Нашрияи Омӯзгор

Қарсак аз ду даст

Сана: 2020-04-16        Дида шуд: 804        Шарҳ: 0

 

Таъсири волидайн  ба ташаккули шахсияти насли наврас омили муҳим аст. Аммо сатҳи маълумотнокӣ ва ҳолати иҷтимоии зиндагии падару модарон гуногун мебошад.

Бар замми ин, тарбияи фарзандон ҳам як хел нест. Махсусан, модароне, ки аз асосҳои донишҳои педагогӣ ва психологӣ огоҳӣ дошта бошанд, кам ба назар мерасанд. Агар ҳар як модар асосҳои психологияи синнусолӣ ва педагогикаро донад, тарбияи насли наврасро дуруст ба роҳ мондан хеле осон мешавад.

Мутаассифона, аксарияти волидон тарбияи меҳнатиро дуруст ба роҳ монда  наметавонанд. Аз нуқтаи назари илми педагогика ва психология, духтарон  аз 4 - 5 - солагӣ ва писарон аз 5 - 6 - солагӣ бояд ҷӯроби худ-ро  шуста, картошкаю сабзиро тоза карда тавонанд. Дар ҳамин ҳолат сарчашмаҳои ба меҳнат вобастакунӣ оғоз меёбанд. Вале аксари падару модарон фарзандони худро аз ҳад зиёд нозпарвард тарбия менамоянд, ягон чизро баҳри онҳо дареғ намедоранд.

Борҳо шоҳиди он шудаем, ки дар назди дарвозаҳои мактабҳои таҳсилоти миёна, донишгоҳу донишкадаҳо саҳарӣ (то оғози дарс) падарон бо мошинҳои шахсии худ фарзандашонро бо сару либосҳое оварда мемонанд, ки ба талаботи мактаби муосир ва замон мувофиқ нест. Ҳол он ки либоси хона, кӯча, ҷойи кор ва ҷойи таҳсил аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Падару модарони азизро зарур аст, ки ба ин масъа-ла диққати ҷиддӣ дода, фарзандонро аз ҳад зиёд эрка накунанд. 

Масъалаи тарбияи фарзанд вазифаи аввалиндараҷаи падару модар, сарчашмаи имтиҳони зиндагист. Тарбиятгари аввалин падару модар мебошанд, Нахустин суханҳо аз онҳо ба гӯши фарзанд мерасад. Падару модар дар саргаҳи ташаккули андешаву эҳсос ва рушди ҷаҳонбинии кӯдак қарор дорад. Фарзандон дунёро нахуст бо чашму дили онҳо мебинанду мешиносанд ва муносибати хешро ба олами атроф, қабл аз ҳама, аз дидгоҳи падару модар муайян мекунанд.

Муқаддастарин макони таълиму тарбия, илму маърифат ва манбаи ташаккули шахсият мактаб аст. Асоси камолоти ахлоқӣ, таълимиву тарбиявӣ ва маънавиро шахс дар мактаб мегирад. Вазифаи муқаддаси омӯзгорон таълиму тарбия аст. Омӯзгор агар ҳар як хонандаро  баробари фарзанди худ ҳисобад, дар он сурат меҳнати ӯ самар  медиҳад. Омӯзгорон  набояд фаромӯш намоянд, ки онҳо дар баробари таълим додан шахсиятҳои ояндаи ҷамъиятро низ тарбия менамоянд.

 

Кавгинисо ИСОЕВА,

омӯзгори  синфҳои ибтидоӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш