Устод Садриддин Айнӣ бо китоби «Таҳзиб-ус-сибён»-и худ аввалин дастури усули нави таълимро бо забони тоҷикӣ ба ёдгор гузоштааст.
Ин китоб натанҳо барои усули нави таълим китоби дарсӣ буд, инчунин, барои ташаккули зеҳният, омӯзиши забон, шинохти қадри мактабу омӯзгор, аҳамияти илму дониш, эҳтироми падару модар, васфи дӯстӣ, некию некукорӣ ва дигар хислатҳои ҳамидаи инсонӣ дар рӯҳу равони кӯдакон таъсиру мақоми шоиста дошт. Дар қисмати дуюми ин китоб (қиссаи «Хонадони хушбахт») устод Айнӣ аз номи модар дар мактуб ба фарзанд менигоранд: «Нури дидаи ман! Аз ту танҳо хоҳиш дорам, ки ин аст: дар роҳи хондан саъй кун, ғайрат кун! Одам шав! Баъд аз он ба қадре, ки метавонӣ, дар Ватан ва аҳли Ватани худ ва ҳам миллати худ хидмат намоӣ! Ба ман ҳамин шараф бас аст, ки дар дунё як ходими донишманд ба миллат ёдгор гузарам». Тамоми осори насрию назмии устод бо ғояи баланди маърифатпарварӣ иншо шудааст. Дар ашъори ин алломаи беназир васфи мактаб ҷойгоҳи хоса дорад.
Устоди нозукбину гавҳаршинос бо вожаву таъбирҳои халқӣ моҳияти масъаларо ошкору бадард баён сохта, харобии ахлоқ, ташнагӣ дар водии ғафлат, хорию залилӣ, илмгурезӣ, беҳунарӣ ва дар зери абри ҷаҳолат буданро маҳкум сохтааст.
Дар маснавии «Эй монда қадам ба роҳи мактаб, Олист мақому чоҳи мактаб» низ мазмун, мундариҷа ва моҳияти мактаб возеҳ баён шудааст:
Мактаб сабаби ҳаёт бошад,
Мактаб сабаби наҷот бошад.
Мактаб ба ту ақлу ҳуш бахшад,
Мактаб ба ту шаҳду нӯш бахшад.
Мактаб ба ту дод илму одоб,
Мактаб ба ту дод дурри ноёб.
Дар боби мактабу маориф ва саҳми он дар рушди ҳамаи рукнҳои ҳаёти инсонӣ фармудаву таъкидҳои устоди муаззам Садриддин Айнӣ фаровон аст, лек рубоии зер хулосаи мантиқӣ ва соддаву дақиқест, ки арзишу таъсири беназири мактабро шарҳ медиҳад:
Мактаб ба ту ёд медиҳад илму адаб,
Мактаб зи ту мебарад ғаму ранҷу тааб.
Як нуктаи мухтасар зи мактаб гӯям;
Одам нашавад касе, магар аз мактаб.
Аминҷон ЗАРИФӢ,
сардори шуъбаи таълими
коллеҷи политехникии
ноҳияи Зафаробод
Иловакунӣ
Иловакунии фикр