Масъалаи сустхонии хонандагон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ яке аз масъалаҳои муҳиму рӯзмарра ба шумор рафта, барои бартараф кардани он, пеш аз ҳама, омӯзгорон вазифадоранд.
Психологҳои мактабӣ ва омӯзгорон сабабҳои сустхонии хонандаҳоро муайян карда, нақшаи ислоҳнамоӣ ва инкишофдиҳиро бояд рӯйи кор биёранд. Ба хонандагони сустхон мактаббачаҳое дохил мешаванд, ки дар азхуд намудани барномаи таълимӣ душворӣ мекашанд. Ба сустхонии хонандагон якчанд сабабу омилҳои психологӣ-иҷтимоии таъсиррасонанда нақш мебозанд. Аз ҷумла, ташаккул наёфтани маҳорати азхуднамоии фаъолияти таълим, инкишоф наёфтани ҷараёнҳои маърифатӣ, ҳолати бади психологӣ, бемориҳои психикӣ, бемориҳои ирсӣ, бемориҳои тиббӣ, дар давраҳои мусоид ба инобат нагирифтани хусусиятҳои психологӣ-синнусолӣ, дастрасӣ надоштан ба ашёи таълим, давомоти паст, методу усули нодурусти омӯзгор ва ғайра.
Педагогҳои навовар сабаби асосии сустхонии хонандагонро дар каммаҳсулии методҳои таълим мебинанд. Омӯзгорон, одатан, сабабҳои сустхониро муайян накарда, усулҳои зидди хоҳиши бачаҳо ва каммаҳсулро истифода мебаранд, ки натиҷаҳои манфиро ба даст меоранд.
Сустхонии хонанда метавонад бошуурона ва мақсаднок сурат гирифта, ҳадаф дар бештар маврид канораҷӯӣ аз таълим мебошад. Ин омил, махсусан, дар хонандагоне ба назар мерасанд, ки тавассути саркашӣ намудан аз мактаб мехоҳанд бар зидди системаи арзишҳои калонсолон эътироз баён намоянд ва ё дар мавриди дигар эътироз нисбат ба методу усули кори муаллим мебошад. Кӯдаконе, ки маводи таълим ё навро бо душворӣ аз худ мекунанд, дар онҳо сустӣ ва карахтии раванди фикрронӣ ба мушоҳида мерасад, ҳангоми кӯчонидани фикр аз як амал ба амали дигар ба душвориҳо рӯ ба рӯ мешаванд.
Барои бачаҳои сустхон, пеш аз ҳама худташаккулиро дар шахсияташон бедор кардан лозим аст. Зеро набудани маҳорат, идоранамоии ҷараёнҳои психикӣ ва ё амалҳои фикрӣ дар ҳолатҳои таҳлилу хулосабарорӣ омилҳои дигари сустхонии онҳо ба шумор меравад. Ин гурӯҳи хонандагон бошуурона аз фаъолияти ақлӣ дурӣ ҷуста, роҳҳои аз мушкилоти таълим халос шуданро мекобанд ва ҳолати фаъолии фикриро намеписанданд. Аз ин рӯ, бештари онҳо ба хонандагони душвортарбия мубаддал мегарданд. Психолог ва омӯзгоронро зарур аст, ки аз методу усулҳои психокорексионӣ кор бурда, шавқу завқи хонандагонро барои аз худ кардани барномаи таълимӣ бедор намоянд.
Барои барномаи таълимиро аз худ намудан маҳорату малака ва усулҳои гуногун зарур аст, бинобар ин, мактаббача на ҳама вақт метавонад мустақилона усулҳои нави заруриро барои фаъолияти худ азбар намояд. Агар ба ӯ омӯзонида нашавад, кӯшиш менамояд, ки мустақилона онҳоро бо роҳҳои тасодуфӣ аз худ кунад. Аз ин рӯ, вазифаи омӯзгор ташаккул додани маҳорату малака ва омӯзонидани усулҳои зарурии азхуднамоии фаъолияти таълимӣ ба хонандагон мебошад. Пеш аз ҳама, таваҷҷуҳи омӯзгор барои ташаккул додани раванди психикӣ ва маърифатнамоии хонандагон равона шавад. Раванди психикӣ як системаи яклухтро ташкил медиҳад, ки онро системаи ақлӣ номидан мумкин аст. Системаи мазкур диққат додан ба маводи нав, фаҳмидан ва бахотиргирии онро дар бар мегирад. Ҳар як раванди маърифатӣ бо дигар равандҳо алоқаманд буда, дар дохили онҳо амал мекунад. Ба монанди он ки тафаккур дар аснои хотир амал мекунад; тафаккур барои фаҳмидани диққат зарур аст: дархотирнигоҳдорӣ – ин маҳсули ҷараёни тафаккур мебошад. Яъне, як раванди маърифатиро ташаккул дода, дигар равандҳои маърифатиро низ инкишоф додан мумкин аст. ҳамин тавр амал карда, дар ҷараёни таълим мебояд ҳамаи равандҳои маърифатиро ташаккул диҳем.
Бояд зикр намуд, ки қисми зиёди бачаҳои душвортарбия суст мехонанд. Аз ин рӯ, омӯзгорон сустхониро яке аз рафторҳои вайрон кардани талаботи мактабӣ меҳисобанд. Агар масъалаи сустхонии мактаббачаҳо ҳал шавад, яке аз масъалаҳои муҳими мактабӣ ҳалли худро меёбад. Дар ин замина, хонандагони душвортарбия низ шумораашон коҳиш меёбад. Зеро ба инкишофи шахсияти хонандагон таъсири ҷиддӣ мерасонад.
Хулоса, таҳлили психологӣ-педагогӣ нишон медиҳад, ки калонсолон, бахусус, омӯзгорон барои ташаккул додани маҳорату малакаҳои таълим, бедор намудани қобилиятҳои фардӣ ва шавқу ҳаваси хонандагон нақши калидӣ мебозанд.
Баҳрулло Саидзода,
равоншиноси литсей-интернати Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Сайдамир Саидзода,
директори мактаби №29,
ноҳияи Данғара
Иловакунӣ
Иловакунии фикр