Нашрияи Омӯзгор

Парирӯ тоби мастурӣ надорад...

Сана: 2020-04-16        Дида шуд: 793        Шарҳ: 0

 

Манам, ки шуҳраи шаҳрам ба ишқ варзидан,

Манам, ки дида наёлудаам ба бад дидан.

Лозим ба зикр аст, ки ҳар байти девони Ҳофиз маонии зиёдеро фарогир аст. Ё ба қиссаҳои гуногуни динӣ-ривоятӣ ишора мекунад, ё  бархе қиссаҳоро дар байте хулоса.

Аз ҷумла, дар байти зер:

Маст бигзаштию аз хилватиёни

малакут

Ба тамошои ту ошӯби қиёмат

бархост.

маонии зиёд нуҳуфтааст ва қиссаҳоеро низ ба хотир меорад, ки поёнтар ба он қиссаҳо ишора хоҳад шуд. Дар ин байт Ҳофиз ба чанд матлаби муҳимме ишора мекунад. Яке  дар замони худаш шуҳрат доштани  худи ӯ ба ишқ варзидан ва ориф будан мебошад. Яъне, зоҳири мисраи аввал чунин маъно дорад, ки Ҳофиз дар замони хеш аллакай шуҳрат дошт. Шаҳр ин ҷо манзур фақат Шероз ё махсус шаҳре нест, балки шуҳраи шаҳр шудан, яъне ифшо шудан ва зоҳир шудани ишқи хешро дар тамоми олам мегӯяд. Дигар ин ки, бо баёни ин матлаб Ҳофиз гуфтанист, ки ишқ ва зебоиву хубӣ пинҳон намемонад, чунончи, вай дигар ҷо мефармояд:

Парирӯ тоби мастурӣ надорад,

Бибандӣ дар, зи равзан сар барорад.

Ошиқ будани инсон аз роҳ рафтану сухан гуфтан ва дар маҷмӯъ, тамоми ҳаракоташ маълум аст, бинобар ин, зуд маълум мегардад. Яъне, Ҳофиз мегӯяд, ки ишқ ошкор хоҳад шуд ва шуҳраи шаҳр шудани ман ҳам маҳз ба он хотир аст, ки ошиқам ва ишқро пинҳон карда намешавад. Ҳамчунин, дар ишқ тамоми ҳастии одам зоҳир мегардад  ва як зарра риёкорӣ ҳам дар он вуҷуд дош-та наметавонад. Худованд ҳам ишқу муҳаббаташро пинҳон накард ва ба ҳама олам ифшо кард, чунон ки ҳазрати Лисонулғайб дар ғазали дигар ба ишқи худро фош кардани Офаридгор ишора карда мегӯяд:

Ногаҳон парда барандохтаӣ, яъне чӣ?

Маст аз хона бурун тохтаӣ, яъне чӣ?

Зулф дар дасти сабо, гӯш ба пайғоми

рақиб,

Инчунин бо ҳама дарсохтаӣ, яъне чӣ?

Шоҳи хубонию манзури гадоён шудаӣ,

Қадри ин мартаба нашнохтаӣ, яъне

чӣ?...

Ҳамин тариқ, Ҳофиз мехоҳад бигӯяд, ки ишқ пинҳон намемонад ва инсонро ба ҷӯш меорад, чунон ки Саъдӣ дар ин маврид мефармояд:

Ҳазор ҷаҳд бикардам, ки сирри ишқ

бипӯшам, 

Набуд бар сари оташ муяссарам, ки

наҷӯшам.

Ишқ аз ҷинси ҷӯшиш аст, на пӯшиш. Оё барои об муяссар аст, ки бар сари оташ бошаду наҷӯшад? Ҳаргиз на! Ошиқ низ дар ишқ беҳушу бехуд ва ноҳушёр аз ҳастии хешу огоҳ аз ҳастии маъшуқ аст ва ин бехудист, ки ҳама чизро ошкор мекунад, вагарна одами ҳушёр ҳавосаш ба ҷой аст, ки чизеро ошкор намекунад. Дил насупурдан ё ошиқ набудан моли ҳушёрӣ ва огоҳии ҷисмӣ ва ноогоҳӣ аз шамоили маъшуқи азалӣ аст.

Матлаби дигар дар байти фавқ “Манам, ки дида наёлудаам ба бад дидан” аст, ки ин аслу ҷавҳару табиати ишқ аст. Албатта, Ҳофиз инро намегӯяд, ки ман инсони хубам ва бадбин нестам, балки мегӯяд, ки ошиқ бадбин нест ва аслан бад дида наметавонад ва дида наёлудани Ҳофиз ба бад дидан ҳам аз он сабаб аст, ки ошиқ аст ва фақат зебоӣ ва некуӣ мебинад дар ҳама чиз. Бад дидан, яъне, кудурати дил, ҳавову ҳавас, кибру бухлу кинаву душманӣ ва амсоли инҳо мебошад, ки инҳо аслан аз олами ишқ нестанд ва ошиқ аз чунин сифот мубаррост.

Ин ҷо қиссаи Хизру Мӯсоро, ки дар “Маснавии маънавӣ” оварда шудааст, метавон ба ёд овард. Дар қиссаи мазкур ҳар коре Хизр анҷом медод, дар назари Мӯсо нохуб менамуд, аммо дар асл айни хубӣ буд, зеро Хизр рамзи ишқ аст, яъне, он ки аз шароби ишқ, шароби ҷовидонагӣ нӯш кардааст. Чунончи Ҳофиз ҷои дигар мефармояд:

Ҳаргиз намирад он, ки дилаш зинда шуд

ба ишқ,

Сабт аст бар ҷаридаи олам давоми мо.

Хулоса, ишқ, яъне хубиву некуиву муҳаббату дӯстӣ ва мисли инҳо, чизест, ки миллату нажоду қавму минтақаву шарқу ғарб ва монанди инҳоро намешиносад ва ҳар ҷо, ки инсон аст, ишқ ҳам ҳаст ва шуҳра дар оламу офоқ аст ва ошиқ касест, ки оламро аз чашми Худо нигоҳ мекунад, ба ҳамин далел ҳама чизро хубу зебо ва мутааллиқ ба як мабдаъ мебинад.  Паёми Ҳофиз метавонад ин бошад, ки мо ба ҳеҷ ваҷҳ  бадбин набошем, зеро бадбинӣ ва кинаву кудурату дурӯғ дар шаъни одам нест ва василаи бад надидан, яъне, ишқро ҳам барои мо пешниҳод кардааст, то аз инсонҳои растагор бошем.

 

Абдулбашир Шомирзозода,

омӯзгори мактаби № 5-и

ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш