Нашрияи Омӯзгор

Интернет ба наврасон зарар дорад?

Сана: 2020-04-16        Дида шуд: 793        Шарҳ: 0

 

Солҳост, ки дар баробари калонсолон наврасони Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар қатори аҳолии дигар давлатҳои узви ягонаи ҷомеаи ҷаҳонӣ дастрасӣ ба интернетро доранд. Интернет чун воситаи нисбатан ҷадиди коркарди иттилоот аз лиҳози фарогирии ахбору маълумоти гуногунғоя ба худ ҳамто надорад.

Хуб аст, ки бачаҳои замони мо бештар рӯ ба воситаҳои навтарини иттилоърасон меоранду кӯшиши гирифтани донишҳоро маҳз аз интернет пайдо мекунанд. Оё насли наврас аз шабакаи ҷаҳонӣ ҳамеша нафъ мебардоранд ё зиён? Дар иртиботи ҳамин суолҳо таҳлилҳои банда аз таҷрибаи омӯзгориам чунин аст, ки омили асосии ҷалбкунандаи аксари афроди наврас ба фазои интернетӣ – ин машғул шудани эшон ба бозиҳои компютерӣ ва ба гунаи хоси худ ҳаловат бурдан аз онҳо мебошад. Вале дар асл ин намуди ҷадиди бозиҳо чӣ дар рушди ҷисмонӣ ва чӣ зеҳнии толибилмон заррае суд надошта, баръакс, соатҳои тӯлонӣ машғули бозиҳои компютерӣ шудани бачаҳо, аз як тараф, аз сӯи дигар сабаби қафомонии раванди камолоти умумии наврасон мегардад. Ҳамзамон, бо ин бозиҳои электронӣ бинобар асосан саҳнаҳои ҳарбу зарб ва қатлу кушторро фарогир буданашон аз эҳтимол дур нест, ки ба ҷараёни тарбияи ахлоқӣ-ҳуқуқии насли наврас низ халали ҷиддиву ислоҳнопазир ворид созанд.

Аз ин ҳама бармеояд, ки мутаассифона, теъдоди хеле ками мактабиён пайи дарёфти иттилоот, ки он ҳам бошад, вобаста аз хусусиятҳои зоҳиршавии шавқу ҳавас дар ин давраи синнусол на ҳамеша солиму муфид аст, вориди интернет мегарданд. Ҳол он ки шабакаи мазкур низ чун маҳсули дунёи воқеӣ, дунёест дуқутба, яъне дар радифи бисёр ҷиҳатҳои мусбатро дар бар доштанаш, инчунин, дар он инъикоси тарафҳои манфии ҳаёти иҷтимоӣ кам нестанд. Аз ин рӯ, бо дарназардошти он, ки табиатан ҳар чизи хубро боз ҷиҳатҳои бадаш дар бар аст, субъектҳои тарбияро мебояд, ки дар баробари донистани аҳамияти интернет дар таъмини тарбияи ҳуқуқии насли наврас, инчунин, аз ноҷӯриҳояш дар ин самт воқиф бошанду насли наврасро дар ин рӯҳия тарбият намоянд.

Бинобар ин, басо олӣ мебуд, агар Интернетпровайдерҳои Тоҷикистон дар пайравӣ аз ширкатҳои ҳамтои худ пешниҳоди хизматрасониро дар шакли «Интернети бачагона», ки ҳама иттилооташ пешакӣ санҷидашудаву лоиқи истифодаи кӯдакон аст, дар қаламрави ҷумҳурии мо ба роҳ монанд. Аммо то замони пайдоиши чунин шакли хизматрасониҳо тарбиятгарони насли наврас, шуруъ аз волидон ва омӯзгорон, то тамоми ҷомеаро  зарур аст, ки худро дар ин ҷода нотавон ҳис накарда, ба фарзандон тарзи дурусти истифодаву безарар бардошт карданро аз захираҳои шабакаи ҷаҳонӣ омӯзонанд. Ҳамзамон, волидонро зарур аст, аз он маводе, ки фарзандон ба воситаи интернет ба даст меоранд, ҳамвора воқиф бошанд. Агар маводи бадастовардаи фарзанд бар зарари худи ӯ бошад, яъне боис ба халалдорсозии раванди иҷтимоишавиаш гардад, пас бо сухани солеҳ эшонро аз ин варта халос намудан лозим аст.

 

Гулзира Лутфуллоева,

омӯзгор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бузургон ҳеҷ гоҳ носипос набудаанд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш