Нашрияи Омӯзгор

Иқдоми беназир

Сана: 2020-04-16        Дида шуд: 801        Шарҳ: 0

 

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  боргоҳҳои касбу ҳунар бо шароити хуб ва имкониятҳои зарурӣ таъмин карда мешаванд.

Дар ин росто листейи касбии дӯзандагии шаҳри Душанбе  дар тӯли фаъолияти беш аз 70-солаи худ ҳазорон шогирдро ҳамчун ҳунармандони чирадаст ба воя расонидааст, ки дар пешрафти кишвари азизамон саҳмгузор мебошанд. Дар муассисаи таълимӣ синфхонаҳо, устохонаи таълимӣ, китобхона, синфхонаҳои компютерӣ, дар маҷмӯъ, заминаи хуби назариявию  истеҳсолӣ мавҷуд аст. Инчунин, синфхонаҳои  таълимии фаннӣ ва тахассусӣ бо имконот ва технологияи замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, ба талаботи  нақшаву барномаҳои таълимӣ ҷавобгӯй мебошанд.

 Бахшида ба эълон гардидани  Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои  мардумӣ  синфхонаи ҳунарҳои мардумӣ, ки қаблан ташкил  шуда буд, бо шароиту имкониятҳои бештар таъмин гардида, фаъолияташ васеътар карда шуд. Дар ин замина ғайр аз ихтисосҳои дусола ва яксола, вобаста ба самти зикргардида боз барои омӯзиши ҳунарҳои хоси миллӣ, курсҳои кӯтоҳмуддати гулдӯзӣ, дӯзандагӣ, попурзанӣ, қолинбофӣ, адрасбофӣ кушода шуда, ҷавондухтарон ва занҳои бешуғл ба омӯзиш ҷалб гардиданд. Синфхонаи мазкур бо дастгоҳҳои  хурди алочабофӣ, адрасбофӣ, қолинбофӣ ва мошинаҳои замонавӣ  таҷҳизонида  шудааст, ки барои дар сатҳи баланд ба роҳ мондани омӯзиши  соҳаи саноати сабук ва касбҳои дӯзандагию  гулдӯзӣ  ҳамчун базаи моддӣ-техникӣ хизмат карда метавонад. Хонандагони литсей бо намунаи ҳунари худ дар чандин намоишгоҳи сатҳи ҷумҳуриявӣ ва шаҳрӣ  иштирок намуда, мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд. Литсей барои намоиши «Навъҳои гуногуни сӯзанидӯзӣ» соҳиби Дипломи махсуси     шаҳри Душанбе гардидааст, ки он дар доираи фестивали «Сад ранги чакан» доир шуд. Иштироки хонандагону устодон дар фестивали «Ҳунар беҳ аз зар бувад» бо Дипломи дараҷаи дуюм аз рӯи номинатсияи тарроҳӣ ва Сипосномаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуд, ки боиси рӯҳбаландӣ ва ифтихори мост. Дар баробари иштирок дар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ гулдухтарони литсей ҳамасола 2-3 маротиба дастовардҳои худро пешкаши кормандон ва хонандагони литсей менамоянд.

  Гулдӯзии чакан, ки аз ниёгонамон ба мо мерос мондааст, дар байни мардуми тоҷик  маъмул буд, акнун бисёр давлатҳо ин намуди ҳунари дастиро дар либосҳои аврупоӣ  низ тасвир менамоянд, ки ин боиси ифтихор мебошад. Дар ин замина маъмурияти литсей бо мувофиқаи волидайни хонандагон ба хулосае омад, ки соли таҳсили оянда хонандадухтарони мо ба дарс бо либосҳои тавсиявие, ки нусхаи чакан дар он нақш бастааст, ба дарс меоянд.

 Дар умум,  роҳбарият ва хонандагони  литсейи касбии дӯзандагии шаҳри Душанбе  бо истифода аз ҳама имконоти мавҷуда саъй мекунад, ки шароити таълиму омӯзишро беҳтар  гардонанд ва ба муваффақиятҳои нав ба нав ноил гардида, дар ин замина барои расидан ба ҳадафҳои аслӣ ва меҳварии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ саҳмгузор бошанд.

Шаҳло СИРОҶОВА,

директори  литсейи дӯзандагии шаҳри Душанбе 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш