Нашрияи Омӯзгор

Таваҷҷуҳи бештар ба илмҳои бунёдӣ

Сана: 2020-04-16        Дида шуд: 837        Шарҳ: 0

 

4-уми апрели соли равон дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар заминаи мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони соҳаҳои илму маориф ва зиёиёни кишвар ҷамъомад баргузор гардид.

Дар он вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Муҳаммадюсуф Имомзода, ректори донишгоҳ, профессор Сайфиддин Давлатзода, директори Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Ёрмуҳаммадзода, сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Диловар Исозода, раиси шаҳри Бохтари вилояти Хатлон Сиҷоуддин Саломзода, муовинони ректор ва сардорони раёсатҳои донишгоҳ иштирок намуданд.

Ректори донишгоҳ С. Давлатзода иброз дошт, ки рушду пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқ аз фаъолияти пурвусъати олимону донишмандон, зиёиён ва татбиқи дастовардҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар истеҳсолот вобаста аст. Ҳайати профессорону муҳаққиқон ва кормандони донишгоҳ кӯшиш доранд, ки дар ин самт корҳоро вусъат бахшанд.

Вазири маориф ва илми кишвар Муҳаммадюсуф Имомзода гуфт, ки имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кормандони соҳаҳои илму маориф ва аҳли эҷоди мамлакат шароити мусоид фароҳам овардааст. Аз ин рӯ, ҳайати устодони донишгоҳро зарур аст, ки бештар ба омӯзиш ва таҳқиқи афкори фалсафию иҷтимоӣ, сиёсӣ, ахлоқиву маънавӣ, истифодаи дурусти технологияи муосир дар соҳаҳои иқтисоди миллӣ, баланд бардоштани тафаккури техникии аҳолӣ, муҳайё намудани шароит барои пешрафти илмҳои бунёдӣ ва техникиву технологӣ, баланд бардоштани сифати таълим, таҷдиди стандартҳои давлатӣ, нақшаву барномаҳои таълимӣ, тақвияти корҳои илмӣ дар кафедраҳо, институтҳои илмию таҳқиқотӣ, таҳкими  ихтироъкориву навоварӣ ва татбиқи онҳо дар истеҳсолот, ҳамкории олимон бо соҳибкорон, ташкили гурӯҳҳои таҳсилашон бо забони русӣ-англисӣ, бахусус, равияҳои омӯзгорӣ, фанҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва дақиқ, таҳқиқи мавзеъҳои сайёҳиву таърихӣ, ташкили экспедитсияҳои омӯзишӣ ба ин мавзеъҳо, ҷалби сармояи хориҷӣ-таълифи лоиҳаҳои грантӣ, тақвияти неруи равобити хориҷӣ, ташкили пойгоҳҳои таҷрибаомӯзӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, барои татбиқи онҳо чораҳои мушаххас андешанд. 

Раиси шаҳри Бохтар Сиҷоуддин Саломзода қайд намуд, ки воқеан, имрӯз барои ҳайати профессорону устодон ва донишҷӯёни ДДБ ба номи Носири Хусрав ҷиҳати илмомӯзӣ ва фаъолияти пурбор тамоми шароити мусоиди фароҳам оварда шудааст. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар аз ҳамкориҳои самарабахш бо донишгоҳ қаноатманд буда, минбаъд низ робитаҳоро дар ин самт тақвият мебахшад. 

Сипас, устодону донишҷӯёни донишгоҳ оид ба таъсиси ихтисосҳои муҳим барои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ пешниҳодҳои судманд намуданд.

Сангинмурод Шарифов,

сардори бахши Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ ба номи Носири Хусрав


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш