Нашрияи Омӯзгор

Дастури арзанда

Сана: 2020-04-16        Дида шуд: 807        Шарҳ: 0

 

Чанде пеш китоби «Физика» (барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ), ки бо қалами олимони варзидаи соҳаи физика Тошбой Бобоев, Фарҳод Раҳимӣ, Тоҳир Хоҷазода, Давлат Солиҳов ва Фарҳод Истамов таҳия шудааст, дастраси омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таълимӣ гардид.

Мундариҷаи китоб ба барномаи фанни физика барои синфҳои 7-11 мувофиқат мекунад.

Мазмун ва мундариҷаи китобро ба се қисм ҷудо кардан бамаврид аст:

1. Маълумоти мухтасар оид ба бобҳои физикаи мактабӣ бо пай дар пайӣ муайян, шарҳи мафҳумҳо, қонунҳо ва воҳидҳои физикӣ.

2. Ба хонандагон пеш-ниҳод намудани намунаи ҳалли мисолу супоришҳои тестӣ ба бобҳо ва қисматҳои алоҳидаи онҳо, барои корҳои мустақилона.

3. Пешниҳод намудани мисолу супоришҳои тестӣ ба мавзӯъҳои бобҳо ва қисматҳои он.

Дар китоб муаллифон аз ҳамаи бобҳои физика ҳалли пурраи 156 супориши тестиро ба истифодабарандагон нишон дода, 667 номгӯй супориши тестиро барои кори мустақилонаи хонандагон пешниҳод намудаанд. Супоришҳои тестӣ ду намуд: тестҳои кушода ва мувофиқовариро дарбар мегиранд. Супоришҳои тестиро аз рӯи дараҷаи ҳаллашон ба сода, миёна ва мураккаб ҷудо кардан мумкин аст. Агар супоришҳои тестии сода ва миёна дар ҷараёни дарсҳо ҳал карда шаванд, супоришҳои дараҷаи ҳаллашон мураккабро дар маҳфилҳои берун аз синфӣ, кор бо хонандагони лаёқатманд ҳал карда, бо ҳамин роҳ онҳоро ба олимпиадаҳои шаҳрию ҷумҳуриявӣ омода намудан мумкин аст.

Дар дастури методӣ хатоҳои забонӣ, ба таври гуногун навиштани баъзе калимаҳои якхела, бо қиммати аниқ хосил нашудани баъзе ҷавобҳои супоришҳои тестӣ низ ба чашм мерасанд, ки  дар нашрҳои минбаъда ислоҳ хоҳанд шуд.

Барои ба чоп омода карда, дастраси хонандагону омӯзгорон гардонидани китобҳои таърихии ба илмҳои риёзӣ, табиатшиносӣ, астрономия бахшидашуда бояд донишмандони ин илмҳо саҳм гузоранд. Ба ин кор олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва олимони мактабҳои олиро, ки дар мавзӯъҳои таърихи илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ асарҳои илмӣ эҷод намудаанд, ҷалб намудан мувофиқи мақсад мебуд.

Китоби зикргардида барои омӯзгорони физикаи ҷумҳурӣ маводи иловагии арзишнок ба шумор рафта, омӯзгоронро водор месозад, ки бо истифода аз маводҳои дар китоб гирдовардашуда татбиқи муносибати босалоҳият дар таълими физика, малакаю маҳорати масъалаҳалкуниро дар хонандагон дараҷа ба дараҷа зиёд намоянд.

 

Т. ҶУМЪАЕВ,

омӯзгори физика, собиқадори маориф


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш