Нашрияи Омӯзгор

Оинапардози илм

Сана: 2020-04-16        Дида шуд: 827        Шарҳ: 0

 

Раҷаб Раҷабов баъди хатми Донишкадаи политехникии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ)  моҳи ноябри соли 1996 дар вазифаҳои мудири кафедраи молия ва гумрук, баъдтар декани факултаи тиҷорат ва гумрук, профессори кафедраи экспертизаи молҳо ва фаъолияти гумрук, декани факултаи иқтисодиёт ва менеҷмент, декани факултаи умури бонкӣ фаъолият намуда, ҳоло муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон мебошад.

Дар давраи фаъолияти худ дар донишгоҳ Р.Раҷабов худро ҳамчун роҳбари пухтакору сермаҳсул ва ташкилотчии хуби соҳаи таълиму тарбия нишон дод. Ӯ дар ҳалли масъалаҳои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, интихоби мутахассисон ва кадрҳои илмӣ-омӯзгорӣ эҷодкорона рафтор намуда, барои баланд бардоштани обрӯю мавқеи донишгоҳ ҳиссаи арзанда гузоштааст.

Р. Раҷабов соли 2000 дар мавзӯи «Масоили ташаккулёбӣ ва инкишофи инфраструктураи минтақавии нақ-лиётӣ» (дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон) дар Пажӯҳишгоҳи иқтисодиёти Академияи фанҳои Тоҷикистон рисолаи докторӣ дифоъ намуд ва соли 2005 ба гирифтани унвони профессори кафедраи экспертизаи молҳо ва фаъолияти гумруки  Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон мушарраф гардид.

Дар рисолаи доктории профессор Р. Раҷабов масъалаи аҳамияти муҳими илмӣ-иқтисодӣ дошта ҳаллу фасл шуда, таклифу пешниҳодҳои асоснокнамудаи ӯ барои пешрафти иқтисодиёти ҷумҳурӣ ва роҳҳои раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ дар марҳилаи гузариш ва иқтисоди бозорӣ инъикос гардидааст.

Профессор Р.Раҷабов дар мамлакатҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил ва Эрон ҳамчун олим-омӯзгори намоён дар соҳаҳои иқтисодиёт ва хадамоти гумрук шинохта шудааст. Мақолаҳои илмияш дар маҷаллаҳои бонуфузи як қатор кишварҳо чоп гардида,  дар конфронсу симпозиумҳои илмию амалии сатҳи байналмилалӣ ширкат менамояд. Аз монография, китобҳои дарсӣ ва васоити таълимии таълифкардааш донишҷӯён, аспирантон, устодони мактабҳои олӣ, кормандони соҳаҳои истеҳсолию хадамот ба таври васеъ истифода мебаранд.

Р.Раҷабов ҳамчун роҳ-бари яке аз сохторҳои донишгоҳ баҳри иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиши зиёде ба харҷ медиҳад ва дар ин ҷода ӯ диққати асосиро ба омӯзиши забонҳои русӣ, англисӣ ва асосҳои информатика, технологияи компютерӣ, инчунин, ҷорӣ намудани низоми кредитии таҳсилот ва пешбурди корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ равона намудааст.

Ӯ аъзои Шӯрои дис-сертатсионӣ оид ба ҳимояи рисолаҳои доктории Пажӯҳишгоҳи тадқиқотҳои иқтисодии Вазорати иқтисод ва савдои Тоҷикистон (солҳои 2003-2004), аъзо ва котиби Шӯрои диссертатсионии назди ДДТТ (солҳои 1998-2000, 2003-2004 ва 2005-2012), аъзои Шӯрои диссертатсионии назди Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат (солҳои 2010-2012), аъзои Шӯрои диссертатсионии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (аз соли 2012 то ба имрӯз), муовини раиси Шӯрои диссертатсионии назди ДДТТ (аз сентябри соли 2015 то ба имрӯз) мебошад. Аз соли 2003 то 2008 котибии Шӯрои ректорони Тоҷикистонро ба уҳда дошт.

Устоди заҳматкаш ҳамеша бо олимони ҷавон, аспирантон ва унвонҷӯён кор мекунад ва барои тайёр намудани рисолаҳои илмии онҳо ёрӣ мерасонад.

Барои саҳми арзандааш дар тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси касбӣ профессор Р. Раҷабов бо нишонҳои «Аълочии маориф ва илми  Тоҷикистон», «Аълочии кооператсияи матлуботи Тоҷикистон», Корманди шоистаи Иттифоқи матлуботи Тоҷикистон, «Аълочии хадамоти гумруки Тоҷикистон» ва бо медали 20-солагии таъсисёбии Хадамоти гумруки Тоҷикистон қадр карда шудааст.

Ӯ узви вобастаи Академияи табиатшиносии Федератсияи Россия ва Академияи илмҳои муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

 

Саидаҳмад Зубайдов,

мудири шуъбаи

таълими ДДТТ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш