Нашрияи Омӯзгор

Бунёди синфхонаҳои иловагӣ

Сана: 2020-04-16        Дида шуд: 785        Шарҳ: 0

 

Тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Зарқалъаи ҷамоати деҳоти Даҳана бинои дуқабатаи мактаби нав иборат аз 8 синфхона, як утоқи корӣ барои омӯзгорон дар назди муассисаи таълимии №20 сохта мешавад. Синфхонаҳо барои 240 ҷойи нишаст дар як баст пешбинӣ шуда, бо арзиши 2 миллиону 400 ҳазор сомонӣ бо мадади Бунёди маблағгузории иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, (пудратчӣ ҶДММ «Яхсучиён») дар асоси татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди вазъи иқтисодию иҷтимоии ноҳияҳои кӯҳистони вилояти Хатлон дар муҳлати на камтар аз як сол бо сифати баланд бунёд мегардад. Директори мактаб Б.Собиров дар суҳбат гуфт, ки айни замон ҷараёни таълиму тарбия дар се баст қарор дошта, хонандагон дар шароити ногувор фаъолият доранд. Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани синфхонаҳои иловагӣ боиси шароити хуби таълиму тарбия гардида, минбаъд омӯзгорону хонандагон дар ду баст фаъолият мекунанд.Мавсуф ҳамзамон афзуд, ки сохтмони синфхонаҳои иловагӣ мушкилоти мактабро осон намояд ҳам, проблемаи дар се баст қарор доштани раванди таълиму тарбияро дар мактаб ҳал карда наметавонад. Аз ин рӯ, барои хонандагони синфҳои ибтидоӣ дар деҳаи Нуристон 4 синфхонаи иловагӣ ва як утоқи корӣ барои омӯзгорон аз тарафи ташкилоти хайриявии «Тавҳид» сохта шуда истодааст, ки сохтмонаш дар рӯзҳои наздик ба анҷом мерасад.

Шариф Абдулҳамид,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш