Зиндагии инсон бо ахлоқи ҳамида зебост. Бузургон фармудаанд: «Ахлоқ нурест бар қалб, ки инсонро роҳнамоӣ мекунад ва тоҷест бар сар, ки соҳибашро иззату каромат мебахшад».
Масъалаи оила ва тарбияи одобу ахлоқи ҷавонон дар ҳама давру замон диққати олимонро ба худ ҷалб кардааст. Оила як ҷойи муқаддас буда, дар он бояд ҳамеша меҳру муҳаббат ҳукмрон бошад. Дар оила, пеш аз ҳама, байни волидайн иззату эҳтиром ва якдигарфаҳмӣ зарур аст. Ба дунё омадани фарзанд барои ҳар як оила хурсандии калон аст. Фарзанд риштаи меҳру муҳаббати волидонро мустаҳкам менамояд ва масъулияти онҳоро барои тарбияи фарзанд зиёд мегардонад. Фарзанди хубу ботарбия давомдиҳандаи ному кори волидайн ва ояндаи ҷамъияти солим мебошад. Ба воя расонидан ва тарбия кардани фарзанд қарзи муҳим ва вазифаи ҷиддии ҳар як падару модар дар назди миллату Ватан ва умуман, инсоният мебошад. Дар ҷумҳурии мо масъулият нисбат ба тарбияи фарзанд ба ҳукми қонун дароварда шудааст. Бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба тасвиб расидааст. Дар Конститутсияи кишварамон оварда шудааст, ки падару модарон дар тарбияи фарзандон масъуланд. Ҳар як фард ҷузъи ҷамъият аст ва инсони солим ба ҷамъият низ солимӣ бахшида, ба ҳамин васила ҳаётро дар рӯйи замин ба таври шоиста идома мебахшад. Падару модар бояд ба фарзанд некӣ ва накукориро ёд диҳанд. Дар ҳадисҳои паямбар омадааст: «Фарзандони худро эҳтиром кунед ва ба онҳо бо одобу рафтори нек бархӯрд намоед. Ба фарзанди худ дар анҷоми некӣ ва кори хайр ёрӣ расонед».
Муваффақияти раванди таълим низ аз бисёр ҷиҳат ба муносибати байни омӯзгору волидайни хонандагони синфҳои ибтидоӣ марбут аст. Муносибати самимонаи байни омӯзгору волидайнро маҳз боварии байни онҳо муайян карда, дар ҳар ду тараф зарурати муошират карданро бедор месозад. Муносибати байни мактаб ва волидайн аз кори пайваста ва пурсамари омӯзгор бармеояд, ки он бояд мақсаднок, бонизом ва ибратбахш бошад. Ҳар як синф бояд на танҳо аз хонандагон, балки волидайн низ иборат бошад. Дар баробари шаклҳои анъанавии кор бо волидон муаллим бояд аз шаклҳои ғайрианъанавӣ низ бомуваффақият истифода бурда тавонад. Ба чунин усулҳои ғайрианъанавии кор метавонад машварат мансуб бошад. Машварат ва суҳбати самимонаи байни муаллим ва волидайн метавонад мушкилкушои чандин муаммо вобаста ба тарбияи фарзанд шавад. Волидайнро ба суҳбати инфиродӣ муаллим метавонад бо ташаббуси худ даъват намояд. Барои ин омӯхтани давомоти шогирд, муносибатҳои ӯ бо ҳамсинфонаш ва қобилиятҳои ниҳонияш мувофиқи мақсад аст. Баргузор намудани суҳбатҳои инфиродӣ метавонад ҳолатҳои нифоқ ва муноқишаҳои байни хонандагонро пешгирӣ намояд ва барои беҳтар намудани якдигарфаҳмии волидайну фарзанд, хонандаву муаллимон мусоидат намояд. Умуман, ба роҳ мондани таъсири мутақобилаи хонанда ва волидайн аз тарафи муаллим ва роҳбари синф калиди пешрафти хонандагони синфҳои ибтидоӣ ва тақвияти истеъдоду малакаҳои онҳо мегардад.
Гулбаҳор ҲАМРОЕВА,
омӯзгори мактаби №89,
шаҳри Турсунзода
Иловакунӣ
Иловакунии фикр