Нашрияи Омӯзгор

Дар идомаи мактаби Соҳиб Табаров

Сана: 2020-04-16        Дида шуд: 822        Шарҳ: 0

 

Асари тозанашри адабиётшинос Абдуҷаббор Раҳмонзода «Ҳаёт, адабиёт, воқеият» (Душанбе: ЭР-Граф, 2019.-388 с.) идомадиҳандаи анъанаи мунаққиди соҳибсухан ва адабиётшиноси соҳибном Соҳиб Табаров будани муаллифро таъкид месозад. Ин асар он фазоеро пур мекунад, ки муддатҳо боз аз як навъ ҷасорати адабӣ ва ҷуръати нақдӣ холӣ буд. Асар аз панҷ қисмат иборат буда, ҳар кадом бо фарогирии уфуқҳои мавзӯӣ дар бораи масъалаи муайян баҳс менамоянд.

Қисмати аввали китоб ба адабиёти классикӣ бахшида мешавад ва дар он масъалаҳои гуногуни адабиётшиносӣ дар мисоли эҷодиёти Абулқосим Фирдавсӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Шамсиддини Шоҳин вобаста ба хусусияти осорашон аз дидгоҳи илмӣ мавриди назар қарор дода мешаванд. Дар ин қисмат уфуқҳои афкори илмӣ вусъат пайдо намуда, ҳам аз нигоҳи ҳаҷм ва ҳам аз лиҳози ҷуръату баҳодиҳӣ дар қиёс бо дигар фаслҳо бартарии бештар пайдо кардааст. Қисмати мазкури китоб бо мақолаи «Абулқосим Фирдавсӣ ва табдили устураэҷодҳои мансухӣ ба ҳамосаи миллӣ» оғоз мегардад, ки ҷавҳари мазмуниву мантиқии сухани ҳамосасарои хирадгаро дар ҳамбастагӣ ба муҳиту фазои аҳди Сомониён ташхис карда мешавад. Академик А. Раҳмонзода хосияти худшиносӣ ва эҳёи арзишҳои миллӣ доштани замони Сомониёнро меҳвари бунёдии каломи адибони он замон меҳисобад, ки дар ин саргаҳ Фирдавсии бузург бо шаҳомату арзиши эҷодаш қарор гирифтааст. Андешаи муҳаққиқ бо он ҷолиб аст, ки нақши осори шоири бузургро дар худшиносии миллии ҳазор сол қабли тоҷикон бо диди давлатсозию истиқлолхоҳӣ таҳқиқу баррасӣ мекунад ва онро «зик-ри мақсуд»-и адибони ин аҳд қаламдод менамояд. Аз мавқеи таҳқиқии муаллиф бармеояд, ки маҳз худшиносии миллӣ ин шоири бузургро водор карда буд, ки дар устураҳои мансухшуда ҳақиқати фарҳангиву маънавии халқашро ҷило диҳад. Дар эҷодиёти Фирдавсӣ «диди пурвусъати шоирона», пеш аз ҳама, муҷиби он аст, ки ҷанбаҳои воқеиву романтикии осори классикон мавриди таваҷҷуҳи муҳаққиқон қарор гирад. «Қавитарин овози миллат» номидани ҳамосаи миллӣ аз он дарак медиҳад, ки осори Фирдавсӣ тараннуми оҳанги миллатхоҳӣ, ватандорӣ ва истиқлолхохӣ будааст. Муҳаққиқ, ки поэтикаи устураҳоро занҷири васлгари замонҳо номидааст, ба зиндагии воқеӣ робита доштани осори Фирдавсиро дар заминаи асолати таърихӣ бори дигар таъкиду собит менамояд.

Мақолаи «Мақоми Абдураҳмони Ҷомӣ дар шинохти тариқати сӯфия ва шахсиятҳои ирфонии Хуросон ва Мовароуннаҳр» дар доираи далелу аснод ва унсурҳои зиёди хронологӣ дар навбати аввал симои Абдураҳмони Ҷомиро чун як «…кашшофи фазилатҳои одамӣ» арзёбӣ менамояд. Муҳаққиқ нақши ин шахсияти бузурги ирфониро дар таҳаввули ҷаҳонбинии тамоми инсоният назаррасу арзишманд меҳисобад. Дар ин мақола мавқеъ ва манзалати Ҷомӣ дар асоси асари «Нафаҳот-ул-унс мин ҳазарот-ил-қудс» дар олами тасаввуф таҳқиқу тафсир мегардад. Бори дигар маълум карда мешавад, ки Абдураҳмони Ҷомӣ бо зикри 618 нафар намояндаи барҷастаи тариқати сӯфия тавонистааст, ки нақши намояндагони бузурги ирфониро дар таҳким ва рушди ислом барои ҷаҳониён маълум намояд.

Абдураҳмони Ҷомӣ дар олами тасаввуф танҳо бо ин асари худ шуҳратманд нест ва ба андешаи муаллиф, ин адиби донишманд бо навиштани тафсирҳои гуногун (оид ба осори алоҳидаи Мавлонои Балхӣ, Амир Хусрав, Ибн-ал Фориз ва ғ.) ин олами маънавиро боз ҳам амиқтар кашф намудан хос-тааст. Дар таҷаммуи андешаҳо А.Раҳмонзода чунин фикр дорад, ки шоири орифу огаҳ молики ҷаҳонбинии фалсафию ирфонист ва бо ин асос тавонистааст, ки дараҷаи камолот ва аз асли Ҳақ огаҳ шудани пайравони олами маърифатро нишон диҳад.

Мақолаи «Мақоми Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар рушди ирфон ва адабиёти тоҷик» нақши ин мутафаккир ва адиби барҷастаро аз ду дидгоҳ – нақши ирфонӣ ва адабӣ баррасӣ менамояд. Чунин бардоште ҳосил мешавад, ки Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ нисбат ба олами ирфонӣ дар баъзе мавридҳо назари ҳамсон доранд. Албатта, дар ин маврид қиёси мушаххасе сурат нагирифтааст, вале он ки Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар ташхису тавзеҳи ҷузъиёти олами тасаввуф (маърифат, зуҳд, тақво, футувват, бақо, қаноат ва амсоли ин) рисолаҳои махсуси илмиро таълиф намудааст, гувоҳи он аст, ки ин шахсият низ дар рушди маърифати исломӣ ҷойгоҳи сазовореро соҳиб аст. Ба ақидаи А.Раҳмонзода, ҷаҳонбиниву донишҳои мукаммали Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, пеш аз ҳама, ба «самимияту ихлос ба осори пешиниён» вобастагии амиқ дорад. Дар идома андешаи матраҳ он аст, ки «бо пуррагӣ аз бар кардани осори Ҳофиз ва майлу иштиёқ ба осори Мавлоно, Саноӣ, Ироқӣ, Аттор, Низомӣ, Саъдӣ ва дигарон» аз ҷумлаи омилҳои таъсиргузор дар такомули маънавииМир Сайид Алии Ҳамадонӣ будааст.

Мақолаи «Бозтоби масъа-лаҳои иҷтимоӣ ва ахлоқӣ дар осори Шамсиддини Шоҳин» воқеиятбин ва тарбиятгар будани адабиётро нишон додааст. Шоҳин лаёқату маҳорати баланди шоирӣ дорад ва сарфи назар аз баёни рӯҳбахшу тахайюлоти рангин ва арзиши баланди ҳунарии осораш ҳеҷ гоҳ аз тараннуми оҳангҳои иҷтимоӣ канор набудааст. Шоҳин мазмунҳои баланди бадеиро дар осори худ ҷой дода, дар ифодаи ҳадаф ташбеҳу мазмунҳои фалсафиро ба кор бурдааст. Андешаи ҷолиб дар атрофи осори Шоҳин он аст, ки ин адиб «бо содагӣ ва халқияти забон» шуҳрат пайдо карда, воқеиятбаёнии эҷоди ӯ бартарӣ пайдо менамояд. Ба андешаи муҳаққиқ, масъалаҳои иҷтимоию ахлоқӣ дар осори ӯ таҷзияи хос доранд ва ин ҷиҳат арзиши осори адибро баланд гардонидааст.

Қисмати дувуми китоб бо номи «Адабиёти муосир» аз ҳашт мақола иборат буда, дар он ҷуръат ва назари интиқодиву таҳлилӣ амиқтар ба назар мерасад. Масъалаҳои нақди адабӣ фарохтар баррасӣ гардида, диққати муҳаққиқро холигаҳ ва баъзе омилҳои таназзулу таҳаввули адабиёти замони муосир ҷалб кардааст. Дар мақолаи «Адабиёт бояд ҳамқадами замон бошад» муаллиф ба самтҳои инкишофи адабиёти ин даврон таваҷҷуҳ намуда, чандон мувофиқи матлаб набудани онро тавзеҳ додааст. Дар ин мақола андешаву таҳлилҳо хосияти илмиву публитсистӣ доранд, мутобиқи талаботи замон ба вуҷуд наомадани асари асили бадеиву публитсистӣ зикр карда мешавад. Аз ҷумла, «васеъ тасвир наёфтани ҷасорату корнамоиҳо», «ҳамаҷониба таҷассум наёфтани нақши Пешвои миллат дар сохтмону бунёдкориҳо», «пурра ифшо нагардидани аҳамияти сохтмонҳо», «нақли сатҳии ҳаёти коргарон», «ҷой надоштани мавзӯъҳои истеҳсолӣ», «пайдо нашудани ягон асари ҷолиб», «очеркҳои бидуни проблема» ва амсоли инҳо чун омилҳои аслии рӯҳияи заифи иҷтимоӣ доштани насри замони истиқлол дониста мешаванд. Назари муҳаққиқ дар ин масъала интиқоди асоснокшуда мебошад ва бо қиёс гуфта мешавад, ки асарҳои имрӯза «…мисли очеркҳои Ф.Муҳаммадиев дар солҳи 60-80-ум миёни ҷомеа баҳсҳоро ба миён наоварданд» Заъфи жанри достони имрӯза низ зикр гардида, «ҳанӯз ҷанбаи қавии ҳунарӣ пайдо накардан»-и паҳлуҳои гуногуни назми муосир таъкид карда мешавад. Муҳаққиқ дар ин самт мавҷудияти неруҳои зеҳниву эҷодиро инкор намекунад ва бо ном бурдани беҳтарин адибони замони истиқлол андеша дорад, ки бояд барои онҳо «мавзӯъҳои барномавии адабӣ пешниҳод гардад». Дар мақолаҳои дигари бахши «Адабиёти муосир» муаллиф ба уфуқҳои гуногуни инкишофи назму наср таваҷҷуҳ зоҳир намуда, дар мисоли осори адибони алоҳида муҳиту аҷзои адабиро дар қолабҳои гуногун ба риштаи таҳқиқ кашидааст.

Қисмати сеюми китоб «Адабиётшиносӣ ва адабиётшиносон» номгузорӣ гардида, хосияти публитсистиву илмӣ хеле нозукона таҷзия ёфтааст. Албатта, сабк ва услуби илмӣ низ ба зоти худ талабот дорад, ки дарки ҳамаи он на ба ҳар кас муяссар мешавад. Шароити ҷаҳонишавии имрӯза водор менамояд, ки бояд ҳама қолаби гуфтор (илмӣ, фарҳангӣ, адабӣ ва ғ). сурату ботини содаву фаҳмо дошта бошанд. Пайравӣ ба қолабҳои русиву ғарбии анъанагардида таъсири қаблиро гум кардаанд ва хонандаи имрӯза бо назардошти интихоби васеъ хеле кам аз паи баёни пурмуаммо меравад. Шояд бо назардошти ин ҷиҳатҳост, ки академик А.Раҳмонзода бештар ба халқияти баён такя менамояд ва зоҳиру ботини содаи масъаларо ҷӯё мегардад. Ин гуна ҷусторро дар мақолаи «Қурби ҳар кас ба ҳасби ҳоли ӯст» равшан мушоҳида кардан мумкин аст. Муаллиф дар такя ба табиати очерк симои Соҳиб Табаровро чун шахсияти бузурги ҷодаи таҳқиқ назаррасу хотирмон ба қалам додааст. Дар робита ба гуфтаҳои боло мақолаи дигар низ таҳти унвони «Ҳимоятгузори адабиёт, ё нигоҳе ба мактаби эҷодии Соҳиб Табаров» ҷанбаҳои гуногуни фаъолияти муҳаққиқии ин шахсияти барҷастаро дар бар мегирад. Дар мақола фаъолият ва симои мунаққидии Соҳиб Табаров шурӯъ аз солҳои сиюми асри гузашта бо низоми хронологӣ нишон дода мешавад. Масъалагузориҳо оид ба воқеиятбинӣ, роҳҳои матлубу номатлуби пайроҳаи эҷодӣ, нақди бидуни ғараз, хулосаҳои илмиву пажӯҳишӣ, камбудиҳои эҷодӣ, нуқсонҳои забониву услубӣ ва амсоли ин ҳамчун аҷзои таркибии фаъолияти мунаққидии ин олими пуркор бозгӯ мегарданд.

Чунин арзишдиҳӣ дар мавриди масъалаҳои адабиётшиносӣ нисбат ба фаъолияти муҳаққиқии донишмандони соҳибмактаб Муҳаммадҷон Шакурӣ ва Худоӣ Шарифзода низ сурат гирифта, онҳоро ситоишгарони сухани зебову каломи шево мешуморад. Принсипҳои пажӯҳишии ин олимон низ аз чандин равзана таҳқиқ гашта, онҳо бештар кашшофони маҳорат ва ҳунари адибон муаррифӣ мешаванд.

Дар қисмати чоруми китоб бо унвони «Мулоҳизаҳо оид ба осори шифоҳӣ» диққати муаллифро осори шифоҳӣ ва фолклор бо баъзе паҳлуҳову муаммоҳои он ҷалб намудааст. Дар ин самт ба жанрҳои алоҳидаи шифоҳӣ (рубоӣ, дубайтӣ, ғазал, тарона, афсона, ривоят, достон ва ғ.) ҳамчун заминаи аслии баён кардани орзуву омоли халқ баҳогузорӣ гаштааст. Воқеияту рӯҳи иҷтимоии ин гуна осор таъкид шуда, баррасии макони воқеии ҳаводис ва фазову муҳити мушаххас дар мисоли баъзе ашъори алоҳида (қиссаи Восеи қаҳрамон) ҳамчун далел пеш оварда мешаванд. Аз назари муҳаққиқ, ин гуна осор низ камтаъсир нест ва дар шаклу қолабҳои гуногун имкон дорад, ки тараннуми хислатҳои мардумдӯстӣ, гуманизм, адолат, ҳақиқат, хиёнат, садоқат ва қаҳрамониҳоро шоиставу таъсирбахшу хотирмон ба роҳ гузорад.

Яке аз вазифаҳои адабиёт ин ба вуҷуд овардани робитаҳои неки дӯстиву ҳамсоядории давлату халқиятҳост, ки дар қисмати панҷуми ин китоб бо номи «Равобити адабӣ» дар мисоли намунаҳои алоҳида баррасиву таҳқиқ гардидаанд. Муҳаққиқ дар заминаи муроҷиат ба ҳофизаи таърихӣ ба гузаштаҳои равобити адабӣ нигариста, ҳанӯз дар замони Абӯабдуллоҳи Рӯдакиву Абулқосими Фирдавсӣ, Носири Хусраву Ҷалолиддини Балхӣ, Шайх Аттору Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ, Саноии Ғазнавӣ, Ҳофизи Шерозиву Камоли Хуҷандӣ ҷой доштани ин анъанаро таъкид менамояд. Дар партави андешаҳои муҳаққиқ бори дигар хулосаи возеҳ ҳосил мешавад, ки адибон ҳеҷ гоҳ аз тараннуми дӯстиву рафоқат ва муносибату муҳаббати халқҳову миллатҳо дур набуданд.

Дар китоби «Ҳаёт, адабиёт, воқеият» тамоми самтҳои эҷоди адабӣ дар заминаи интихоби намунаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. Албатта, наметавон, ки моҳият ва мазмуни ин асарро дар як мақола фаро гирифт. Чунончи, масъалаҳои худшиносии миллӣ низ дар партави афкори таҳқиқӣ хеле ҷолиб матраҳ гардида, тарзи баён хонданибоб гаштани асарро таъмин кардааст. Ҷиҳати дигари муҳими асар он аст, ки дар баробари паҳлуҳои зиёди таҳқиқӣ садои даъвату андеша дар мавриди таҳаввули адабиёт дар замони истиқлол махсус ифода ёфтааст. Гумон мекунем, ки нашри силсилавии китоби мазкур дар шароити имрӯза роҳнамои хубе барои муҳаққиқон, пажӯҳишгарон ва адибону публитсистон мегардад. Муҳимтар аз ҳама, академик Абдуҷаббор Раҳмонзода бо нашри ин асар шогирду пайрав ва идомабахши мактаби адабиётшиносии Соҳиб Табаров будани хешро собит кардааст.

 

Саъдӣ Маҳдӣ,

Сангин Гулзод,

Бахтиёри Қутбиддин,

устодони факултаи

журналистикаи ДМТ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш