Нашрияи Омӯзгор

Толиби илмро адаб бояд

Сана: 2020-04-16        Дида шуд: 844        Шарҳ: 0

 

Зимни машғулиятҳо дар синфҳои ибтидоӣ омӯзгорро мебояд, ки ҳамбаста ба таълиму омӯзиш ба тарбияи хонандагон таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир намояд. Дар ин зинаи таҳсилот кӯдакон ниҳолаки навбареро мемонанд, ки чӣ гуна парвариш ёфтану ба зинаҳои камолот расидани онҳо ба маҳорату малакаи боғбон-омӯзгор вобастагии қавӣ дорад.

Борҳо таъкид ва собит шудааст, ки комёбии хонандагон дар таҳсил ба сатҳи одобу хулқу атвори онҳо марбут аст. Ҳеҷ гоҳ шахси беадаб инсони комил ва донишманд буда наметавонад. Бузургон нахуст адаб доштанро зарур донистаанд, пасон соҳибдониш буданро. Омили асосии тамоми комёбиҳо адаб аст. Шоири тавоно Камолиддини Биноӣ таъкид кардааст:

Толиби илмро адаб бояд,

Бо адаб саъй дар талаб бояд.

Дар байти зер мавқеи муҳим  дар ҷодаи матлаб доштани адаб хеле равшану муассир ифода ёфтааст:

Бе ҳурмату адаб  нарасад мард ҳеҷ ҷо,

Ҳар ҷо касе расид, зи роҳи адаб расид.

Омӯзгори синфҳои ибтидоӣ бояд дар мадди назар дошта бошад: рафтори ҳамида, гуфтори неку, ватандӯстӣ, рафоқату муҳаббат, накукорӣ, башарпарварӣ, дасти ҳам гирифтан, аз бадкорӣ канора ҷустан, садоқату вафодорӣ, лутфу эҳсон, эҳтироми ҳамдигар, хоксорию фурӯтанӣ, таҳаммул, хушсуханӣ ва амсоли инҳо аз муҳимтарин аркони адабанд ва дар ҷараёни таълиму тарбия бар он бояд кӯшид, ки шогирдон тадриҷан хислатҳои ҳамидаи мазкурро доро гарданд, боодоб бошанд.

Барои тарғиби одоби ҳамида омӯзгор дар дарсҳо ва машғулиятҳои дигар аз воситаҳои гуногун истифода бурда метавонад. Аз ҷумла, воситаҳои зерин самарабахшу муассиранд: истифода аз ҳикояву афсонаҳо, зарбулмасалу мақолҳо ва андарзҳо, таҳлили образҳои ҳикматомӯз, ҳикоят вобаста ба мазмуни расмҳо, тавзеҳи лаҳзаҳои корномаи қаҳрамонон, тамошои аҳлонаи намоишҳои мухтасари тарбиявӣ тавассути дастгоҳҳои техникӣ, навиштану таҳлил намудани ҷумлаҳои  пандомез, навиштани иншо ё нақли хаттии фишурда, азёд кардани қитъаҳои шеърии андарзӣ, ташкили мубоҳиса дар мавзӯъҳои «Накукорӣ чист?», «Хуб чисту бад чист?», «Одоб-ҳусни инсон», «Адаб хоҳӣ, зи ҳад берун манеҳ пой!», «Накукорӣ сарбаландист», «Кори неку номи нек…»

Ба таври маълум, ҳар дарс ҷанбаи тарбиявӣ дорад. Масалан, дар дарси забони тоҷикӣ (синфи 3) ҳангоми омӯхтани мавзӯи «Исм» илова ба ҷумлаҳое, ки дар  китоби дарсӣ оварда шудааст, таҳлили хаттӣ ё шифоҳӣ кардани ҷумлаҳои зер манфиатбахш аст ва ба тақвияти одоби ҳамидаи шогирдон ба дараҷае мусоидат мекунад: Озар хонандаи боодоб аст, ӯро ҳама эҳтиром мекунанд. Зинати инсон одоби ӯст. Ҳусн ҳусн нест, одоб ҳусн аст. Боодоб бошӣ, ба мақсад мерасӣ.

Яке аз хислатҳои неку барҷастаи ҳар каси боадаб ватандӯст будан аст. Тарғиби дӯстӣ ва ватанпарварӣ бояд дар меҳвари дарсҳои омӯзгорон қарор дошта бошад. Дар лаҳзаҳои дамгирии дарсҳо дар ин мавзӯъ ташкил кардани байтхонӣ, оростани ҷумлаҳо дар хусуси ватандӯстӣ, гуфтани мақолу зарбулмасалҳо амали матлубу муассир хоҳад буд. Масалан, дар атрофи мазмуни ду байти машҳури зерин ташкил кардани мубоҳиса ё мулоҳизаронии мухтасари хонандагон дар тарбияи дӯстӣ байни онҳо хеле муфид аст:

Дӯст он бошад, ки гирад дасти дӯст,

Дар парешонҳолию дармондагӣ.

***

Дӯст ояд, гарм дар оғӯш гир,

Расми хуби тоҷиконро гум макун.

Дар тарбияи босамару ҳадафмандонаи хонандагони зинаи аввали таҳсилот як силсила чорабиниҳои беруназсинфию беруназмактабӣ низ таъсири амиқу файзбор хоҳанд гузошт. Хушбахтона, оид ба мавзӯи ҷанбаи тарбиявии дарсҳову машғулиятҳои иловагӣ олимони мактабшиноси тоҷик рисолаву мақолаҳои зиёде навиштаву китобҳо ба нашр расондаанд.

Онҳоро дастрас кардану омӯхтан ва вобаста ба мазмунашон дарсҳои худро такмил додану ҳадафгиртар кардани омӯзгорон тақозои замон аст.

Шаҳло Умарова,

омӯзгори мактаби №18-и деҳаи Артучи

шаҳри Панҷакент


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш