Салоҳият комбинатсияи динамикии (алоқамандии ташаккулёбандаи) дониш, маҳорату малака ва муносибат (арзишҳо) мебошад. Қобилияти ба роҳ мондан ва нигоҳ доштани муоширати самаранок салоҳият аст, ки аз забондонӣ, соҳиб будан ба маҳорату малакаи истифодаи он дар соҳаи технологияи информатсионӣ, муносибати ҳасана бо ҳамкорон вобаста аст.
Сабабҳои зерин омӯзгоронро водор месозанд, ки муносибаташонро нисбат ба таълим дигаргун созанд:
1. Ҷаҳонишавӣ: рақобати калон барои ҷойҳои кории маҳдуд, ҳамчун натиҷаи сатҳи олии эҷодкорӣ ва навоварӣ барои нигоҳдории рақобатпазирӣ.
2. Табаддулоти иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ: пешрафти босур-ъати техника ва дастрасии бемисл ба иттилоот, кашфиёти илмии нав оид ба мағзи сар, ки инсон чӣ тавр меомӯзад.
3. Тағйироти муносибатҳои му-ассисавӣ ва байнимуассисавӣ. Аз сабаби рушди босуръати технология, ҷаҳонишавӣ, қувваҳои рақобатпазир тарзи иҷрои кор ба таври радикалӣ тағйир меёбад, фаъолият дар гурӯҳҳои худидоракунандаи кории ба ҳамкорӣ асосёфта, барои амалисозии лоиҳаҳои калони аксаран характери умумиҷаҳонидошта амалӣ мешаванд. Касб пешгӯинашаванда ва ноустувор шудааст, ки аз одамон мутобиқат ба талаботҳои навро тақозо мекунад.
4. Автоматикунонӣ: компютерҳо аз уҳдаи «корҳои муқаррарӣ» хубтар мебароянд ва одамро иваз мекунанд.
Вобаста ба ин, дар замони муосир мактаб бояд хонандагонро ба омӯзиши касбҳое, ки ҳанӯз пайдо нашудаанд, технологияе, ки ҳоло эҷод нашудааст ва проблемаҳое, ки мо то ҳол намедонем, тайёр намояд.
Барои ба ин талабот мувофиқ намудани таълим се омилро дар назар бояд гирифт:
1. Гузариш аз дарс додан, ба омӯзондан дар таълим.
2. Арзёбии формативӣ барои пешрафт дар омӯзиш.
3. Таъмини шароити омӯзишии мусоид барои ҷалби интеллектуалии (истеъдоди табиии ҳар хонанда) хонандагон ба омӯзиш.
Хонандагон бояд дар фанҳои дар мактаб омӯхташаванда салоҳиятнок бошанд. Хусусан, маҳорату малакаи риёзӣ, табиию техникӣ ва истифодаи дониши худ барои ҳалли масъалаҳои реалӣ, барои комёбӣ дар омӯзиш, кор ва зиндагӣ муҳим мебошанд.
Аз ҷумла, барои омӯзиши биология бо усули салоҳиятнок дар хонандагон дониш, маҳорат ва малакаҳои зерин ташаккул меёбанд:
• дарки маънои мафҳумҳо ва қонунҳои биологӣ;
• истифодаи асбобҳо ва олотҳои ченкунӣ ҳангоми гузаронидани таҷриба;
• пешниҳоди натиҷаи ченкуниҳо дар шакли ҷадвалҳо (таблитса), нигораҳо (графикҳо) ва дар асоси он муайян намудани вобастагии эмпирикӣ;
• овардани мисолҳои татбиқи амалии донишҳои биологӣ дар ҳаёт;
• ҳал кардани масъалаҳо оид ба татбиқи қонунҳои биологӣ;
• ташкили ҷустуҷӯи мустақилонаи ахбороти мазмуни илмӣ-табиатшиносидошта бо истифода аз манбаъҳои гуногун;
• истифодаи донишу маҳорати гирифта дар амал ва ҳаёти рӯзмарра.
Омӯзиши босалоҳият хонандагонро ба озодӣ дар пешниҳоди фикру андеша, рушди қобилияти гӯшкунӣ ва аз дастоварди худ эҳсоси хушҳолӣ намудан водор месозад.
Мадина МАМАДНАЗАРБЕКОВА,
омӯзгори мактаби №100-и
ноҳияи Шоҳмансур
Иловакунӣ
Иловакунии фикр