Дар таълимгоҳҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оид ба пешгирии сирояти бемориҳои гузаранда корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шудааст, - гуфт сардори раёсати маорифи вилоят Одинашоҳ Мардов. Ҳангоми таътили баҳорона қисмати зиёди биною синфхонаҳо бо маҳлулҳои махсуси зиддивирусӣ тоза карда шуд. Чораҳои пешгирикунӣ, асосан, дар таълимгоҳҳои шаҳри Хоруғ мақсаднок гузашта, онҳо таҷҳизоти зиддивирусӣ таъмин гардиданд. Бо ин мақсад, барои санҷиш дар Мактаби Президентӣ дар шаҳри Хоруғ машғулият гузаронда шуд, ки ҳайати педагогӣ ва хонандагон аз иҷрои ҳамаи меъёрҳои тамизкунӣ ва дигар амалҳои профилактикӣ ба хубӣ баромаданд. Вобаста ба ин, дар кабинети химия аз ҷониби хонандагон машғулияти тарзи тайёр кардани собун баргузор шуд, ки маҳлули ҳосилшуда сифати баланди тозакунӣ дорад. Гурӯҳҳои кории зиддивирусӣ дар маҳалли зисти хонандагон низ корҳои фаҳмондадиҳӣ ва усули истифодаи таҷҳизоти зиддивирусиро роҳандозӣ карда истодаанд.
Ҷ. Қозибеков, «Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр