Нашрияи Омӯзгор

Ҷоннисори миллат

Сана: 2018-06-06        Дида шуд: 757        Шарҳ: 0

Садриддин Айнӣ дар таърихи халқи тоҷик мақоми барҷаста дорад. Ӯ падари миллат, илҳомбахш ва муаллими он аст.Иржи Бечка, адабиётшиноси чех

Муаллим доимо меболид, ки миллати куҳанбунёдаш фарзонафарзандони бузург дорад. Бештар аз ҷонбозию қаҳрамониҳои устод Сайид Садриддинхоҷа Айнӣ ифтихор мекард.

Таърихи ростинро мисол оварда, бо далел, санаду арқоми зиёд ва иқтибос аз гуфтаҳои бузургони дигар андешаҳояшро ба исбот мерасонд. Ба шогирдон гаштаю баргашта таъкид мекард, ки ин суханонро дар мағзи сари хеш доимо ҷой диҳанд ва дар ҳама ҷо истифода баранду аз ин гуфтаҳо фахр кунанд. Дигарон борҳо ин суханони ӯро шунидаанд:

-Устод Садриддин Айнӣ асосгузори адабиёти давраи нави тоҷик мебошад. Вай барои ташаккул ёфтан ва худро шинохтани халқи тоҷик хизмати босазое кардааст. Устод Айнӣ бо асарҳои безаволаш адабиёти моро дар арсаи олам боз ҳам машҳуртар гардонд. “Ҷаллодони Бухоро”, “Намунаи адабиёти тоҷик”, “Одина”, “Дохунда”, “Ғуломон”, “Ёддоштҳо” ва дигар асарҳои ӯ маҳбубтарин китобҳои мардуми маърифатдӯст мебошанд. Ба гуфти шоир Бозор Собир, Айнӣ ҳамеша бо халқ буд:

То ба Айнӣ шоирон танҳо ба

танҳо хондаанд,

Ӯ суруди инқилоби халқро бо

халқ хонд.

То ба ӯ аз шоирон девону

дафтар мондааст,

Ӯ ба мо девону дафтар, ҳам

Ватан, ҳам халқ монд.

Омӯзгори миллатдӯсту ватанпарвар суханони хешро идома бахшида мегуфт: “Устод Садриддин Айнӣ аз миллати хеш меболиду менозид ва дар асарҳояш намояндагони ин халқи тамаддунсозро васф менамуд. Шахси солимфикре, ки асарҳои устодро мавриди мутолиа қарор медод, маълумоти васеъро соҳиб мешуд: ҳам аз риёзиву ҳандаса, ҳам аз таъриху ҷуғрофия, ҳам аз забону адабиёт ва ҳам аз эстетикаву экология фаҳмише ҳосил мекард”.

Инсон аз модар мусулмон ё исавӣ ва буддоӣ таваллуд намешавад. Дар ҷаҳли мураккабмонда дар ҷамъият ба мисли неши хор аст, ки пас аз халидан ба кас озор медиҳаду ба зардоб табдил меёбад, вале аз ҳамкасби соҳибдиплом шунидани ин гапи зишт барояш басо аламовар шуд:

- Айнӣ алифбои моро дигар кард.

Муаллими мо аз гапи ин “омӯзгор”-и забон ва адабиёти тоҷик барошуфт:

-Ту ба ҳамин гапат ягон далел дорӣ? Надорӣ! Кадом китобҳои устодро хондаӣ? Масалан, падари бузургвор пеш аз маргаш ба Садриддини наврас чӣ васият кард?

Омӯзгори ҳарзагӯй хомӯш буд, ҳатто ин суханони Сайидмуродхоҷаро, ки ба фарзанд гуфта буд, намедонист: “Хон! Дар чӣ гуна душворӣ бошад ҳам, хон! Лекин қозӣ нашав, раис нашав, имом нашав! Агар мударрис шавӣ, майлат!”. Он фардро “муаллим” гуфтанӣ набуд, вале гапи Шайх Саъдӣ “Нигаҳ дор аз омӯзгори бадаш”-ро ба хотир оварду гуфт:

-Муаллим, таърих гувоҳ аст, ки алифбои лотиниро аввал туркҳои усмонӣ қабул карданд, баъд озарбойҷониҳо ҳамин ҳуруфро пазируфтанд ва сонитар ҷумҳуриҳои туркзабон бо тоҷикони миллатфурӯши Осиёи Миёна аз баҳри алифбои арабӣ баромада, ба ҳарфҳои лотинӣ рӯ оварданд. Тоҷикон, ки дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ буданд, иҷборан ба ин алифбо рӯ оварданд ва, ба қавле, Абдурауфи Фитрат аввалин алифбои лотиниро тартиб дод. Пас аз даҳ сол боз алифборо дигаргун карданд ва тоҷикон, ки ягона халқи босавод дар Осиёи Марказӣ буданд, саросар ба бесавод табдил ёфтанду болшевикон дар байни онҳо таълимоти маҳви бесаводӣ гузаронда, соҳиби алифбои кириллӣ гардонданд. Дар он вақт ба сиёсати болшевикон андаке садо баланд мекардӣ, дар хунукиҳои Сибир ба муҷассамаи ҳақиқӣ мубаддал мегаштӣ. Бо вуҷуди ин манъ карданҳо, устод Айнӣ ба ҷуз алифбои форсӣ ба ҳарфи дигар асар наменавишт. Муаллими математика пас аз хондани асарҳои устод “Ман аз китобҳои устод бисёр чизро омӯхтам ва ҳатто қаҳрамононашро дар ҳаёти имрӯза дучор омадам”, - мегӯяд, ту бошӣ, сафсатаву ҳазён мегӯӣ. Агар меҳр ба алифбои арабӣ дошта бошӣ, дасти туро касе надоштааст, биомӯз. Инсониятро ҳарф пешрав намекунад, ақлу заковаташ ба кашфиёти ҳайратангез ноил мегардонад. Ба олам нигар, кадом мамлакатҳо ба дастовардҳои нодир ноил гаштаанд? Ту бошӣ, як аробаи шалақ сохта наметавонӣ...

Ҳар бор ки сухан оид ба китобу китобхона меравад, муаллимро ғурури бештар фаро мегирад. 

Китоб барои инсон бахту иқболи нав аст,-ба суханронияш идома мебахшад омӯзгори мо,-китобдӯстиро аз ин алломаи башар бояд омӯхт ва суханро чун шаддаи марҷон пайи ҳаму ҷо ба ҷо гузоштанро низ аз ин нобиғаи сухан мебоист андӯхт. Масалан, ин ҷумларо мехонем: “Чашми сиёҳи оташбор, мижгони дарози ҷоншикор ва абруи каҷи дунболадори ӯ дили ҳар бинандаро аз ҷо мебурд”. Сухансанҷи муқтадир бо насри мусаҷҷаъ гуфторашро зебу зинат бахшидааст. Устодони адабиёти мо Абдусалом Деҳотӣ, Сотим Улуғзода, Ҷалол Икромӣ ва дигарон маҳз асарҳои устод Айниро хонда, биёр чизро омӯхта, ба дараҷаи устодӣ расиданду адабиёти моро боз ҳам равнақ доданд. Абдусалом Деҳотӣ бо ифтихори беандоза мегӯяд: “Асарҳои Садриддин Айнӣ сарчашмаи бепоёни  гаронбаҳо мебошанд”. Нависандаи забардаст Ҷалол Икромӣ дар ҳафтсолагӣ  аз китоби хониши “Таҳзиб-ус-сибён”-и устод Айнӣ сабақ гирифтааст ва мактаби усули нави домулло Айниро дидааст... Модом ки бузургони олам бо фахри зиёд алломаи моро ситоиш мекунанд, чаро мо сар ба тафохур набардорем?  Адиб ва рӯзноманигори чех Юлиус Фучик китобҳои устодро дастури ҳаррӯзаи таълимӣ медонад, ки баҳои баландест: “Айнӣ натанҳо нависандаи шумо, балки нависандаи мо ҳам мебошад. Китобҳои вай барои мо натанҳо намунаи санъати зебо, балки дастурамали ҳаррӯзаи таълимӣ мебошанд”. Нависандаи фаронсавӣ, барандаи Ҷоизаи Нобел Андре Жид аз таъсирбахшии ҷумлаҳои “Ёддоштҳо” ба ваҷд омада, бо муҳаббату самимият менависад: “Ёддоштҳо” аз ҷиҳати равшании баён ва образҳои аҷибаш ба қиссаю афсонаҳои Шарқ монанд аст, ки ҳар як ҷумлааш таъсирбахш буда, дар лавҳи хотири кас нақш мебандад”...Шогирдони азиз, ин ҷумлаҳоро нависед ва аз ифтихор сар фарозед!

Суханони самимонаи омӯз-гори содиқ ҳеҷ адо намешуданд:

-Баъзе тоҷикони фирефта ба Туркия рафта таҳсил карданду аз миллати хеш рӯ тофтанд. Ин хоинон барои мансаб шуда ба халқ ба модари худ хиёнати басо нангин карданд. Устод Айнӣ бо донишу фаҳмишу ақлу заковати хеш метавонист садри аъзами ҷумҳуриҳои дигар шавад, вале ӯ ифтихори миллӣ дошт, фарзанди содиқи халқи заҳматкашу тамаддунофари тоҷик буд. Дар роҳи хештаншиносии халқи худ ҷонбозиҳо карду борҳо бо марг рӯ ба рӯ шуд. Ба даҳони душманони миллати қадимтарини Шарқ бо асарҳои безаволаш муҳри хомӯшӣ зад. Барои мардумаш машъали рахшони абадӣ гардид:

Худи устод машъал шуд, алав

шуд,

Чароғи мардуми дунёи нав шуд.

(Мирзо Турсунзода)

Дӯстони азиз, месазад, ки ҳар рӯзу ҳар соат аз Қаҳрамони Тоҷикистон, фарзанди фар-ҳехтаи мардуми тоҷик Сайид Садриддинхоҷа Айнӣ бифахрем, зеро:

Сарзамини мо худ аз осори ӯ

сар мешавад,

Ин замин бо ӯ ба дунёе баробар

мешавад!

 

Ҳакималӣ Назаралиев,

омӯзгори мактаби № 17,

шаҳри Ҳисор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш