ҳамон китобхонаи хусусии Садри Зиё истифода кард.

Айнӣ аз  осору ҳаёти адибоне, ки дар Мовароуннаҳр мезистанд,  намунаҳо оварда  исбот менамояд, ки дар Осиёи Миёна аз қадим қавми тоҷик сукунат дошт: «Аз бозе ки вақоеъро таърих қайд мекунад,  то имрӯз дар диёри Мовароуннаҳр ва Туркистон, чунонки як қавми муаззам бо номи тоҷик ё ки тозик истиқомат дорад, ҳамчунон, забон ва адабиёти эшон ҳам ривоҷ ёфта омадааст… Дар ҳолати ҳозира ҳам мебинем, ки дар Бухоро, Самарқанд, Истаравшан, Хуҷанд, Фарғона, Фалғар, Масчоҳ ва умуман, дар шарқии Бухоро ин  қавм зиндагонӣ доранд ва забон, урф, одат  ва адабиёти худро батамом ва комил нигоҳ доштаанд».

Дар тазкираи Айнӣ дар бораи зиёда аз 200 нафар шоире, ки дар Мовароуннаҳр зиндагӣ ва эҷод кардаанд, маълумот дода шудааст.

Барои дар бораи адибон, соли тавлиду вафоти онҳо пайдо намудани маълумоти дақиқ,  боэътимод, ба ҳақиқат рост омадани ривоятҳо  бисёр сарчашмаҳоро омӯхтан зарур буд. Устод кӯшиш мекунад,  ки нусхаи аслии девони шоиронро пайдо кунад, ба маълумоти сарчашмаҳои зиёде такя намуда, асарашро таълиф намояд.

 Пуркорӣ ва бурдборӣ, заҳмати беандозаи устод Садриддин Айнӣ  баҳри таълифи чунин асари бебаҳо, ки ба тақдири минбаъдаи миллат таъсири амиқ расонд, шоистаи таҳсин аст. Беҳуда ӯро ҳомӣ ва бонии миллат нагуфтаанд.

 

Гулнора Бадалова,

омӯзгори забон ва адабиёти тоҷики коллеҷи информатика ва техникаи  компютерии

шаҳри Душанбе                                           


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш