Дар рафти таълиму тарбия омӯзгори забони русӣ дар баробари дигар воситаҳои омӯзиш аз луғатҳо васеъ истифода мебарад. Луғат аз муҳимтарин сарчашмаи забономӯзӣ ба ҳисоб меравад.
Дар тамоми дарсҳои забони русӣ ҳам омӯзгор ва ҳам хонандагонро лозим меояд, ки аз луғатҳо пайваста истифода баранд ва аз ин рӯ, китобҳои фарҳангу луғат дар дарсгоҳи забони русӣ бояд ҳамеша мавҷуд бошанд. Омӯзгорро мебояд, ки ба шогирдон китобҳои луғатро муаррифӣ намояд ва ба онҳо тарзи кор бо луғатҳоро биомӯзад. Аслан луғатҳо тамоми соҳаҳои фанҳоро фаро мегиранд. Дар забоншиносӣ низ луғатҳо (фарҳангнома) аҳамияти махсус доранд, китоби рӯимизӣ ба ҳисоб мераванд. Луғатҳои забоншиносӣ ба ду гурӯҳи калон ҷудо мешаванд: луғатҳои умумӣ ва луғатҳои махсус (соҳавӣ). Луғатҳои умумӣ якзабона (тафсирӣ ), дузабона ва бисёрзабона мешаванд. Масалан, дар забони русӣ яке аз луғатҳои машҳур мансуб ба забоншиносу фарҳангнигори маъруфи рус С.И.Ожегов мебошад, ки «Словарь русского языка» ном дораду борҳо ба нашр расидааст.
Яке аз навъҳои муҳиму пуристифодаи луғатҳо луғатҳои этимологӣ мебошад. Ин навъи луғатҳо таърихи баромади калимаҳо ва тағйироти сохтории онҳоро меомӯзад.
Барои саҳеҳ омӯхтани забон, огаҳӣ ёфтан аз сайри таърихии калимаҳо, истифодаи дурусту бамавриди вожаҳо, таҳлили дурусти сохти калимаҳо огаҳӣ аз этимология ва луғатҳои этимологӣ муҳим мебошад. Албатта, дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ омӯзиши васеи этимология чандон зарурат надорад, вале маълумоти умумӣ пайдо кардан дар бораи он ва варақ задани луғатҳои этимологӣ барои забономӯзии хонандагон мададгор хоҳад буд. Дар забони русӣ теъдоди зиёди луғатҳои этимологӣ ба нашр расидаанд ва чанде аз онҳо махсус барои мактабиён таҳия гардидаанд. Ин луғатҳоро шогирдони мо ҳам дар ҷараёни дарсҳои забони русӣ ва ҳам мустақилона истифода бурда метавонанд. Маълум, ки қисмате аз хонандагон ба омӯзиши забонҳо, таърихи забонҳо ва сохтору баромади калимаҳо таваҷҷуҳ ва шавқу ҳаваси махсус доранд. Барои ин гуна шогирдон луғатҳои этимологӣ ба аҳамияти махсус моликанд. Бояд гуфт, ки таърихи баромади баъзе калимаҳо дар забони русӣ метавонад ҳикояи ҷолибу шавқоваре бошад. Чанде аз забоншиносони рус дар бораи як силсила калимаҳо китоби алоҳида навишта, ба хонандагони мактабҳо пешниҳод кардаанд. Ин гуна китобҳо шавқи хонандагонро ба омӯзиши забон ва донистани сайри таърихии вожаҳо дучанд мекунанд.
Бо ҳадафи амиқтар гаштани мулоҳизаҳоямон оид ба луғатҳои этимологӣ аз китоби «Краткий этимологический словарь русского языка» (муаллифон Н.М.Шанский, В.В.Иванов, Т.В.Шанская), ки дар забоншиносии русӣ бисёр машҳур асту беш аз 5 маротиба батакрор чоп шудааст, этимологияи се калимаро шарҳ медиҳем.
Аттестат – баромади ин калима мансуб ба калимаи лотинии «аттестатиум» мебошад. Он дар асри 18 дар забони немисӣ ба шакли «аттестат» ворид гашта, ба ҳамин шакл ба забони русӣ низ қабул шудааст ва маънояш «шаҳодат додан, тасдиқ кардан» мебошад.
Атом – дар асри 18 дар заминаи калимаи юнонии «атомос» (тақсимнашаванда) ба забони русӣ ворид гаштааст. Дар он айём атомро чизи ба дигар ҳиссаҳо тақсимнашаванда меҳисобиданд.
Браслет – калимаи аслан фаронсавӣ ва решааш калимаи «брас» аст, ки маънои «даст»-ро дорад.
Гулнора СУЛЕЙМАНОВА,
омӯзгори забони русӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр