Нашрияи Омӯзгор

Занбӯрҳо «математик»-ҳои беҳамтоянд

Сана: 2020-04-16        Дида шуд: 803        Шарҳ: 0

 

Дар табиат намудҳои гуногуни занбӯрҳо мавҷуд аст. Тақсимоти  кору вазифаҳо дар оилаи занбӯри асал ирсӣ буда, бе супориш ҳар кадом ба кори худ сидқан машғул мегарданд.

Дар хонасозӣ занбӯрҳо беҳамтоянд ва сарфакории майдон, камхарҷии масолеҳи сохтмон ва пуртаҷрибагии онҳо мушоҳида мешавад. 

Инсон бо истифода аз нақшаи тарҳрезишуда ва бо асбобҳои замонавӣ кунҷҳои иморатро рост карда, таҳдеворӣ андохта, баъд девор мекунад. Акнун шумо тасаввур кунед, ки занбӯр аз қисми болои чорчӯба, аз боло ба поён, бе ягон тарҳрезӣ миқдори зиёди хоначаҳои шакл ва андозаи  якхелаи қатъиян ба ҳам монандро чӣ тавр месохта бошад? Дар дохили кандуи торик сохтани чунин маҷмӯи зиёди хоначаҳои саҳеҳан якхела кори осон нест. Агар бо асбобҳои дақиқсанҷ ин хоначаҳоро аз назар гузаронед, фарқиятеро дар онҳо мушоҳида нахоҳед кард. Пас, маълум мегардад, ки занбӯрҳо риёзидон, лоиҳакаш, муҳандис ва дар хонасозӣ устои беҳтаринанд.

Як девор ба ду хонача тааллуқ дошта, аз сохтани як хонача шаш хоначаи дигар пешакӣ як тарафашон тайёр мешавад. Дохили ин хоначаҳо фурӯхамидаву тарафи муқобилаш (пушташ) барҷаста буда, алоқамандии    секунҷамонандро  доранд. Ин  хоначаҳои як чорчӯба  (9000 хонача дар як чорчӯба) ба 4,5-5 кг ғунҷоиши асал тобовар мебошанд. Кунҷҳои кунди ин хоначаҳо ба  1090 28/ ва кунҷҳои  тезашон  700 31/ баробар буда, доимо бо ҳам бо  андозаи саҳеҳи қатъиян якхела сохта мешаванд. Ин хоначаҳо, асосан, чунин вазифаҳоро  иҷро мекунанд:

1 Дар мавсим модарзанбӯр дар онҳо тухм мегузорад.

2 Ба хоначаҳо об рехта, ҳарорати хонаро муътадил (350) нигоҳ медоранд.

3 Дар  хоначаҳо гардакгул ва  асалро захира мекунанд.

  Ҳангоми тухм, кирм ва зоча доштани ин хоначаҳо аз гармии як хонача шаш девораҳои ҳамсоя низ гарм мешаванд. Занбӯрҳо вақтро хеле самаранок истифода бурда, дар вақти боридани борон бетоқату асабонӣ мешаванд. Занбӯр бегоҳирӯзӣ ба ҷамъоварии гарди гулу асал рафта, масофаи хона  ва суръати парвозашро аниқ ба ҳисоб мегирад. Агар вақт ба масофа басандагӣ накунад, занбӯри асал ба хона барнагашта, дар зери барг ё гул то субҳ қарор мегирад. Ҳангоми ба хона баргаштан макони манбаи шираро ба дигар занбӯрҳо аз рӯи мавқеи офтоб ва ҷойгиршавии  лонаро ба инобат гирифта, тавассути кунҷ ва рақсҳои даврашаклаш хабар медиҳад.

Занбӯрҳо ҳангоми таҳдиди душман барои зинда мондани модарзанбӯр ҷони худро дареғ намедоранд. Ҳангоми кам будани захираи ғизо (дар фасли зимистон) занбӯрон аз хӯрдани асал даст кашида, танҳо маликаро бо он таъмин менамоянд. Ин амал танҳо ба занбӯрон хос буда, ба сарвари худ содиқу вафодор буданашонро нишон медиҳанд…

Ин рафтори онҳо сабаб мегардад, ки дар рафти дарс  толибилмонро баъзан ба ин олами пурасрор шинос намоям. Барои диққати хонандагонро ба дарс ҷалб кардан баъзан воқеаҳои аҷиби таърихӣ нақл карда, гоҳе саволҳои мантиқӣ, баъзан мисолу масъалаҳои шавқоварро муҳокима мекунам. Бисёртар проблема гузошта,  хонандагонро ба баҳс кардан водор месозам. Масалан, мувофиқ бо мавзӯъҳои дарсӣ робитаи байни ҷадвалҳои амсилаҳоро баъзан чунин шарҳ медиҳам :

-Ҳар  як оилаи  занбӯрҳо  як модарзанбӯр доранд.

-Як чорчӯба якчанд хоначаҳо-муқаррарӣ, гузаришӣ, захиравӣ дорад. Ё як модарзанбӯр миллионҳо  дона тухм мегузорад.

-Тухмгузорияш бисёру душманонаш ҳам бисёранд.           

Омилҳои ба тухмгузории модарзанбӯр таъсир расонандаро бо гиреҳҳо тасвир мекунам. Дар амсилаҳои навъи «дарранда ва сайд» душманони занбӯри асалро шарҳ медиҳам. Нақши занбӯрро дар гардолудкунӣ ва зиёд кардани ҳосили растаниҳо дар алоқамандии якдигар шарҳ медиҳам. Маҳсулоти занбӯри асалро дар амсилаи иерархӣ ё релятсионии додаҳо тасвир карда, дар бораи хосиятҳои табобатии ҳар кадоми онҳо маълумот медиҳам.

Бисёрии хонандагон бо дили хоҳаму нохоҳам ба дарси муаллимон иштирок менамоянд, ки ин боиси паст гардидани сатҳи донишомӯзияшон аз фанҳои дақиқ мегардад. Хонандагони имрӯза  аз хизматрасониҳои интернет баҳравар гардида, бисёртар вақти худро беҳуда дар бозиҳои компютерӣ ва тамошою шунидани маводи дилхушкунанда мегузаронанд. Агар хонандагон интернетро  бо мақсади таълим–омӯзиш истифода баранд, беҳтар мебуд, зеро интернет кони ганҷу хирад, махзани илму дониши беканор мебошад…

Барои баланд бардоштан сатҳу сифати дониши хонандагон омӯзгорон ва мутасаддиёни соҳаро зарур аст, ки  китоб ва дастурҳои замонавиро нашр намуда, аз сидқ ба кору фаъолият машғул шаванд. Бояд муаллимон аз маҳорату методҳои нави эҷодкорияшон истифода карда, дарсҳои худро бо ҳаёти имрӯза алоқаманд намоянд. Дар дарсҳояшон истифодаи воситаҳои техникии замонавӣ, додани ҳар хел саволҳои мантиқӣ, проблемагузорӣ кардан, ба баҳсу муҳокимаҳо  ҷалб кардани хонандагонро эҷодкорона ба роҳ монанд.

Аълобердӣ Бердиев,

  омӯзгори математика ва

технологияи иттилоотии мактаби №16,

ноҳияи Зафаробод 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш