Нашрияи Омӯзгор

Ватандорӣ масъулиятмандист

Сана: 2020-04-16        Дида шуд: 824        Шарҳ: 0

 

Тарғиботи пурғарази гурӯҳҳои ифротгаро аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ба рагу пайванди баъзе ҷавонони Ватани мо таъсири манфӣ гузоштааст. Бояд гуфт, ки дар зеҳни ин ҷавонони ноогоҳ зуд маъвизаҳои воизони сияҳдилу сияҳмаром низ ҷой шуда, афкори онҳоро олуда менамоянд, то ҳадде ки дар ниҳоят ба созмонҳои экстремистӣ ва ифротӣ мепайванданд.

Мо борҳо аз тариқи телевизион ва шабакаҳои интернетӣ хабардор гардидаем, ки чи қадар ҷавонони фиребхӯрдаи мо қурбони ҷаҳолати ифротгароӣ ва террористӣ мешаванд. Аз ҳама даҳшатовараш он аст, ки фарзандони фандхӯрдаи мо ба Сурия рафта, ба “Давлати исломӣ” мепайванданду мардуми бегуноҳро ранҷу азоб дода, онҳоро аз Ватан дур ва фирорӣ менамоянду аз миён мебаранд. Дар яке аз рӯзномаҳо хондаам, ки 19 нафар аъзои як оила ба Сурия рафтаанд ва хушбахтона, 9 нафарашон боздошт ва ба Ватан баргардонида шуданд. Дар байни онҳо модаре буд, ки 71 сол дошту фирефтаи ҳидояти писари 47-солааш гаштааст.

Экстремизми динӣ бадтарин равандест, ки мардумро, ба вижа, ҷавононро ҳамеша ба сӯи худ кашида, бо истифодаи яроқ ва террор амалҳои сиёҳи худро анҷом медиҳанд. Ин гурӯҳҳо аз тарафи баъзе давлатҳо ҷонибдорӣ шуда, ҳамзамон кумаки молӣ мегиранд. Сарвари кишвари мо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон гуфтаанд:

“Бубинед, экстремизми динӣ дар симои “Толибон” ба чӣ ҷаҳолатҳо даст мезанад. Дар амалиёти онҳо экстремизм, шовинизм, иртиҷоъ ва таассуб ба ҳам омезиш ёфта, дар натиҷа баъзе халқҳо, аз ҷумла тоҷикон қатли ом мегарданд, осори таърихӣ ва ёдгориҳои фарҳангии ин сарзамин ваҳшиёна аз байн бурда мешавад”. Яъне ҳар ҷойе, ки пой ифротгару террорист мерасад, он ҷо харобу валангор мегардад. Инҳоро “Толибон” нею “Золимон” бояд номгузорӣ кард, зеро онҳо дар ниқоби мусалмонӣ ва зери мафҳуми “ҷиҳод” даст ба амалҳое мезананд, ки як хурофотпарастии ваҳшиёна ҳасту халос! Ба ёд мерасад, ки Фархунда, духтараки ҷавони афғон, аз ҷониби ҳамин гуна исломгароёни ифротгаро ваҳшиёна кушта шуд. Марбут ба ин бедодиҳои “мусулмон”-ҳои одамрабою одамкуш Ҳаким Саноӣ фармудааст:

Мусалмонӣ кунун исмест бар

урфеву одоте,

Дареғо, ку мусалмонӣ, дареғо, ку

мусалмонӣ?!

 Мо, ҳамчун омӯзгори мактаб, бояд ҳар чӣ муассиртар шогирдонамонро дар рӯҳияи ватандорӣ, хештаншиносӣ ва ба омӯхтани илму ҳунар ҳидоят намоем. Чи тавре ки бузургон фармудаанд: “Дусоата омӯзиши илм аз ҳафтодсола ибодат болотар аст”. Омӯзгор як лаҳза ҳам бояд рисолати аслии худро аз ёд набурда, ҳамеша тарбиятгари насли ояндасозу ватансоз будани худро фаромӯш накунад, вагарна шогирдонаш дунболи падидаҳои номатлуб хоҳанд рафт. Дар тарбияи шогирдон мо, омӯзгорон, бештар ба волидайн такя мекунем, ки дар тарбияи фарзандон саҳлангорӣ накунанд.

Фармудаест, ки: “Фарзанд азиз,  одобаш аз вай азизтар”. Аз ин рӯ, бояд волидайн ҳамеша чашм ба гуфтору кирдору рафтори онҳо дошта бошанд, таваҷҷуҳ зоҳир кунанд, то фарзандонашон майл ба фарҳанги бегона надошта бошанд. Агар фарзандон аз донишу хиради ватандорӣ дур монанд, ҳатман ба доми ифротгароён меафтанд. Дар ин бора барои насли наврас ҳидоятҳои пурарзиши Пешвои миллатро бояд пайваста таъкид намуд:

“Ҷавонон бояд хуб дарк намоянд, ки тақдири ояндаи халқу давлат ба дӯши онҳо гузошта шудааст. Ҳифзу обод кардан ва ба наслҳои оянда мерос гузоштани Ватани ободу рушдёбанда масъулияти бузург дорад ва ҳар як фарди ҷавонро вазифадор менамояд, ки ҳамеша ба хотири таҳкими ваҳдати миллӣ, истиқлолияти давлатӣ, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстӣ кӯшишу талош намояд”.

 

Нигина АБДУРАҲИМОВА,

омӯзгори мактаби №95-и

ноҳияи Сино


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш