Нашрияи Омӯзгор

Маърифати хонандагонро баланд бардорем

Сана: 2020-04-16        Дида шуд: 779        Шарҳ: 0

 

Васоити технологияи иттилоотӣ дар баланд бардоштани сатҳи маърифату ҷаҳонбинии насли наврас нақши муҳим доранд. Мо, омӯзгорон, бояд роҳҳои босамари истифода аз технологияи иттилоотиро ба наврасону ҷавонон омӯзонем. Омӯзгори технологияи иттилоотиро мебояд бо дарки баланди масъулият мафҳуму моҳияти ин фан ва муҳим будани истифодаи дурусти васоити технологияи иттилоотиро ба шогирдон фаҳмонад.

Дар муассисаи таълимии №13-и шаҳри Ваҳдат бо мақсади мустаҳкам намудани донишҳои технологии хонандагон таълими ин фан зери назорат қарор дода шудааст. Вобаста ба ин чорабиниҳои гуногун гузаронида мешавад. Натиҷаи ҳамин кӯшишу талошҳост, ки хонандагони муассиса аз фанни технологияи информатсионӣ дар озмуну олимпиадаҳо ширкат карда, ҳамасола ҷойҳои намоёнро ба даст меоранд. Имсол низ 15 хонандаи фаъол дар олимпиадаҳои фаннӣ иштирок намуданд ва дар даври минтақавӣ яке аз хонандагони мактаб Ҳайдаршо Салимов соҳиби ҷойи аввал гардид.

Фурқат ЯТИМОВ,

омӯзгори технологияи

иттилоотии мактаби №13-и

шаҳри Ваҳдат


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш