Нашрияи Омӯзгор

Аз ҳаёти бузургони олам

Сана: 2020-04-16        Дида шуд: 805        Шарҳ: 0

 

Як нусхаи хаттии рӯйи пӯст,  ки асари олими бузурги Юнони Қадим Архимед (287 – 212  то  милод)  буда, тасаввур мешуд, ки аз миён рафтааст, кашф шуд. Он дар қарни ҳафтум тавассути котибе аз рӯйи нусхаи аслии Архимед китобат шуда, шомили матолиби куллӣ перомуни назарияи шиновар будани ҷисмҳо, ки маъруф ба «Қонуни Архимед» аст, мебошад. Ин асар дар як музояда ба маблағи ду миллион доллар харидорӣ шуда, ахиран дар музейи шаҳри Чикагои ИМА ба намоиш гузошта шуд.

***

Абӯбакр Муҳаммад  ибни Закариёи Розӣ (с. 865 – 925) файласуф, табиб, кимиёдони форсу тоҷик мебошад. Вай доир ба фалсафаю кимиё асарҳои зиёде эҷод кардааст. Осори ба тиб бахшидаи Закариёи Розӣ зиёда аз 60 китобу рисоларо дар бар мегирад. Асари энсиклопедии ӯ «Китоб – ул – Ҳовӣ» аз 30 ҷилд  ва «Китоб – ул – тиб – ал – Мансурӣ» аз даҳ ҷил иборат аст. Закариёи Розӣ оид ба тибби амалӣ ва назариявӣ ва сохтани шифохонаҳо саҳми арзанда гузоштааст.

***

Абӯнаср Муҳаммад Таркон – ал – Форобӣ (с. 870 – 950) дар Фороб  (ҳоло Ҷумҳурии Қазоқистон) таваллуд шудааст. Тадқиқоти ӯ дар соҳаи мусалласот (тригонометрия) ва ҳандаса (геометрия) барои масъалаҳои асосноккунӣ ва методикаи дуруст баён кардани риёзиёт манфиати калон дорад.

***

Абӯнаср Мансур ибни Алӣ (асрҳои 10 – 11) устоди  Ал – Берунӣ мебошад. Теоремаи синусҳоро барои секунҷаҳои ҳамвор исбот кардааст.

***

Абдулҷуд Муҳаммад ибни Лайс (асри 11) ҳамасри Абӯрайҳони Берунӣ аст. Вай яке аз аввалин шуда кӯшиш кардааст, ки таълимоти умумиро оид ба муодилаҳои кубӣ кор карда барояд. Вай дар бораи Умари Хайём низ маълумот додааст.  

 

Таҳияи

Ҳотами ҲОМИД, «Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш