Нашрияи Омӯзгор

Муаммоҳои баланд бардоштани сифати таълим

Сана: 2020-04-16        Дида шуд: 804        Шарҳ: 0

 

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар ҳамбастагӣ бо раёсати маорифи вилояти Суғд мизи мудаввар дар мавзӯи “Муаммоҳои баланд бардоштани сифати таълим дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар”  мизи мудаввар баргузор гардид.

Дар оғоз ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷӯразода гуфт, ки раёсати донишгоҳ дар такмилу таҷдиди нақшаву барномаҳои таълимӣ, стандартҳои давлатии таълимӣ, таҳияи маводи мухталифи омӯзишӣ, роҳандозӣ намудани усулҳои наву замонавӣ, идоракунии сифати таҳсилот ва таъмини базаи моддиву техникӣ корҳои зиёдро ба анҷом расондааст.

Ҳамин аст, ки соли таҳсили 2019-2020 беш аз 1000 барномаи таълимӣ таҳия гардида, дар ҷаласаҳои кафедраҳо ва шӯроҳои таълимӣ-методӣ баррасӣ ва тасдиқ гардид.

Каримзода Осим Қосимӣ - сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд зикр кард, ки таъмини сатҳу сифати таълим ва густариши раванди таҳсилот яке аз механизмҳои танзими иҷтимоии соҳаи маориф ба ҳисоб рафта, фаъолияти назарраси онро муайян менамояд.

Дар идома дар мавзӯъҳои “Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – дастури раҳнамо дар соҳаи маориф”, “Асосҳои психологию педагогии баланд бардоштани сифати таълим дар раванди педагогии мактаби олӣ”, “Таъмини сифати таълим - вазифаи меҳварии раванди таълим дар макотиби олии касбӣ”, “Роҳ ва усулҳои назорати сифати таълим дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ”, “Раванди татбиқи муносибати таълими босалоҳият дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ” маърӯзаҳо пешниҳод карда шуд.

 

Алишер Раҳмонӣ,

рӯзноманигор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бузургон ҳеҷ гоҳ носипос набудаанд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш