Нашрияи Омӯзгор

Хатлон: синфхонаҳо намерасанд

Сана: 2020-04-16        Дида шуд: 786        Шарҳ: 0

 

Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилояти Хатлон мушкилоти дар се баст ба таҳсил фаро гирифтани толибилмон нигаронкунанда аст. Соли 2019 аз сабаби нарасидани синфхонаҳо дар 25 муассисаи таълимии ҳудуди вилоят хонандагон дар се баст таҳсил мекарданд. Дар семоҳаи аввали соли 2020 муассисаи таълимии №12-и ноҳияи Панҷ аз ҳолати себаста бароварда шуд. Дар ин даргоҳи илму маърифат 4 синфхонаи иловагӣ барои 96 хонанда ба истифода дода шуд. Айни замон дар 9 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон 24 муассисаи таълимӣ аз сабаби нарасидани ҷойи нишаст фаъолияти худро дар се баст ба роҳ мондаанд. Аз ҷумла, дар шаҳри Кӯлоб 5 муассисаи таълимӣ, ноҳияҳои Вахш 2, Восеъ 1, Кӯшониён 1, Абдураҳмони Ҷомӣ 5, Ҷайҳун 4, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ 1, Фархор 4 ва Данғара 1 муассисаи таълимӣ хонандагонро дар се баст ба таҳсил фаро гирифтаанд.

С.АЗИЗӢ, вилояти Хатлон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш